Бахшҳо
17 июн 2016 10:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Таҳрири Кодекси меҳнат: Мастӣ? Маош намегирӣ!

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси меҳнат дар таҳрири навро қабул кард.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми июн зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, Кодекси нави меҳнат дар пайи супориши раисиҷумҳур таҳия шуда, ба ҳифзи ҳуқуқи корманду корфармо равона шудааст.

Хонум Тағойзода афзуд, Кодекси нав аз 41 боб ва 366 модда иборат буда, муносиботи меҳнатии вакилони парлумон, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияро низ фаро мегирад. Ӯ гуфт, бар асоси таҳрири нав барои кормандони соҳаи кишоварзӣ ва варзишгарон низ рухсатии меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Вазири меҳнат илова намуд, корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки дар шароити вазнину хатарнок фаъолият доранд, либос, пойафзол ва ғизои табобатиро таъмин кунад. Ба гуфтаи муалллифон инчунин ҳар як корхона бояд ҷойҳои иловагӣ барои ба кор гирифтани маъюбон ҷудо намояд.

Азизмуҳаммад Холмаҳмадзода, вакили парлумон дар идомаи муаррифӣ гуфт, тибқи муқаррароти нави Кодекси меҳнат, агар истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз ҷониби корманд дар ҷои кор ба қайд гирифта шавад, роҳбар ҳақ дорад, шартномаро бекор кунад ва бепардохти музди меҳнат кормандро ҷавоб диҳад.

Инчунин Холмаҳмадзода изҳор дошт, дар доираи таҳрири нави Кодекси меҳнат агар корфармо кормандро бо гумроҳ кардан ба кор гирифтаасту созишнома бастааст, суд ҳақ дорад, ин шартномаро бекор кунад.
Мӯҳр
Карахтак
Масти дар кор то хол мумкин буд?! Намедонистем, аз хукуки худ истифода накардем ку)))

Фируз
Аз ин рухсатии меҳнатӣ имсола хеч бахрае нест. Моро аз чои корамон гуфтанд, ки имсол рухсати дода намешавад агар шавад хам хамаатонро бозхонд мекунем ва бемаоши иловаги омада машировка мегузаренд бахшида ба рузи истиклолият. Касе, ки намеомадаст аз кор пеш мекардаянд, чи магар машировка ба профессор дотсенту муаллими калон мондааст. Ин кадар донишчуро аз тачрибаомузию супоридани имтихоно махрум кардан ба хотири раксу бозии чи маъни дорад. Магар дар ТЧ ракосаву мактабхои ракси каманд?
"Холмаҳмадзода Азизмуҳаммад, вакили парлумон дар идомаи муаррифӣ гуфт, тибқи муқаррароти нави Кодекси меҳнат, агар истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз ҷониби корманд дар ҷои кор ба қайд гирифта шавад, роҳбар ҳақ дорад, шартномаро бекор кунад ва бепардохти музди меҳнат кормандро ҷавоб диҳад. "---- Агар ин кодекси Шумо вучуд медошт дар ДМТ ними устодонаш бояд рухсатии бепули мехнати не балки маош дода нашавад.

манба
Мархамат ба фарханг

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)