Бахшҳо

Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)

Шоҳидони муноқишаи шоми 21-уми июн, ки ахиран навораш ба интернет роҳ ёфт, изҳор медоранд, ки ҷавони маст гунаҳкор буд.

Шоҳидон, ки дар ҳудуди майдони назди Театри опера ва балет кор мекунанд, бо шарти ифшо нашудани номашон ба “Озодагон” гуфтанд, “ин ҷавон тақрибан соати 9 ҳамроҳи арӯсаш омада буд. Маст буд ва бо ҷавонони рус муноқиша намуда, бетартибӣ кард. Вақте корманди милиса хост, онҳоро ҷудо кунад, ҷавони маст ман коргари ҳукумат гуфта, ба сари милиса низ зӯрӣ кард. Баъди ин ӯро ғалтонданд”.

Дар ҳамин ҳол Хуршед Раҷабов, сардори муҳофизони боғи назди театри опера ва балет аз ин қазия изҳори бехабарӣ карда, гуфт дирӯз баъди соати 19:00 дар ҷои кор набуд. Раҷабов афзуд, маъмури милиса, ки дар навор аст кормандашон нест: “Ман ӯро намешиносам”.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии 13 сониягӣ нашр гардид, ки дар он як маъмури милиса дар маркази шаҳри Душанбе бо пой сари ҷавони афтодаеро зер мекунад. Дар навор, ки вақти шом дар назди театри опера ва балети шаҳри Душанбе сабт шудааст, ҷавони афтода, ки ба гуфтаи ноширон маст аст, талош мекунад, ки аз ҷой хезад. Аммо маъмури милиса бо алфози қабеҳ пой дар гардани ӯ монда, монеъ мешавад, ки ӯ сарашро аз замин бардорад.

Дар навор бархе аз атрофиён аз ин бархӯрди милиса изҳори нороҳатӣ карда, суол мекунанд, ки ӯ чӣ кор кардааст. Афроди норозӣ аз милиса хоҳиш мекунанд, ки пой аз сари ҷавони афтода бардорад.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши духӯраро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз ҷавон интиқод мекунанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон майнӯшӣ мекунаду гуруҳи дигар милисаро танқид мекунанд, ки нисбати ҷавони афтода рафтори ғайриинсониро раво донистааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон то ҳол ин наворро шарҳ надодаанд ва дар сурати дарёфти шарҳи расмӣ “Озодагон” онро пешниҳоди хонандагон хоҳад кард.


Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)

Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)

Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)

Шоҳидон: Нахуст ҷавони маст ба сари милиса зӯрӣ кард (АКС)
Мӯҳр
Пурдил
Хатман ВКД ин милисаро ë намеëбад ë як огохии сабукакаш мекунанд! Дар кул бар падари хардуяшон (хам маст хам милиса) ......

Душанбе
Хайр чи миллеса сари ин аракнуша да багалш бгира?

Бунёд
Милисахо худшон конун риоя намекунан, худшонда хамачи раво мебинад, инам ранги Холи парти ки кудакора задан милисахои нИсмоили сомони хамихел хомуши мешава

Гуфтаи бузургон: Ман бад кунаму ту бад мукофт дихи...ро ба ёд меорад. Нушидаст, нушидаст ба гумони шумо падару модари ин чавон мехоханд, ки фарзандаш хамин корро кунад. ЧАВОН гуфтаанд, шояд хом аст тачриба надорад. Агар конунро вайрон накарда бошад, тавре суол мекунанд, ки ӯ чӣ кор кардааст? магар ин накзи хукуи инсон аз чониби милиса нест? МИЛИСАХОИ азиз биёед дигар аз ин беш обруи худу сохаро нарезонед, шумо медонед, ки эътимоду эътикоди мардум дар нисбати шумо ва маорифчиёни азизи мо (ва ронандахои наклиётамон!)
чи гуна коста шуда!!!

якум ки арак нахур, хурди худатро бкап, капидаки натонисти шаттаро кабул мекуни, бехад хубуш карданд рахмат милиса ако

Хоркаш
Аз ҳад нагузаронед.
Ин милиса корашро дуруст анҷом додааст.
Ин ҷо дуруст гуфтанд, чӣ милиса сари ӯро гирифта алла гӯяд ми?

Милитсия имрузу пагох Шумо политсия мешавед бо ин кор манди ахмак ба почахояш ба руи у зада истодааст, ин чигап худаш барои чи ин милисаи ахмак бояд тартиботи чамъиятиро ба тартиб дарорад на балки ба руи ва ба лагат занад

Инҷо гунаҳгор худи ҷавони аҳмақ аст, ин ҷавони Худобехабар дар моҳи рамазон арақ нушида боз ҳамроҳи арусаш кӯча баромадааст. Ин арусҳои бетамиз падару модар надоранд? Наход фарзанди мусулмон духтари худро аз кӯча нигоҳ дошта натавонад? Падару модарони азиз шумо ояндаи духтаратонро фикр намекунед? Ин ҷавонро бояд дарра бизананд, ҳатто ҳурмати моҳи рамазон накардааст

Мухочир
Партовҷамъгар,
Хакикат ба касбат содики! Ун чавон хак дорад арак хурад, бо пули худаш мехурад, чавобашро худаш медихад. Чавонон бо арусашон, бо хонумашон ,бо дустдоштаашон хак доранд гашту гузор кунанд,инчо давлати демократист,хама озоданд.
Милисия осудагии мардумро бояд тамин кунад , на инки лагадзани кунад.У (Милисия) бояд касби бошад то тавонад гирду атрофро аз харосу дахшат емин дорад ,на ин ки худ дахшатафкани кунад.Чи кадар мардум ин холатро тамошо кард, чи кадар чавонхо тарс ба дилашон рох ефт.Як сабаби бузурги тарсугии мардуми точик ин хамун милисахои колхозианд.

Дустон кабл аз хама хар яки шумо даъвои мусалмони мекунед, камтар дар рафтору одоб мусалмон бошед, майхури кардааст ва конунро вайрон кардааст дуруст, вале милитсия дар кишвари мо беор хастанд, ахлоки инсони дар вучудашон нест аз падару модари мусалмон ба дунё наомадаанд, ин ахлоке ки милитсия нишон медихад хоси ИНСОН НЕСТ, хатто хайвони даранда туъмаашро бо по не бо даст нигах медорад (яъне ду пойи пеши у вазифаи дастро ичро мекунанд) наход инсон ба гардани инсони дигар по бигзорад ин худ як навъи хушунат аст. Одами маст зури бозу надорад, ин малисахои зурмастро бояд барои хушунаташон нисбати инсонхо чазо дод.

Хармаков
Кани кани кани 7 экспертиза гузаронед, ки гунахкор?

Агар хамин чавони масти ахмак бо хамин мастияш ягон нафари дигарро мезад ё катл мекард холо шумоён дигар намуд ашула мехондед...
Мегуфтед,ки мо шохид будем милиса хамон мастро дида ахамияте надод ва як у як нафаро катл кард..., маст шуда чанд сол пештар дар кулоб донишчуён 2 нафар донишчуи дигарро масто маст бо корд зада куштанд..
Дар тамоми одами масте,ки итоат накард албат уро аз пой афтонда бо хушёрхона интикол медиханд.
Лекин ин маст (алкаш) на хурмати мохи шарифи рамазонро кардаасту ,на итоат бо милиса бо фикри шумо (бояд милиса уро буса кунон бо огуш мегирифт? Акалан дар хамин мохи муборак тавба гуед .....

Бе ном
Агар хамун чавон маст намебудхам уро хаминхел мезаданд,

сафар
Хар кас бояд фазифаи худашро ичро намояд вагврна дар чамъият бесарусомони ба миен меояд! Рахмат ба ин корманди милитсия ки тартиботро чори намуд

Фикри ман чунин аст аввал ки хамин мастро хуб кардааст задан кормандони милиса.Ман чонибдор. Лекин аз руи конун корманди милиса бояд чунин рафтор намекард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)