Бахшҳо

Ҳушдор аз таниши бештари тоҷикону чеченҳо ва пешниҳоди гуфтушунид

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик ҳушдор додааст, ки нерӯе мехоҳад тоҷикону чеченҳоро дар Русия зидди ҳам шӯронад.

Дӯстов дар шарҳи хабари “Озодагон” дар бораи нашри наворҳои зидди ҳам аз ҷониби тоҷикону чеченҳо изҳор доштааст, ки бояд ҷилави ин танишро гирифт, то нохалафе натавонад аз ин вазъ сӯиистифода кунад.

Ӯ аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва фаъолони тоҷик дар ин кишвар- Абдулло Давлатов, Гавҳар Ҷӯраева, Каромат Шарипов, Хуршеда Ҳамроқулова, Иззат Амон, Каримҷон Ёров ва дигарон даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар машварат ороста, ба густурда шудани нофаҳмиҳо роҳ надиҳанд: “Роҳбарони диаспораҳо ва масъулини сафоратро зарур аст, бо намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятии Русия, бо роҳбарони чеченҳо мулоқот ороянд, то нохалафе аз вазъ сӯиистифода накунад”.

Дӯстов инчунин ҷалби рӯзноманигорони маъруфи рус- Максим Шевченко ва Владимир Соловёвро ба миёнҷигарӣ дар гуфтугузорҳо пешниҳод кардааст. Ин таҳлилгари тоҷик таъкид намудааст, ки ҷилави чунин ҷавонони тоҷикро, ки воқеан чеченҳоро таҳқир кардаанд, бояд пеш аз ҳама тоҷикҳои бохиради Русия бикашанд.

Ин ҳушдору пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки ахиран дар шабакаи Ютуб навори узрхоҳии як ҷавони хунолуди “тоҷик” аз тамоми чеченҳо нашр шуд. Ин қазия, рӯзи шанбе аз нашри як навор дар Ютуб зери унвони “тоҷикҳо беҷазо чеченҳоро таҳқир мекунанд” оғоз гардид. Дар навор ду ҷавоне, ки худро тоҷик мегӯянд, ҳангоми ғизохӯрӣ ба чеченҳо таҳдид мекунанд, ки онҳоро низ мехӯранд. Ҷавони “тоҷик” чеченҳоро дар ҳодисаи хунини қабристони Хованскоеи Маскав, ки сабаби марги се шаҳрванди Тоҷикистон шуд, гунаҳкор дониста, афзуд, ки “чеченҳо қаблан шоиста ва намуна”, аммо ҳоло “номард ва ночиз” шудаанд: “Онҳо бояд подоман пӯшанд”. Дар навори ахире, ки нашр шуд, “қаҳрамони асосӣ”-и навори қаблӣ бо сару рӯи хуншор ва зери мили туфангча аз тамоми мардуми Чеченистон узр мехоҳад ва мегӯяд манзураш “ҳамаи чеченҳо” набудаанд.

Дар Русия бархе аз таҳлилгарон аз ин қонуншиканиҳои рӯирости чеченҳо интиқод намуда, изҳор доштаанд, ки баъзе аз авбошони ин халқ дар назди қонун аз “иммунитети хосе” бархӯрдоранд. Дар пасманзари афзоиши наворҳои узрхоҳии маҷбурии афроди гуногун аз чеченҳо ва раҳбарашон Рамзан Қодиров сиёсатмадори рус Алексей Навалний суол гузоштааст, ки чаро онҳо рӯирост чунин наворҳоро нашр мекунанд? Ва худаш посух додааст, ки зеро Кремл онҳоро аз иммунитети хосу дахлнопазирӣ бархӯрдор кардааст. Навалний ҳушдор додааст, ки авбошони қонуниро дар хидмати давлат қарор додан оқибати бад дорад.
Мӯҳр
Милати мусалмони точик бояд дар мукобалаи харомхурон хамеша бояд истодагари карда тавонад чунки ин карзи имонии уст ....

МО БОЯД КАСДМОНА БГИРЕМ..ЖДИТЕ

Бародарои точик мо бояд аз инхо натарсем ва якчо бошем мо гургем аз борон наметарсем

Ин чӣ рӯзи сиёҳ аст, ки ҳар рӯз як тоҷикро дар русия мекушанд. Соли гузашта ҷавони тоҷикро миллатгароёни рус ба қатл расонданд, худи ҳамин сол як тоҷикро дар москва як марди калонсоли рус бо тапонча парронд. Куҷоянд сардамдорони тоҷик аз халқи мазлум дифоъ кунанд? То кай мо дар русия кор мекунем? Ватани мо кай обод мешавад?

То кучо мо инкадар тарсончак шудаем ки хам лат мехурему боз аввал шуда пешниходи сулх мекунем.
Магар дар Кабристон чиченхо набудан ки сари чан точикро хурдан?
Чаро он вакте ки точиконро мекушанд ин садо баланд нашуд ки имруз ин чавони бечора аз номусаш бо ин ролик эхсоси худро гуфтааст сари ин бечора зури мекунем?
Агар мо кадри худ надонем пас ки кадри мо медонад?
Солхост ки чиченхои хунхалаф точик мекушанду касе аз чиченхо узурхохи накардааст аммо ин бародар ки вокеати ходро гуфтааст дар хол маломаташ мекунед.
Метарсам ки чиченхо пешниходи шуморо барои ГУФТУШУНИД кабул накунанд ё ин ки кадом як гушчапарашонро барой ГУФТУШУНИД фиристан..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)