Бахшҳо

Меҳмоншоҳ Шарифзода: Аз намоишҳо, тақлидҳо ва такрорҳо бояд даст кашид

Мусоҳибаи ихтисосии Ҳумайрои БАХТИЁР бо ҷомеашинос Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА



ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУВВУМ

ҚИСМАТИ САВВУМ

Ҳумайрои Бахтиёр: Чаро мо ҳамеша аз ҳолати равонии мардум суҳбат мекунему аз гуруҳи ҳоким на? Дар ҳоле ки дақиқ наомӯхтем, ки ин гуруҳ чӣ гуна ҳолати равонӣ дорад ва чӣ мехоҳад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеан, он чӣ пештар дар бораи воқеияти хашини равонӣ ки суҳбат кардем, гуруҳи ҳоким бозингарони аслии ин воқеиятанду аз ин қарина (контекст) ҷудо нестанд. Яъне, онҳо ҳам қисме аз ҳамин мардуманд, вале дар мавқеъе қарор доранд, ки бештар масъулият ва ҷавобгариро барои ҳаёти мардум бояд дошта бошанд, ки мутассифона вазифаи таърихии худро натавонистаанд анҷом диҳанд. Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ мардуми оддӣ чи будани ҷомеаи солимро фаромӯш карда, дар як фазои пароканда афтодааст ва берун аз қонун, берун аз низом, берун аз сиёсат ва берун аз таркибҳои ҷомеаи солим дар ҳаракатанд. Барои барқарор кардани зиндагии худ ҳамеша дар сафаранд ва дар ватан ҳеч касе аз онҳо намепурсад, ки “чи хабар ва ба куҷо равонаӣ?” Балки ҳукуматдорон ба онҳо дуо ҳам медиҳанд, ки “барнагардед, мо ҷои корро дар ватан таъмин кардан наметавонем, соҳиби ҳама Худованд аст”, яъне рӯ ба раҳми Худованд бошед. Ва ҳукуматдорон ҳанӯз наметавонанд чорчӯбаи аз Шӯравӣ боқимондаро бо маъниҳои нав пур кардан ва дигаршавии ҷаҳони мардумро танҳо дар зиёдшавии шумораи гӯшиҳои мобилӣ ва мошинҳо мебинанд. Бубинед, сатҳеро, ки ин қавм, ҳукуматдорон, кору зист доранд, мардум “боло” номидаанд ва то солҳои охир мардум аз корубори воқеии онҳо, аз зиндагии онҳо хабар надошт ва бисёриҳо ҳанӯз ҳам хабар надоранд ва танҳо номи онҳоро дар садову симои тоҷикӣ ва дар ВАО медиду мешунид, ки чи тавр вазифаҳоро байни якдигар тақсим ва иваз мекунанд. Чи гуна ки дар ибтидои суҳбат гуфтем, “қисми бештари рӯҳ ва ё равони инсон дар берун аст”, акнун мардум мансабҳо, хонаҳои баландошёна, мошинҳо ва моликияти мансабдорон ва хешу табори онҳоро ва инчунин фазои буҳронии Тоҷикистонро, ки ҳам решае амиқ дар вуҷуди ин мардум дорад дида ва мешиносанд, нишонаи амиқи маънавиёт ва ҳолати равонии онҳост. Масъала ин нест, ки онҳо доранд, хуб аст ки дошта бошанд, вале масъала ин аст, ки ин мардум бо ҳама ин ки давлат танҳо барои гуруҳи хурде кор мекунад ва истиқлол ба онҳо таъалуқ дорад, натавонистанд худро ва мардумро ба сатҳи баландтари фарҳангӣ расонидан. Ин кор амалӣ ношуданист чиро, ки тоҷикро он “миллати солор” ва “фарҳангсоз”-ро ки аз номаш лоф мезананд имкон надодаанд ва шароит муҳаё кардан натавонистаанд, то худро дар сафи миллатҳои бофарҳанги дунё гирифта тавонад. Воқеан, дар ин маврид фикре аз Агамбен ки мегӯяд, “сиёсат ва ҳама ҳаёти иҷтимоиро ба фантасмагорияи намоишӣ” (spectacular phantasmagoria) табдил додаанд, дар нисбати Тоҷикистон дуруст меояд. Фантасмагория, калимаи фаронсавист, яъне шакл додани пардаи пиндор аз омехта кардани чизҳое хаёлӣ, чизҳое аз хоб ва воқеӣ, ки аслан мардумро имкони дидани ҳолати гузаришро ба оянда намедиҳанд ва ин аст, ки носталгия ба гузашта бештар мешавад ва ҳатто унсурҳои асрҳои гузашта дар ҷомеа зинда мешаванд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Лутфан, нақши ҳукуматдоронро дар шаклгирии ин воқеияти хашини равонӣ равшантар мекардед?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ҳамин ҳолати дар сари давлат будан ва ба корҳои пайвандону авлоди худ машғул будан, худ нишонаи нақши калидии ҳукуматдорон дар ташкилёбии ин воқеияти равонӣ ва давомёбии буҳрон дар Тоҷикистон аст. Дар Шӯравии собиқ дар ин мамлакат фарҳанги мустақили миллӣ ва бунёди мустақили иқтисодӣ-иҷтимоӣ ҳанӯз ба вуҷуд наомад ва дар натиҷа элитаи сиёсии Тоҷик шакл нагирифта буд. Ин буд, ки роҳбарони собиқ ва имрӯзаи Тоҷик чӣ будани сиёсатро, ки он сохтмони ҳаёт ва аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузаронидани он аст, нашинохта буданд. Сиёсат барои Тоҷик дар давраи Шӯравӣ худро дар баробари марказ нисбат ба дигар минтақаҳо “беҳтарин кадр” нишон додан ва худро дар мансаб нигоҳ доштан буд. Мутассифона, ин падида имрӯз ҳам давом дорад чун марказ мустаҳкам нашудааст. Вуҷуди муҳоҷирони иҷборӣ ва инчунин вазъи бади иҷтисодӣ-иҷтимоӣ дар дохил ва сиёсати берун кардани қисми зиёди аҳолиро ба сиёсати аслии худ табдил додани сиёсатмадорӣ тоҷик боиси дер мустаҳкам шудани марказ гардида. Сиёсатмадорон ба ин фикранд, ки бо ин роҳ ҳукумронии худ ё чархро хубтар кафшер кардан мумкин аст, вале имрӯз маълум шуда истодааст, ки инсон, ҷомеаи Тоҷикистон ва аз ҷумла худро ҳам кафшер кардаанд. Бо сиёсати аҷиби “дар Тоҷикстон оппозитсия даркор нест, мо ҳама як халқем” ва танҳо бо ҳизбҳои киссагӣ иктифо кардан ва мардумро “рӯ ба раҳми Худо”гузоштан ба амният ва суботи Тоҷикистон рахнадортар ва воқеияти равониро хашинтар карданд. Сиёсатмардони огоҳ надорем ва аз қудрати фикр ва идеология бехабаранд. Бубинед, мардуми Тоҷикистон, ки дар Шӯравии собиқ, ки воқеан давлати идеологӣ буд аз қудрати идеология бохабар нашуданд, чиро ки дар ин мамлакати махсусан аграрикунонидашуда идеология ҳам барои назорати ин мардум буд. Ин аст, ки солҳои 90-ум мардумро дар бисёр ҷойҳо ба таври оммавь аз ҳизби коммунист ба ҳизби халқӣ-демократӣ гузарониданд, ки ин нишондиҳандаи бехабарӣ ва дурии мардум аз идеология ва қудрати ҳуввият ва ҷомеасозии он аст. Яъне мардум ҳанӯз дар давраи шӯравӣ аз сиёсат дур карда шуда буд, вагарна наметавонистанд арзишҳо ва идеяҳои худро ба осонӣ фаромӯш кардан ва ба дигар шиорҳо гаравидан. Имрӯз ҳам бисёрии мардуме, ки аз идеология ва ҳизбҳо ҳарф мезананд, ҷуз ҷилваи сароб чизе нест. Дар масъалаи шинохти арзиши идеологияи созанда чи ҷои ёд кардан аз Манҳейм (Karl Mannheim), Арендт ва Рикёр (PaulRicoeur) аст, вақте ин сиёсатмадорони ҳизбҳои Тоҷикистон марксизмро, ки дирӯз наздиктарин ҳарф ба ҳастии онҳо буд ва имрӯз ба як назарияи танқидӣ-таҳлилӣ табдил ёфтааст, нашинохта буданд ва намешиносанд. Аз демократия, коммунизм, сотсиализм ва - илмҳои дигар ҳарф мезананд, вале идеологияро аз утопия фарқ накардаанд ва аслан дар як ҳизбанд. Чун ин қавм дар тасмимгирии масъалаҳо дар ҳаёти мардум нақши калидӣ доранд, албатта дар зуҳури руйдодҳо, воқеаҳо ва падидаҳо дар ин сарзамин нақше доранд. Дар ин росто яке аз душманони аслии ҳукуматдорон дар Тоҷикистон ин нафс аст ва гуфтан мумкин, ки ин қавм дар банди нафс ва мардум дар банди онҳо мондаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Магар ҳамин “нафс” яке аз маъниҳои калидии воқеияти равонии Тоҷикон нест?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, нафс (рӯҳ, ҷон, худӣ) воқеан, мафҳум ё дурусттараш сатҳест, ки ғаризаҳои ҷисмӣ-моддӣ (physiology), равонӣ (psyche) ва маънавиёт дар якҷоягӣ дар он ташаккул меёбанд. Нафс мафҳуми калидии Қуръонист, ки шинохт ва тарбияти он ин тарбияти инсон, камолёбии инсон буд ва ҳаст ки инсон аз сатҳи ҳайвонӣ ба сатҳи инсонӣ ва баландтар расонида мешуд. Равоншинос Лакан дар бораи субъект (ҳомил, фоил, мудрик, дарунохта) ҳарфе мегӯяд, ки “субъект як раванд аст…” ба маънии нафс дар фарҳанги Тоҷик созгор аст, ки шинохти он воқеан раванди тарбият ва камолёбии инсон аст. Аслан, нафс ва шинохту тарбияти он дар мактабҳои гуногуни фикрии Тоҷик аз давраи Сино то Аҳмади Дониш мафҳуме меҳварӣ дар шаклгирии роҳҳои худсозӣ буд ва дар муддати садсолаҳо ба як равоншиносии сатҳи мардум табдил ёфт, яъне ин арзишҳо ва назарияҳо дар таркиби фарҳанг ва забони Тоҷик ба таври ҳамешагӣ нақш бастаанд. Ин нафс аст, ки ба фаъолияти инсон, бухусус ҳукуматдорон, ки масъулияти бештар доранд, дар фазои иҷтимоӣ таъсиргузор аст. Он чи мардум мегуянд “нафси бад балои ҷон”, “баднафс”, “нафси бетарбият” ва ғайра худ шоҳиди ин гуфтаҳост. Фройд соли 1925 дар мактубаш ба нависанда Стефан Тсвейг менависад, ки “ҳадафи равонковӣ ин мубориза бо дев (demon), деви ғайриақлонии инсон бо роҳи ҳушёрона (sober way) аст” ва ин ҳадафе буд ки дар мактабҳои фикрии тоҷикӣ ва дар адабиёти тоҷик доштанд, яъне шинохт ва тарбияти нафси инсонӣ, чунон ки Мавлоно мегуфт:
“Гирди рухат саф зада лашкари деву парӣ,
Мулки Сулаймон турост гум макун ангуштарӣ!...”

Масъала ин аст, ки мардуме, ки дар ҳукумат ҳастанд худ дар банди хоҳишу майлҳои нафсонии хеш монданд ва ин ҳарфест бебаҳс, яъне он ғаризаҳо, хоҳишҳои дар зершуур (unconscious) замоне хобида ва акнун бедоргаштаи онҳо тавониста, болои ақли онҳо ғолиб бошанд, ин аст ки Фройд мегуфт як “мани” (ego) инсон дар хонаи худ хуҷаин нест. Инсоне, ки роҳе рафтааст, яъне технологияи худӣ–ҳақиқат-қудрат ва фазо (ҷаҳон)-созиро аз сар гузаронида метавонад то ҷое майлу хоҳишҳои худро ё дар забони мардум нафси худро лаҷом задан ва дар фикри кори мардум будан. Ҳукуматдорони мо чун аз унсурҳои фарҳанги суннатии худ ва инчунин аз фарҳангӣ нави дунё дур афтодаанд, бештар зери таъсири қиссаҳои таърихӣ ва сулолаҳои гузашта, ки мардуми Тоҷик аз онҳо ҳамчун сулолаҳои нафси бетарбият ёд мекунанд, мондаанд. Аниқтараш ҳукуматдории мо ин сулолаҳоро ба ёд меорад. Дар “Наводир ул вақоеъ” Аҳмади Дониш шинохти нафси касиф ва тарбияи як инсонро то ба сатҳе, ки ақл ва қонун ҳаёти ояндаи ӯро муайян кунанд, бунёди сиёсати тоҷикӣ медонад, ки аз сиёсати меросии Чингизӣ фарқ дошт...

Ҳумайрои Бахтиёр: Пас чӣ бояд кард, то ҳукуматдорон аз ҳуҷуми деву дад аз зершуур ва мардум аз маризиҳои ҳукуматдорон дар амон бошанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Барои ин, пеш аз ба сиёсат машғул будан воқеан инсони фарҳангӣ будан, яъне дар фарҳанги худ ва фарҳанги дунёи имрӯз тарбият, дониш ва таҷриба доштан зарур аст. Фарҳанги суннатии тоҷик, дар якҷоягӣ бо доштани таҷриба ва дониши Шӯравӣ, метавонад инсони пурраеро барои бархӯрд, гуфтугӯ ва муносибат бо дунёи имрӯз омода намудан. Ва ин муносибати инсони огоҳ ва ҷаҳони иҷтимоист, ки боиси шаклгирии сатҳи фарҳангии навтаре мегардад. Буҳрони ҳамарофарогиранда (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва равонӣ) дар Тоҷикистон нишондиҳандаи буҳрон дар сохтмони “худӣ”-и Тоҷикист, яъне арзишҳо ва унсурҳое, ки Тоҷикро – Тоҷик месозанд ва зиндагисозанд дар раванди сохтмони фардҳо коре намекунанд ё суст кор карда истодаанд. На фақат омм, балки хос, яъне онҳое ки даъвии роҳбарият ва ашрофият мекунанд, низ зери тассаруфи ин буҳронанд ва маҳз фаъолияти солҳои охири онҳо исбот намуд, ки унсурҳои калидии сохтмони худӣ ва шахсияти инсон ва муносибат дар ҷомеа дар сатҳи даркорӣ шинохта нашудаанд ва амал намекунанд. Инро махсусан бо таҳлили роҳҳои шинохт ва фаҳмиши қудрат ва сиёсат ва амали онҳо дар ин қарина метавон донист. Ин масъаларо набояд имрӯз кӯчак гирифт ва онсӯтар аз калимаҳо ва мафҳумҳо дар бораи он маъниҳо, ки шахсият ва дунёро месозанд фикр мебояд кард. Ҳар амал ва руйдод дар ҷомеа реша дар сохтмони худӣ, фикр, эҳсосот ва хоҳишҳои шахсиятҳо дорад. Ва ҳар кас, ки роҳи худшиносиро нагузаштааст, чи гуна метавонад роҳбари кардан ба хусус дар дунёи мураккаби имрӯз, ки фаҳмиш, дониш ва таҷрибаи аслро аз шахсиятҳо талаб дорад. Махсус барои тоҷики асри 21 ин раванд маънии доштани дониш ва таҷрибаи дунёи нав (modernity) ва дунёи сунатии худро дорад ва надоштани ин фазилат боиси руй додани амнезияи (фаромушхотирии) сиесӣ, фитна ва тарс мегардад (мутмаинам, вақте дар ин мамлакат биноеро “бинои замонавӣ” гуфта мекушоянд, бисёриҳо аз “замонавӣ” танҳо хишти пухта ва пластикаро мефаҳманд. Чунон ки дар боло зикр кардем мо ва ҳукуматдорони мо ҳисси таърих ва ё ҳисси замонаро гум кардаем. Агар не, пас дар кадом зинаи таррақиётем?)

То ҷое мо ҳама мисли дигар мардуми Шарқ бо ин фарҳанг ва муносибатҳое, ки имрӯз дорем қисман офаридаи ин воқеаҳо, рўйдодҳо ва гуфтугӯҳои давраҳои бо ном мавҷҳои ҷаҳонишавием (globalization), ки зери пардаи муносибати тамаддунҳо ва давлатҳо хоҳиши мустаҳкамшавии нуфуз ва қудрати давлатҳои мустамликадории Ғарб ниҳон буд. Ин қудратҳо дар «ин гуна» будани мо қисман нақши муайян доштанд ва доранд. Баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ, ки давлатҳои пасошӯравӣ ҷаҳони дигар ва мураккаберо рӯ ба рӯ шуданд, дар роҳбари мардуме мебоист, ки аз фарҳанги сиёсии замони нав бохабар мебуд. Мутассифона, имрӯз қисмати зиёди ҳукуматдорон хислати табақаи сарватманди нави пайдошударо гирифтаанд, ки Агамбен аз онҳо ҳамчун “буржузияи хурд” (petty bourgeoisie) ёд мекунад, ки ба ҳуввияте дуруғин месозанд ва барои онҳо нуфуз, арзишҳо, суннат ва ҳатто гуфтугӯҳои барои онҳо созгор, дигар маъние надоранд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Коршиносон ба он ишора мекунанд, ки менталитети ҳокимон дар сатҳе ҳаст, ки фарзан, агар фарзандонашон ҳам сари қудрат оянд, ҳеч тафовуте аз худашон нахоҳанд дошт. Назари Шумо чист?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Шайх Боязиди Бастомӣ гуфтае дорад: “Ё чунон бош ки менамоӣ, ё Чунон намой, ки ҳастӣ”. Имрӯз ин мардум, ки аз номи Тоҷик, Ориёнажод, Одамият ва арзишҳои воло лоф заданро одат кардаанд, бояд дар ёд дошта бошанд, ки ин ҳама ҳарфҳо фарҳанги баланди созандагӣ дар дунёи имрӯз мехоҳад. Хуб мешуд, ҳар кас аз номи авлод ва маҳалли худ ва қабилаи худ баромад мекард ва номеро ва арзишеро ки зарфият ва қобилияти бардошти онро надоранд, ниқоб намекарданд. Вале мебинем, ки бисёриҳо дар маҳдудаҳои маҳалу музофотҳо мондаанд, вале ниқоби миллат ва болотар аз онро бар рӯй мекашанд, ки таҳқири ҳар дуст. Вақте расида, ки ин маъниро бояд шинохт ва дигар кард. Дунё худ дигар шудааст ва инро бояд донист, ки ҳар чи ва ҳар киро, паси кадом ниқоб ки набошад, дар дунёи имрӯза зуд мешиносанд. Ин аст, ки имрӯз ҳар ки мехоҳад воқеан дар сари қудрат будан бояд қудрати мардуми Тоҷикистонро ба сатҳи қудрат ва фарҳанги замонавӣ расонидан. Аз намоишҳо, тақлидҳо ва такрорҳо бояд даст кашид.

Ҳумайрои Бахтиёр: Гуфта мешавад, ҳокимони мо ба мақоми худ ҳамчун “доди Худо” менигаранд...

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Сахт дар банди хурофотанд, зеро аз дониш ва таҷрибаи исломӣ ҳам дуранд ва донишу фарҳанги имрӯзаи дунёро ҳам кам доранд. Ба ғайр аз ин ки дар дунёи мураккаби сиёсӣ зист дорем, ки низоми нав дорад шакл мегирад, боз элитаи сиёсӣ бо зиёиёни ба онҳо наздик дар дохил фазоӣ фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистонро ба буҳроне амиқтар гирифтор карда истодаанд. Воқеан, дар он нуқтае нестанд, ки ҳастии ҷаҳони имрӯз ва руҳи маънавии ҷаҳони имрӯзро, ки ба чи такя мекунад ва ба куҷо равона аст, дуруст шинохта бошанд то бо мардуми худ гуфтугӯе созанда дошта бошанд. Ва дар ин росто боз як чиз аҷиб аст, ки мардуме ки имрӯз дар бораи миллат, истиқлол ва тараққӣ ҳарф мезананд, ягона нуқтаи ҳуҷумашон фарҳанги суннатии мардуми худашон гашта. Онҳо ки гӯиё миллатчианд, муқобили решаҳои арабиву туркии мардум ҳарф мезананд ва онҳо ки даҳрианд дини мардумро асли ҳама бадбахтиҳои мардум меҳисобанд ва онҳое ки сиёсатмадоранд аз ин ҳарфҳо барои пардапӯш кардани беқобилиятӣ ва бесалоҳиятии хеш самаранок истифода мебаранд. Тоқат, таҳаммул, зарфият ва ғунҷоиши онро надоранд, ки фарҳанги суннатии мардуми худро дар матни дунёи имрӯз дуруст бишиносанд, агар мешинохтанд имрӯз воқеан дар ҳамин замони барои мардуми мо осебпазир ва пурхатар ҳамин фарҳанги суннатӣ ва ҳамин мардум метавонистанд сипари бехатарӣ бошанд. Ба идеологиябозӣ ва сиёсатбозиҳои дунёи хориҷӣ ва дохилӣ аз ҳад зиёд дода шуда, бисёр арзишҳои Тоҷикиро ки воқеан бунёди истиқлоли воқеии Тоҷиконанд фаромуш кардаанд. Маслан, тавре дар боло зикр кардем, шинохти нафс ва номус ки реша дар ҳастии мардум дорад, аз тарс ёд карда намешаванд. Нафс ва шинохти он бунёди ҷавҳари роҳҳои субъектсози ва ё худсозист ва номус то ин ки қонун аст, низом аст ва як инсон ҳаққи доштани моликият ва шарофати инсонӣ дорад, номус ҳам барои Тоҷик ҳамчун як арзиш ва маънии меҳварӣ хоҳад буд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Ба назар мерасад, ҳокимони мо як навъ аз худ розӣ хастанд. Барои чӣ?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Аз як тараф ин мардум, ки аз фарҳанги болотар хабар надоранд ва сифтаи ҳаёти мардуми дигарро дар филмҳо ва ё сафарҳои хидматӣ мебинанд, ҳавас мехӯранд, вале чун забони мардуми дунёро намедонанд сатҳи ҳаёт ва фарҳанги дигаронро, дар ҷаҳони якум махсусан, нашинохтаанд, ки чунин тарзи ҳаёт болои чӣ меистад ва нафаҳмидаанд, ки барои ин гуна шакли ҳаёт фикр кардан ва амал кардан даркор аст. Аз дигар тараф, ин ба назар менамояд, ки аз худ розӣ ҳастанд, вале маълум аст ки чунин нест чун худ медонанд, ки бунёди мустаҳкам надоранд ва аз ин рӯ бештари онҳо ҳолати руҳии солим надоранд. Аслан, ин танҳо ниқоб аст ки ороманд, қисмати зиёд оромии руҳӣ надоранд аз амалҳои кардаи хеш дар фикранд, аз ояндаи худ ва авлоди худ нигаронанд ва роҳҳои дигари бештар ҷамъ карданро меҷӯянд. Ин қавм офаридаи ин ҳолати мавҷудаи Тоҷикистонанд, ки худ дар шакл гирифтанаш нақше равшан доранд. Онҳо боварӣ ва умед надоранд чиро, ки худ ба ончи ба мардум ваъда медиҳанд, имон надоранд ва медонанд, ки дурӯғ аст. Ин маризиро дар ҷомае файласуфи Фаронса Сартр ҳамчун “бадимонӣ” (bad faith) ташхис карда буд, ки дар фарҳанги мо “беғайратӣ” ҳам мегуфтанд...

Ҳумайрои Бахтиёр: Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки роҳбарони мо барои норасоиҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳоҷирати сартосарӣ худро масъул намешуморанд...

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ин ҷо пеш аз ҳама тарафе, ки дар баробари он ҳукуматдорон ҳисобот диҳанд ва ҷавобгариро ҳис кунанд, яъне мардум ва ё халқи Тоҷикистон хелеҳост талаби ҳаққи худро аз ҳукуматдорон фаромӯш кардаанд. Мардум дигар ба фасод, ҷаҳл, бесалоҳиятӣ ва беқобилиятии амалдорон муқовимат нишон намедиҳанд. Ва дигар инки ҳукуматдорон худ ба чунин фазои бефарҳангӣ, ки ба ояндаи мамлакат боварӣ надоранд, ба муқаддасоти Тоҷикистон имон надоранд ва бештар дар фикри киссаи худ ҳастанд, одат кардаанд...

(давом дорад)
Мӯҳр
Файзали
Хумайро, кофта-кофта Шодмон Юсуфро боз ёфтед.

Зинда бошед, хонум Хумайро...илохи хушбахт бошед

таҳлилгар
Ин мардуме, ки баъди солҳои 93 ба Душанбу рехтанд, аҷоиб мафкура доранд ва вазифаҳои нолоиқи худро "доди Худо" мегуянд, махсусан ғайритоҷикони дашту биёбонӣ, ҳатто беваҳое, ки шабҳо дар кучаҳо меистанд ба мисли тутоқҳои атрофи сирк худашонро " худодод" муаррифӣ мекунанд, бовар накунед, марҳамат як шабе яктояшро бареду гап кобед.....

мехмон
таҳлилгар,
Мардум ба Душанбе нарехтаанд ва онхо шахрвандони Точикистонанд ва дар кучои Точикистон хоханд зиндаги мекунанд !
Офарин ба русхо ки мо точикистонихоро кор медиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)