Бахшҳо

Ҳамоиши эътирозии ҷавонони тоҷик алайҳи қатъномаи Иттиҳоди Аврупо

Шуморе аз ҷавонони Тоҷикистон фардо соати 10:00 дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон алайҳи қатъномаи ахири Парлумони Аврупо ҳамоиши эътирозӣ баргузор мекунанд.

Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз мубтакирини ин ҳамоиши эътирозӣ ба “Озодагон” гуфт, ки ҷавонон аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъ омада, аз мавзеъгирии ахири Иттиҳоди Аврупо дар баробари Тоҷикистон изҳори норозигӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои Давлатов ин ҳамоиш бо ибтикори баъзе аз созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла “Навоварони асри - 21” роҳандозӣ шудааст: "Шуморе аз ҷавонони манотиқи дигар ба Душанбе расидаанд ва қисми дигар дар роҳ ҳастанд".

Аҳмадхуҷа Давлатов афзуд, онҳо ба унвонии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нома ирсол кардаанд, то яке аз толорҳои Донишгоҳро дар ихтиёрашон гузорад, вале агар толор дастрас нашуд, онҳо дар назди бинои ин донишгоҳ посухи худро хоҳанд гуфт.

Рӯзи 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар Парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқумати кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизбро талаб карда буданд.

Ин қатъномаи Парлумони Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои ҷидиеро ба бор оварда, баъзе аз чеҳраҳои илмии Тоҷикистон ба он посух ҳам доданд. Аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот қатъномаи Парлумони Аврупоро бепоя хонда буданд. Вакилони парлумони Аврупо дар қатъномаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бурҳони қотеъ собит намояд.

Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номида буд.

Баъди судури ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар мавриди роҳбарият ва аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон як қатор созмонҳои байналмилалӣ онро маҳкум намуда буданд. Чанде пештар Иттиҳодияи Аврупо низ аз таъқибу ҳабси мухолифини сиёсӣ ва наздикону вакилони онҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз ҳукумат хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷаи шудани маҳбусони сиёсиро ба сурати фарогир тафтиш кунад. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷа шудани маҳбусони сиёсиро тафтиш ва фишор ба хабарнигорон ва таҷрибаи бастани сомонаҳои хабариро бас кунад.
Мӯҳр
Озодагон чаро коментхоямро ба пурраги нагузоштед? Шумо озодед нестет магар? Озодагон э Зафари Суфи чота гзаронди кати и коргарот!

Чаро назди сафорати аврупо нарафтед? Барои он ки аз боло иҷозат надоданд? Медонед барои чӣ иҷозат надоданд? Барои он ки сафири Германия ишора кард ки аз хад нагузаронед ҷони кормандони сафоратро дар хатар намонед. Ҳо бале, таакид ҳам кард ки агар он корҳо такрор шаванд транши авбатиро давлати Точикистон дар хобаш мебинад.
Дидед чӣ қадар соддаст ҳамааш?

Акнун равед дар донишгоҳ мегузаронед, дар қасри Ваҳдат мегузаронед ё бозори Корвон, инаш кори шумо.

Милитсияе ки занону духтарони маҳкумшудагони наҳзатиро баро гирдиҳамоӣ дар назди сафорати ООН боздошт карда буд куҷо бошад? Чаро ин анбуҳро намебинаду онҳоро боздошту ҷарима намеунад?
Боз хандондед ҳамаро! Масхарабозҳо!

аз худо тарсед эй чавонони нодон! аз пушти шумобарин чавонон миллати точик дар ватани худ хору зору бекадр шудааст хол он ки берун аз ватан! ин чи рузи бадбахти ки агар хукуматдорон тимсох мепарад бигуянд халк бояд инро кабул кунад агар кассе бигуяд ки на тимсох намепарад дар хол ин кассро бо ягон тухмате пушти панчара мекунанд!

бе ном
хандаовар

салом
ман як чизро нафахмидам аз кадом вакт мардуми точик инкадар масхарабоз шуда бошад махсусан чавонон дар тамоми дунйо ба холатон механдан бародаро мисли бозичае хастедки бозингар хархелеки хохад бози мекунад шуморо

Mizrob
Хар чавоне ки ба ин гирдихамои меравад бояд дарк кунад ки барои чи? наход онхо фикри худашонро надошта бошанд. Ба назари ман ба ин гирдихамои рафтан ин нишоне аз нодони аст.

ахмадхуча ба оскар барои роли бехтарини мардона пешниход карда шавад

Салому алекум бародаро ҳамин ахмадхуча давлатов аз авгонои маслажир хаст ҳамаи авлодуш апазится буд оташ назати буд бачаи амакиш дар ҷанг зиди давлат кушта шудагияй бо имруз баромадша бин хамаш спектакулай аллох ошкор мекуна хамаша иншоаллох

САЛМОН
Ахсан чавонони асри 21 ва талабгорони сулху вахдат!!!
Ба душманони халку милат ки аз хар тараф санг мезананд тамоман ахамият надихед зинда бод сулху оромии кишвари азизамон Точикистон.

МАН
Хоркаш,Шояд масхарабоз ту боши, ки бар зидди 8 миллион точик санг мезани-а? дар гузашта аз ту барин инсони гумрох миллат чи кадар шатта хурда буд. точик навакак нафаси озод кашида истодаасу аз паи ободкунии зиндагист ту барин пастфидратхо боз зери пояш чуб мегузоред. Нафорадат Точикистон дулу дамомата чамъ карда баромада рав лекин медони, ки дар дигар чо ту ба хеч кас даркор нестиву ба кадри як саг дигар давлатхо кадр надори.

Муҳаммад
Как досадно что они так фальшиво играют!Это-же каждому дураку известно под каким юрисдикции проводят такие митинги и собрание!Попробовал кто-нибудь из простого рабочего в знак протеста из-за того что нет света,нет воды,нет работы,кругом одна местничество и коррупция и мы-бы посмотрели чем это закончилось!Кстати на днях женщин которые хотели протестовать из-за того что их мужей несправедливо арестовали оштрафовали а почему этому авангардистам не чего последует?

Ба МАН,
Намедонам кӣ ва чӣ ҳастӣ. Вале барои аз бани Одам буданат таҳқират дуруст нест.
Баъдан ҳам Тоҷикистон Ватани ман аст, касе ҳақ надорад онро аз ман гирад ё маро аз он ҷудо кунад.
Агар бардагии точик дар руссия барои шумо нафаси озод бошад, ҳалолатон бод!
Агар нотавонмандии ҳукуматдорон дар хонаи худашон дар пеши русҳо нафаси тоза бошад, ҳалолатон бод!
Агар талбандагии давлатат дар пеши дигар давлатҳо нафаси тоза бошад, ҳалолатон бод!
Агар дар бозорҳои худи точикистон точикро ба савдо роҳ надодани чиниву афгону покистониву турку эронӣ нафаси тоза бошад, халолатон бод!
Агар ришвахорӣ, фасодкорӣ ва долябандиҳои вазиру кабирҳоятон нафаси тоза бошад, ҳалолатон бод!
Агар гаравгонгирии точик дар хоки худи точикистон нафаси тоза бошад, халолатон бод!
Агар тамоми иқтисод дар дасти як оила будан нафаси тоза бошад, ҳалолатон бод!
Агар тасмимгириҳои давлат на дар парламент балки дар сари як пиолаи чои як оила нафаси тоза бошад, ҳалолатон бод!

салом авалан ин кори ҷавонон боиси хандаи аҳли донои ҷомеа аст,хай барои кӯрсаводон ё чаласаводон боке нест дастгири кардан гиред ин ҷавононои асри 21ро вале аз рӯи мантиқ агар назар кунем ин як саҳнаест аз бозиҳои сиёси бо мақсади рӯйпӯш кардани ҳақиқат барои ҳама маълум ки дар кадом сатҳи зиндаги қарор дорем.Ҳамин ҷавонони фаол намешуд бар зидди ришваю фасод садо баланд кунад бинед имрузҳо мо ғуломи тоҷик шудем ҳазорҳо ҳазор тоҷик дар шаҳрҳои русия шаҳодати маргро мечашад аммо инҳо бошад адолатро поймол карда аз ҳад гузарониданд.модомоки наҳзатиҳо гунаҳкор аст пас чаро мурофиаи онҳо пушида мегузарад чаро аз номи халқу ҷавонон гап мезанед аммо ҳақиқатро барои онҳо нишон намедиҳед чаро мо аз парвандаҳои ба гуфти шумо хоино бехабарем.пас моро чидар кор дар ҳақиқати номалум бовар кунонидан.Эй ҷавонои дилсуз ватан аз мо мардонагиро талаб мекунад бояд меҳрубону дилсуз ва ғамхори ин милати бузург бошем.ҳамаро бояк чашм нигоҳ кунем ба чашми мардум хок напушем ва ба дурӯғи худ мардумро бовар накунонем.зеро ҳар амал пурсида мешавад.рузе он руз чи ҷавоб хоҳед гуфт.Озодагон Ба Худо ҳақиқатро мегуям агар барои озодии мардум арҷгузор боши ва қонунро эҳтиром куни як ҳақиқатро чоп кун ки мегӯям ба ҷавонон! "Ҷавонони мӯҳтарам манҳам монанди шумо донишҷу ҳастам ва аз амалҳои фармоишии шумо хеле бохабар ҳастам моҳи декабр соли 2014 декани факултет моро маҷбур кард ки ному фамиляамонро навишта имзо гузорем ва ман пурсидам устод мо барои чи имзо гузошта истодаем декани факултет гуфт шумо бар зидди терористон ки донишгоҳи покистонро тарконда буд ҳамчун донишҷу имзо гузоштед ман ба ин рози шудам зеро мо ба Худо бар зиди терористу вайронкор ҳастем аммо вақте аз як муалими дигар пурсидем бо алам гуфт ки шумо бар зидди ХНИТ имзо гузоштед ба Худо онқадар зиқ шудам нафақат ман балки ба Худо қасам садҳо ҷавонон зиқ шуд баъдатр аз шабакаҳо ва расонаҳои давлати дидем,ки ҷавонони донишгоҳои хуҷанд зидди ХНИТ баромаданд аммо асли воқеа ончизе ман гуфтам ҳамин аст"ман инро барои чи гуфта истодаам барои он гуфта истодаам аз номи ҷавонон эътироз накунед ба Худо халқ худаш доно аст ҳақиқат ошкор мешавад рузе ба ин кор милат пеш намерад ҷавононро маҷбур накунед бигзор ватанро бо ҳақиқат обод кунед ва ғамхори миллат бошед дарди дили ҳаркасро фаҳмида тавонистанд ин ҷавонмардии шуморо нишон медиҳад.Озодагон илтимос ҳамаи суханҳоро чоп кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)