Бахшҳо

Убайдуллоев барои соҳаи нақлиёт раисони нав меҷӯяд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои роҳбарӣ дар умури нақлиёти пойтахт озмун эълон кардааст.

Тибқи қарори Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" аз 15 июн то 15 июли соли 2016 озмун эълон шудааст: “Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё донишкадаҳои хориҷи кишварро хатм намуда, на кам аз 5 сол таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошанд, афзалият дода мешавад”.

Инчунин барои ишғоли мансаби холии мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе аз 16 июн то 16 июли соли 2016 озмун эълон намудааст: “Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда на кам аз 7 сол аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад”.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Эълони озмун барои интихоби раҳбарони нав дар соҳаи нақлиёти Душанбе дар ҳолест, ки қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев барои камбудиҳо дар умури мусофирбарӣ Абдулҳақ Алиев, директори Муассисаи давлатии комуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон"-ро барканор карда, Ғаюрбек Искандаровро муваққатан ба курсии ӯ нишонд. Искандаров қаблан муовини аввали раиси корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон" буд.

Раиси шаҳри Душанбе дар гузашта барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи мусофирбарӣ, аз ҷумла аз байн бурдани "таксиҳои сесомонӣ" ба масъулин як моҳ муҳлат дода буд.
Мӯҳр
Ман чанд маротиба дар чунин озмунхо иштирок карда будам. Озмун Сари вакт чамъбаст на мешаваду моххои дароз тул мекашад. Баъзан фаромуш мешаваду, бори дигар аз нав эълон мешавад. Ман доимо баронамаи худро пешкаш мекунад, тачрибаи кории кофи дорам, аммо доимо хуччатхои маро бармегардонанду, шахсони аз озмун гузаштаро хеч вакт руи рост эълон намекунанд. Шояд ин бо ном гузаронидани озмун асту, шахси худашонро таъин мекунанд.

рома
беном бародар нав хитшон кади.

Мусофир
Систему нужно менять целиком,таким методом не чего не изменится!

Номдор
Беном,
Аз суханот малум ки шуморо дар боло сиёх мекунанду одамони худашонро назди раис медароранд. Шояд делаи шуморо хатто ба раис нишон надиханд. Барои хамин шахсан худи ШУМО назди раиси шахр дароед. Ба дигарон бовар накунед.
Дар вазифадори миёнаравхо бисёр хастанд. Корашон факат сиёх кардану одамони худро назди Вазирону Раисон даровардан аст.

Пеш аз он ки як фаъолияти сохибкориро бастан , хукумат бояд як алтернативаи дигар сохибкориро пешниход кунад !
Хусусан дар вакти бухрони иктисоди , бастан ва ё махдуд кардани фаъолияти сохибкори ин кори нодуруст аст !
Ба чои раиси шахр ман ба хамаи онхо лицензия ва патентро мефурухтам . Хам бюджети шахр пур мешавад ва садхо нафар сохибкорон фаъолияти худро хукуки давом медоданд . Чун медонем , ки 10 соли охир ин таксистхо гайри конуни кор мекунанд . Киссахои сиёхи кормандони давлатро аз он чумла БДА , лицезия , андоз ва полисро пур мекарданд !
Барои он ки дар чумхури корупция ривоч нагирад , хукумат бояд фаъолиятии гайриконуниро ба конуни табдил дихад !
Биравед аз дигар давлатхо биомузед !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)