Бахшҳо

Ҳабси Рухшона ва ошиқаш барои қатли Тахминаи ҳомила дар Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе Рухшона Азимова, сокини 25-солаи пойтахт ва дӯстписараш- Авзалшоҳ Юсупови 23-соларо дар куштори дугонааш Тахмина Содиқова гунаҳкор дониста, аввалиро ба муҳлати 25 сол ва ошиқашро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилоияи расмии додгоҳ, қатли Тахмина, сокини 23-солаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби сокинони қаблан судшудаи пойтахт 3-юми октябри соли 2015 сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ Тахминаю Рухшона моҳи июли соли гузашта шинос шуда, дӯстӣ пайдо мекунанд ва ба хонаи ҳамдигар рафтуомад доштаанд: “Дар яке аз меҳмониҳо Рухшона ангуштарини тиллоии модари дугонаашро дуздида, дар бозори “Корвон” ба ивази 300 сомонӣ мефурӯшад. Аммо баъди огоҳӣ ва таҳдиди Тахмина, ки ба мақомот муроҷиат мекунад, Рухшона ваъда медиҳад, ки маблағи ангуштариро то 3 октябр бармегардонад, аммо дар асл бо дӯстписараш нақшаи қатли Тахминаро мекашанд”.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи маслиҳат Тахмина 3 октябри соли 2015 барои маблағи ангуштарӣ меояд, вале дугонааш гуфтааст, ки пул надорад ва миёнашон боз муноқиша бархестааст: “Модари Рухшона, ки дар наздашон ҳузур доштааст, бар ивази ангуштарии дуздидаи духтараш, ангуштарии худро ба Тахмина медиҳад, бо гумони он, ки қазия ҳал шуд аз хона меравад. Аммо Рухшона аз ин ғазаболуд шуда, баъди рафтани модараш Тахминаро ба ҳуҷраи худ даъват намуда, ҳамроҳи дӯстписараш ӯро латукӯб мекунанд. Рухшона Тахминаро ба дохили ҳаммом тела медиҳад ва бо корд ба гарданаш зарба мезанад”.

Манбаъ мегӯяд, Тахмина Содиқова аз ин кирдорҳои ғайричашмдошти Рухшона ва Авзалшоҳ сахт тарсида, изҳор намудааст, ки ангуштаринро гиранд, фақат ӯро раҳо кунанд: “Тахмина гуфтааст, ки ӯ ҳомиладор аст ва пешниҳод намудааст, ки оид ба надоштани даъво забонхат менависад. Рухшона баъди гирифтани забонхати Тахмина ба маъшуқаш фармудааст, ки бо корд Содиқоваро боз занад. Юсупов то аз ҳаракат мондани Тахмина бо корд ба баданаш мезанад”.

Бар асоси иттилои додгоҳ, Рухшона Азимова ҳамроҳи маъшуқаш ҷасадро ба Маркази тиббии шаҳрӣ, воқеъ дар маҳаллаи якум Советский бурда, ба табибон ному насабашонро дурӯғ гуфта, изҳор намудаанд, ки ҷасадро аз кӯча ёфтаанд ва аз беморхона фирор кардаанд: “Табибон Тахминаро ҳанӯз зинда дарёфтаанд, аммо ӯ пайи захмҳои гирифтааш ва хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст”.

Додрас барои маҷмӯи ҷиноятҳо Рухшона Азимоваро ба 25 сол ва Авзалшоҳ Юсуповро ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Мӯҳр
як умр бояд суд мекарданд.

Чи кадар мардум махсусан чавонон беинсофу золим шудаанд. Барои 300 сомони шуда наход чунин чиноят содир куни.

Тахмина
Боже как мир жесток.....

Тахмина не, Тах,мина!!!! Тах,мина!!!! Тах,мина, ки зани Рустам ва модари Сух,роб аст!

1
Ачаб берахмие наход инхо фарзанди одам бошанд.

БасвиА
А Рустам!!""о фаркаш чи Тах мина е Пад мина е Над мина..ту диди то чи андоза инсон берахм мешудаст..Ту боши мантик кофта гашти..е товба

Чи кадар волидайн бояд савод дошта бошанд, огоху хушёр бошанд, ки фарзандони худро тарбияи инсони ва ахлоки бахшанд. Суол пеш меояд, ки чаро Рухшона ва дустписараш то ин андоза берахму золиманд ва ба хотири чанд сум хаёти уро бешафкатона гусастанд? Ин вокеъан як филми дедектиро пеши назар меорад, ки аз диданаш чанд муддате дар дили кас тарсу вахм чой мегирад. Хазор афсус, ки ин ходисаи вокеи аст ва дар кишваре, ки мехрубониву инсоф бояд дар мадди аввал бошад рух медихад.
Интизории мо аз падару модарон он аст, ки ба тарбияи фарзандон таваччухи хосса зохир намоянд. Аз даст додани мавриди тарбия ва таълими дуруст, окибат чунин ходисахои мудхишу фочиабор аст…

Чи кадар гамангезу фочиангез аст ин казияи пеш омада. Бархе аз афроди курдилу носипос на кадри худ бидонанду на хаёти дигарон барои онхо кадр дорад. Ноодами, носипоси, дур аз инсоният ва бастагихо ба молу дунёи гузаро ин, гунахоро ба коми гафлат андохтааст. Дар натича хаёти як чавонзан аз байн рафт ва умри худро зери панчараи оханин солхо хоханд гузаронид. Магар ин аст арзиши зиндаги ва хадаф аз зистан?!
Чи кадар волидайн бояд савод дошта бошанд, огоху хушёр бошанд, ки фарзандони худро тарбияи инсони ва ахлоки бахшанд. Суол пеш меояд, ки чаро Рухшона ва дустписараш то ин андоза берахму золиманд ва ба хотири чанд сум хаёти уро бешафкатона гусастанд? Ин вокеъан як филми дедектиро пеши назар меорад, ки аз диданаш чанд муддате дар дили кас тарсу вахм чой мегирад. Хазор афсус, ки ин ходисаи вокеи аст ва дар кишваре, ки мехрубониву инсоф бояд дар мадди аввал бошад рух медихад.
Интизории мо аз падару модарон он аст, ки ба тарбияи фарзандон таваччухи хосса зохир намоянд. Аз даст додани мавриди тарбия ва таълими дуруст, окибат чунин ходисахои мудхишу фочиабор аст…

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)