Бахшҳо
16 июн 2016 15:05Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод, рӯзноманигори варзидаи тоҷик дар назди манзилаш, воқеъ дар хиёбони Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим аз Мисайзод ба унвони яке аз сарсупурдаҳои журналистикаи даврони истиқлоли Тоҷикистон ном бурда шуд.

Шарифи Мисайзод субҳи имрӯз, 16 июн дар синни 50 бар асари бемори қалб дар манзилаш даргузашт.

Зинаттулоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон марги Шарифи Мисайзодро талафоти бузурге барои ҷомеаи журналистии тоҷик унвон кард. Исмоилзода аз Мисайзод ба унвони яке аз пуркортарин журналистони риштаи радиои Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, “ӯ дар журналистикаи радиоӣ таҷрибаи гузоришгарии сайёрро хеле рушд дод”.

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигор ва дӯсту ҳамсабақи Шарифи Мисайзод гуфт, ӯ дар хатарноктарин давраи журналистикаи тоҷик – солҳои 90-уми қарни сипаришуда вориди журналистика шуд ва то охирин даврони умри худ ба касб ва рисолати журналистӣ содиқ монд.

Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад.

Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои "Садои Душанбе" буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.


Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)
Мӯҳр
хамдард
,Чояш чанат бод ...

Мухтарам кормандони Озодагон имруз 17 не 16 июн аст таърихи рузро дуруст нависед.

Дили Тоҷик
Худо раҳмат кунад ва хонаи охираташонро обод гардонад...Воқеан инсони Шариф буданд

Изхор
Бисёр инсони зариф буданд. Худо рахматаш кунад сухбатхои бисёр бо акои Шариф доштем. Зиндадилу софдил буданд.

хонанда
Худованд рахмат ва шоистаи Чаннат кунад!
Ба ахли оила,хешу табор,дустону шиносон ва хамкорони мархум хамдарди баён намуда, аз даргохи Илохи сабри чамил хохонам!

Зи пурбори агар шохи дарахте бишканад, гам нест.
Вале чун бишканад шохи чавоне, гиряму гирям !
Ачоиб инсоне буд.
Худованд дар ин мохи муборак хонаи охираташ обод бошад.
Ба наздиконаш сабри чамил аз даргохи Оллох металабам.

Худо рахмат кунад ва щоистаи чаннат гардонад! Точикистон боз як шахси фидокор, хоксор ва равшанфикру эчодкорро аз даст дод. Ба ахли байт сабр ва тасалият мегуям! Вокеан, нигорандаи хуб ва дусти хуб буданд акаи Шариф. Дилам ох мекашад.

Чояш чаннат бод! Бисёр одами хуб буданд. Одами бихиштй будааст, ки дар мохи шарифи Рамазон аз дунё гузаштанд.

САЛИМ
ХУДОИ ЧОША ЧАННАТ КУНАД.
АКАИ ШАРИФ БИСЁР ЖУРНАЛИСТИ ТАЧРИБАДОР БУД. У ДАР ТУЙ МАН БА ХАЙСИ БАРАНДА ИШТИРОК ВА ТУЙРО БО ЯК МАХОРАТИ БАЛАНДИ ЖУРНАЛИСТИ ГУЗАРОНИД.
РУХАТ ШОД БОШАД БАРОДАРИ АЗИЗ

Дилором
Шарифи Мисайзод бисёр хам шахси софдил ва мехрубон буд. Калами хуб низ дошт. Аммо мутаасифона чанд соли охир мушкилоти кору рузгор дошт. Рузхои чумъа дар эфири радиои "Садои Душанбе" навбатдор буд, аз эфир гирифта будананд, ба гуфти Хучамкулов садои хуб надошта будаст....
Собик сармухарири радиои Садои Душанбе Худоёри Вали хам уро сахт ранчонида буд, ки хамеша аз муносибати нохуби у норохат мешуд.
У даргузашту хотирахои неке аз у боки мондааст. рузе мо низ мегузарем ва оё дигарон аз мо низ хотирахои некеро дар ёд меоварда бошан? Ин суолест, ки бояд хамаи мо ба худ дихем. Холо хам барвакт аст аз кардахои худ худ товба кунему некихоро ба мардум равона намоем.
Рухат шод бошад Шарифи Мисайзод!!!!!!!!!!!!!!!

Мухлис
вакте радиои Садои Душанбе ба фаолият шуруъ кард садои ин марди накуном дар дилхо чо гирифт вокеан ному хотираи ин марди шариф дар синахои хар точику точикистони боки хохад монд.

Дили Бузурги бародари Азизи ахли оилаи Мо аз тапиш монд. Хазорон афсусхо........ Хайёл мекунам як зиёии дар асл зиёи ба мисли Шарифхони Мисайзодро чумхури аз даст дод. Барои миллат, давлат ва Хукумат карзи фарзандии худро бо сари баланд ичро кард. Метавонад мойяи ифтигору пайравии хазорн Шарифони дигар бошад........Дар катори бузургони миллат дар мохи таваллуд Шарифи халк гардид......

Farukh
Худованди меҳрубон, Руҳи ин бародарро шод гардонад, хонаи охираташро обод.
Он замзамаи
"Очаҷон ҷон Очаҷон, ман ба ту пазмон Очаҷон.
Зор-зор аст дилам, аз ғами ҳиҷрон Очаҷон"
бо овози ширину навои думбра хонданаш дили мардумро реш карда буд.

ББ
Чош чанат шавад бехтарин одам буд

Agar zindagi ba hamin minwol idoma kunad, mo, jurnalistoni tojik hama, ba zudi ba Sharifkhoni Misayzod mepaywandem.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)