Муфтӣ гуфт, бархе хилофи тақвими Шӯрои уламо рӯза мекушоянд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз рӯзадорон даъват кард, ки рӯзаашонро дар асоси тақвими таҳиякардаи Шурои уламо кушоянд.
Абдулқодирзода, ин нуктаро 3-юми июн зимни мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки бархе хилофи тақвими Шӯрои уламо, рӯзаро 5 дақиқа пеш мекушоянд ва рӯзаи 17 соатаашонро барҳадар медиҳанд.
Муфтӣ гуфт, Рамазон имсол дар рӯзҳои дарозтарини фасли сол омад ва гармои ҳаво низ ниҳоят баланд аст: “Бинобар ҳамин кушиш кунед рӯзаро бенуқс бигиред. Рӯзаро на танҳо ба хотири нахӯрдану нанӯшидан, балки ба хотири зиёд кардани хайру саховат, муҳаббат ба ҳамдигар ва дурӣ ҷустан аз амалҳои бад мегиранд”.
Абдулқодирзода таъкид намуд, ки тақвими моҳи шарифи Рамазон аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дақиқ санҷида ва таҳия шудааст. Тақвими моҳи шарифи Рамазон ба вақти шаҳри Душанбе таҳия шуда, бо вақтҳои шаҳру ноҳияҳо фарқ дорад. Вақт дар Истаравшан – 5 дақиқа, Кўлоб – 5 дақиқа, Хуҷанд – 7 дақиқа, Рашт – 7 дақиқа, Конибодом – 9 дақиқа, Исфара – 9 дақиқа, Ашт – 9 дақиқа, Хоруғ – 12 дақиқа, Мурғоб – 20 дақиқа аз Душанбе пеш аст. Вақти рӯза дар Қӯрғонтеппа – 4 дақиқа, Панҷакент – 5 дақиқа, Шаҳритус – 5 дақиқа, Айнӣ – 5 дақиқа баъд аз вақти Душанбе аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |