Бахшҳо

Муҳаммад Эгамзод: Аз Рӯзи дипломатҳои тоҷик бояд истиқбол кард

Журналист ва дипломати тоҷик эълони Рӯзи дипломатҳоро дар Тоҷикистон "дуруст ва саривақтӣ" медонад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон имрӯз, 22 июн бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 29 сентябрро Рӯзи хизматчиёни дипломатӣ муқаррар намуданд.

Муҳаммади Эгамзод дар суҳбат ба "Озодагон" ин тасмимро воқеъбинона ва шоиста унвон карда гуфт, он аз зовияи манофеи миллию давлатӣ гирифта шудааст. “Маҳз 29 сентябри соли 1993 бори аввал роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ин ҳодисаи нодири таърихӣ бар қиёс бо ҳаводиси дигар аз қабили санаи зодрӯзи кадоме аз вазирони собиқи корҳои хориҷии кишвар ва ё ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ дар шафати Парчами миллӣ дар кӯчаи Шероз 33, воқеъ дар маркази пойтахт, ки дар шабакаҳои иқтимоии интернетӣ ҳамчун фарзияи интихоби санаи Рӯзи дипломатҳои тоҷик баҳс мешуданд, аз ҳама арзанда аст”,-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи оқои Эгамзод, ҳангоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон, он замон раиси Шӯрои олии Тоҷикистон дар ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк вай низ дар толор ҳузур дошт: "Он замон дар доираи як барнома дар Амрико дар риштаи рӯзноманигории байналмиллалӣ таҳсил доштам. Чанд рӯз пеш аз ахбори телевизион фаҳмидем, ки бори аввал роҳбари Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ хоҳад кард. Дарҳол ба котиботи СММ дар тамос шудем ва ба мо даст дод, ки масъули матбуотии ҳайати Тоҷикистонро пайдо намуда, дар он ҷаласа иштирок намоем. Аз ин нишасту дидор бо роҳбари давлату миллат, аз ин иқболи баланд ифтихору сарбаландӣ тамоми вуҷудамонро фаро гирифта буд».

Дипломати тоҷик мегӯяд, Рӯзи дипломатҳо дар бештари кишварҳо ҷашн гирифта мешавад: "Дар Русия он бо номи "День дипломатического работника" аз соли 2002 ҳамасола 10 феврал ҷашн гирифта мешавад. Бинобар сарчашмаҳои таърихӣ, маҳз 10 феврали соли 1549 Иван Грозний, шоҳи Русия фармони нахустини хешро содир намуда буд, ки дар асоси он корҳои дипломатӣ (сафирӣ) бар дӯши нафаре вогузор шуд. Пасон соли 1802 императори рус Александри 1-ум вазорати навро таъсис дод, ки дар заминаи он ҳоло Вазорати корҳои хориҷии Русия фаъолият дорад. Ба ҳамин тартиб, барои мисол, ин рӯзи касбии дипломатҳоро дар Озорбойҷон 9 июл, Қазоқистон 2 июл, Қирғизистон 24 октябр, Укроин 22 декабр ҷашн мегиранд, ки ҳамагӣ ба як санаи муҳими таърихии ин кишварҳо иртибот доранд. Бинобар ин, дар остонаи 25-умин солгаради ҷашни истиқлоли кишвар аз зуҳури боз як иди арзанда - Рӯзи дипломатҳои тоҷик бояд гарм истиқбол намоем. Зеро он ба як саҳифаи нодири таърихи миллат ва меҳани тоҷикон рабт дорад".
Мӯҳр
Хоркаш
Ҳамин Эгамзод худаш ҳоло чикорааст ки аз номи дипломатҳои сухан карда истодааст?
Сухангӯи вазорати хориҷа аст ё журналист?
Вазорати хориҷа журналист надорад, раёсати иттилоъ дорад ки бо журналистон кор мекунаду локин он ҷо ягон журналист нест, ҳамошон хизматчии давлатӣ ва дипломат астанд.
Озодагон, рӯшанӣ андозед.

Наррашер
Ин ай чо бо пайдо шид?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)