Бахшҳо
14 июн 2016 12:22Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Обама барои ҳамлаи хунин дар Орландо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми июн дар робита ба ҳамлаи хунин ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо ба Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи тасаллият ба Барак Обама изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид, бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам: “Мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду, на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми Амрико ва наздикону пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, барои маҷруҳшудагон шифои комил хостааст.

Ҳамла ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо нисфи шаби шанбе ба якшанбе рух дод, ки 50 куштаю 53 маҷруҳ барҷой гузоштааст. Тибқи иттилои расонаҳои Амрико Умар Матини 29-сола нисфи шаби шанбе ба якшанбе вориди клуб шуда, оташ кушодааст ва баъди ҳозир шудани пулис боз 30 нафари дигарро гаравгон гирифтааст. Дар натиҷаи амалиёти пулис Умар Матин кушта ва гаравгонҳо озод шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст. Ахиран мақомоти Амрико изҳор доштанд, ки Умар Матин қабл аз ҳамла ба пулис занг зада, изҳор доштааст, ки барои вафодорӣ ба "ДИИШ" савганд ёд кардааст.
Мӯҳр
Салому дуруд бар Миллати шарифи Точик!
Амрико дар ховари миена, Африко ва Афгонтстон зиеда Аз як милион шахрвандони осоиштаро ба катл расонид, ва касе бар Зидаш эатироз накард.
Хушбахтона имруз як чавони Афгон, як туда фасодкори лутзодаро дар фасодхонаашон бе зарар гардонд, ва тамоми дуне зидди ин кор еатироз кардаанд.

Хех..хар руз 4-5 мурда аз русстя меберан ягон бор хамдарди накард

ММММ
Агар дар чои онхо 50 мусалмон кушта мешуд оё президент хамдарди мекард?

Матин
Дунёро аз ҳамҷинсгароён тоза бояд кард, пасттарин хислати инсонҳои ҳайвонсифат!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)