Бахшҳо
20 июн 2016 10:23Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Гузориши Робсон аз оғози истихроҷи нафт дар Тоҷикистон

Ширкати австралиягии “Скайленд петролиум лимитед” 19-уми июн бо нашри як иттилоия аз оғози истихроҷи нафт дар кони “Қизил Тумшуқ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар додаст.

Стивен Эллиот, ноиби президент оид ба рушди “Скайленд” изҳор доштааст, ки истихроҷи нафт аз кони Қизил Тумшуқ дар доираи вақт ва маблағи пешбинишуда амалӣ гардид: “Маҳсулоти ин кон бо харҷи хеле кам ба даст омад ва маблағи фоидаи ин кон барои истихроҷу коркарди маҳсулоти конҳои дигар равона хоҳад шуд. Нафти истихроҷшуда аз Қизил Тумшуқ дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад".

Масъулини "Скайленд", ки дар биржаи фондии Австралия сабт шудааст, изҳор медоранд, ки Қизил Тумшуқ танҳо яке аз конҳояшон дар Тоҷикистон мебошад ва ширкаташон иҷозаи кор дар чоҳҳои дигари нафту гази Тоҷикистонро дорад: "Омодагӣ барои коркарди чоҳҳои дигар хуб пеш рафта истодааст”.

Дэвид Робсон, мудири ширкати “Скайленд петролиум лимитед” мегӯяд, бо харҷи вақт ва маблағе, ки пешбинӣ карданд, ба истихроҷи нафт даст ёфтанд: “Мо муътақидем, ки ояндаи наздик метавонем, истеҳсолотро зиёд кунем”.

Дэвид Робсон инчунин аз мудирони “Тетис петролиум” мебошад, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ ва коркарди нафту газ машғул аст ва бо изҳороти хушбинонааш оид ба захираҳои нафту газ дар кишвар машҳур мебошад. Робсон, ки қаблан ширкати калони фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” (СNPC)-ро барои иктишофу истихроҷи нафту газ ба ҳавзаи “Бохтар” ҷалб кард, ҳаҷми захираҳои нафту газро дар майдони “Бохтар” 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт эълон карда буд, ки баробари захираҳои кишварҳои бой мебошад.

Робсон мақсад аз фаъолияташ дар Тоҷикистонро на танҳо таъмини талаботи дохилӣ, балки содироти газ ба Чин гуфта буд: “Дар марҳилаи аввал бозори дохилии Тоҷикистон ҳам ҷоллиб аст. Ин кишвар барои газ нархи хуб медиҳад. Аммо он захираҳое, ки мо нияти истихроҷашонро дорем, хеле, хеле ва хеле аз талаботи Тоҷикистон барзиёданд ва метавонанд давоми 24 сол талаботи бозори Чинро пурра таъмин намоянд.”

Қаблан Дэвид Робсон бо даъвати “Ориёнбонк” таҳти роҳбарии Ҳасан Асадуллозода ба ҳайати мудирияти бонк шомил шуд ва феълан узви мустақили Шӯрои назоратии “Ориёнбонк” мебошад.


Акс: Мулоқоти Дэвид Робсон бо Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
Антитумшук
Аз барои савоб пеш аз истихрочи нефтчон хамин номи Кизил Тумшукро дигар кунанд ки аслан холати дилбехузури дар одам пайдо мешавад ин тарчумааш агар хато нагуям Манахи сурх мешвад боз доноён донанд чунки ин забони узбаки мошоло мошолло бисёр забони " сарватманд аст" ки хатто як вожае дар бораи аносири табиат мисли офтобу боду обу хок хам надорад масалан хамин вожаи об-ро сув мегуянд ки аз чини дуздидаанд ( агар бовра накунед рафта аз Цзин Пин Чин пурсед. боз нагуед ки ин узбакитез аст магар мешавад бо узбак ситеза кард охир ба худодода Худо дода хамин хунари мохирона дуздиданро мегуям.

Muhojir
Антитумшук,
Sad dar sad tarafdoram,ki nomi "Kizil tumshuk" naboshad!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Сохибзабон
Сад дареги ЗАБОНИ ШИРИНТ СОФУ ПОКУ БЕОЛОИШИ модариям, ки бо ин гуна калимахои тумтароку тошбурок пур шудааст. Боз аламовараш он аст, ки номи минтакаву дехахо бо хамин тараку парак пур шудааст. Аз барои савоб ин нмро пеш аз он ки дар сатхи чахон муаррифи мешавад иваз кунед. Хчи ки нашуд Нафтобод, Нафтхез аст, макони Нафт аст ном гузоред......... Ин чи гап Кизил Тумшук ........ Кумитаи забон Гавхарбону аз мачлис ба маслис гаштану дар идорахои кондитсионердор шиштана дар бораи хамин номхои дехахои тумтароку пумбарок фикр кунаду пешниход намояд, то иваз намоянд.. 25-сол гузашт аз Сохибистиклоли, номхои бегонаро бо забони точики кардан даркор....

Ин майдон Сурхсимо..ном дорад.Ин ширкат то хол як катра нафт наефта аст. Вазорат магар шумо назорат намекунед, ба дуруги онхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)