Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, буҷаи солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21 июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президент аъзои ҳукумат ва дигар раҳбарони ниҳодҳои давлатии кишварро муваззаф намудааст, то ҳамкориро бо соҳибкорони ватанӣ бештар кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои давлатиро вазифадор намуд, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 ҳамкориҳои судмандро бо соҳибкорони ватанӣ шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор васеъ ба роҳ монда, аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ҷаласаи имрӯзаи Шӯро масъалаҳои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва то нишондоди ниҳоӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатиро фаро мегирад. Президенти кишвар гуфтааст, ҳуҷҷатҳои дар кори Шӯро баррасишаванда дар шароите таҳия мешаванд, ки вазъи ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир торафт мураккаб гардида, дар бисёр кишварҳои олам буҳрони молиявию иқтисодӣ шиддат мегирад: “Таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда азми роҳбарияти мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ қавӣ ва ояндадор мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ таъкид намудааст, ки дар заминаи тадбирҳои амалишуда сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуда, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфтааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки саъю кӯшиш ва меҳнати содиқонаи мардуми кишвар дар амалӣ шудани ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷатҳо заминаи устувор гузошта, саҳми шарикони рушди Тоҷикистон низ дар татбиқи стратегияву барномаи мазкур назаррас хоҳад буд.
Мӯҳр
сохибкор
Боз Рохбарияти Олии кишварро фиреб дода истодаанд, зеро ин хуччатхо ягон натичаи назаррас намедихад,
Озодагон чоп намоед!!!!!!

Мухтарам Озодагон чаро чоп наменамоед???

сохибкор
Озодагон Озод нести кучо шуд давоми гуфтахоям, ки ин хуччатро Узбакхо тахия намудаанд. чоп намоед!!!!!!!!!!!!!!

АМОН
сохибкор,
ЭЭЭ ШАРМ ДОР, ЯГОН БОР ГИРЕБЮОНИ ХУДРО МЕБУИ Ё НЕ, МАНУ ТУ МО ХАМА ФАРИШТАХОИ ОСМОНИ, ФАКАТ ГУНАХКОР УРУСУ УЗБАКУ АФГОНУ ЭРОНУ АМРИКОИ. Э ЧАРО МО ИН ТОИФА ТАФАККУРИ КУРИ ХУДУ БИНОИ ДИГАРОН ДОРЕМ. АГАР ДИГАРОН ДАР РУИ ЗАМИН НАМЕБУДАНД МАНУ ТУ ГУЁ БИХИШТ МЕСОХТА БОШЕМ, О АГАР УЗБАК НАВИШТА БОШАД ЧАРО МО БА ОН БОВАР КУНЕМ, ЧАРО???
МАНУ ТУ МАСТУ МАЛАНГЕМ АМОН АЗ МАНУ ТУ.
ВОЙ АМОН АЗ МАНУ ТУ, САД АМОН АЗ МАНУ ТУ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)