Бахшҳо

Қабули ҷазои ҷиноӣ барои фиреби камераҳо ва мастӣ дар сари чанбарак

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июн тағйиротеро қабул намуд, ки бар асоси он минбаъд барои бархе қоидавайронкуниҳо дар роҳ ба ҷои ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъин мешавад.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ изҳор дошт, ки баъди фаъолсозии дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳолатҳои тағйири рақами мошин ё истифодаи рақамҳои бегона зиёд шуд. Аламшозода гуфт, бархе ронандаҳо барои гурез аз пардохти ҷарима рақами мошини бегонаро истифода мекунанд ё рақамҳои худро тағйир медиҳанд.

Бо зикри ин ҳолат ӯ пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои тағйиру истифодаи рақами бегона, идораи мошин дар ҳолати мастӣ ё бе ҳуқуқи ронандагӣ пурзӯр карда шавад, зеро ба гуфтаи ӯ ҷавобгарии феълӣ кофӣ нест.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси маъмурӣ барои тағйир ё истифодаи рақами бегона бори аввал ҷарима аз 10 то 15 нишондод барои ҳисобҳо, ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ аз 6 моҳ то 1 сол пешбинӣ шудааст. Дар сурати такроран даст задан ба ин кор алайҳи муттаҳам бар асоси Кодекси ҷиноӣ чораандешӣ хоҳад шуд.

Аламшозода инчунин изҳор дошт, ки барои такроран идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуқуқи ронандагӣ низ нафари муттаҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Тибқи иттилои муовини аввали вазири умури дохилӣ соли 2015 дар кишвар 2,5 милион қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли қаблӣ 945 адад бештар мебошад.
Мӯҳр
Ризо умар
баъзе одамоне хастанд, ки номерои дар ГАИ аз кайд баровада шудаанд ва буридаги нестанд ана хамонхоро пора дода мехаранду истифода мебаранд...

Бежан
Мухтарам чаноби Аламшозода (Бузмаков) Аз шумо хохиш менамоем ки назоратро авал аз болои кормандони милитсия пурзур кунед.Чунки тамоми мошинхое ки дар шахр бо ракамхои калбаки мегарданд хамаашон кормандони милитсия мебошанд.Хуб мешуд хамин конунхоро факат барои худатон мебаровардед.Чунки ягон ронандаи такси ё шахрвандони одди ба ин кор даст намезананд. Агар хохед чанд корманди Бда--ро бо ному насабаш ва ракамхои давлатии калбакиаш факт меорам. Боки сарбаланд бошед....

Хукукдон
Бисёри кодиавайрокунихоро чиянхи шумоён генералхо мекунанд мухтарам муовин. Аввал аз боло сар кунед. Хама медонад чияни ки ба кадом мошин ба дарс меояду коида вайрон мекунад. Аввал аз гунохои худ сар кунед, вакт намеёбед то гунохои дигаронро бинед.

Харгазов
Хай дигар чои гап нест. Полный абзац

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)