Бахшҳо

Беҷазоиро боз дор: Сарбози латукӯбшударо як ҳафта касе ташхис накард (АКС)

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар доираи аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» қиссаи сарбози марҳум Фаррухҷон Ҳайталиевро нашр кардааст, ки аз ҷониби ҳамхизматон латукӯб шуда, як ҳафта касе ӯро ташхис накардааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа то анҷоми хизмати Фарухҷон Ҳайталиев 8 моҳ монда буд. Ӯ моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, ба қисми низомии 2620-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фиристонида ва баъдан ба қисми низомии 2847, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, гузаронида шуда буд.

Дар давоми хизмат ӯ ва дигар хизматчиёни ҳарбии ҳамдаъваташ мунтазам ба латукӯб аз ҷониби ҳамхизматашон Алихон Туйчиев, ки 6 моҳ пеш аз онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда буд, дучор мегардиданд.

11-уми январи соли 2016 ҳангоми гуфтугузор дар вақти машғулият дар бинои таълимӣ А. Туйчиев гӯё бо мақсади тарбият додан Ф. Ҳайталиевро бори дигар латукӯб кард. Ҳамон шаб, аммо дар сарбозхона сарбози собиқадор Фарухҷонро бо қундоқи автомат зад. Баъди ин латукӯбҳо ҷавон худро хеле бад ҳис мекард, ҳатто дар пой рост истода наметавонист ва дар сарбозхона хоб буд. Тамоми як ҳафта касе сарбозро ташхис накард ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонида нашуд.

18-уми январ, вақте ки саломатии Фарухҷон тамоман бад шуд, ӯро ба бахши тиббии қисми низомӣ бурданд. 20-уми январ сарбоз аз дунё гузашт.
Моҳи майи соли 2016 хизматчии ҳарбӣ Алихон Туйчиев барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва расонидани зарари барқасдонаи вазнин ба саломатӣ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ду афсар - сардори посгоҳи сарҳадии қисми низомии 2847-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, капитан Суфӣ Суфиев ва ҷонишини ӯ оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, лейтенант Бобурҷон Ортуков барои сӯйистифода аз вазифа гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 4-солӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ба муносибати 26-уми июн - Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» роҳандозӣ кардааст. Эътилоф ҳамарӯза дар торнамояш қиссаи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистонро нашр мекунад ва тамоми суханҳои дастгирикунандаи корбаронро ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо мебахшад.


Беҷазоиро боз дор: Сарбози латукӯбшударо як ҳафта касе ташхис накард (АКС)

Беҷазоиро боз дор: Сарбози латукӯбшударо як ҳафта касе ташхис накард (АКС)

Беҷазоиро боз дор: Сарбози латукӯбшударо як ҳафта касе ташхис накард (АКС)
Мӯҳр
Душанбе
Шарм ба вазорати мудофиа шарм. ЧАРО ЯГОН КОМАНДИРИ КИСМИ ХАРБИ ХАБС КАРДА НАШУД? ОЁ ТАГОХОИ ОНХО ШАХСОНИ ВОЛОМАКОМ БОШАНД? Ахмият додам дар кадом кисме харбие ки сарбоз вафот мекунад ягонбор командири кисми харбиро барои хунукназарона нисбати мансаб хабс накардаанд. АНА КОРУ МАНА КОР. Бо тема карда меган ки чавонон аз хизмат мегрезан. Чавонон ай мурдан мегрезан ки падару модари пиршона нигох накнан. Агар дедовшина набоша да хизмат хама азруи устав хама хизмат мераванд, лекин сад афсус Хар харигариша мекна.

мухочир
Душанбе,Бовар кунед чор фарзанд дорам ягонтаашро ба хизмат рои намекунам (не одамгари мондасту не инсоф) Барои чи ба монанди Узбекистону ,Казокистон системаи хизматро дигар намекунанд ба давлат фоида хаст ку

Бародарон кор аз хад гузаштааст. Мо фарзандонро бо машакат калон мекунем шах карда ба хизмати харби гусел мекунем. Ин чи гап аст, ки хар руз як чавон аскарро зада мекушанд. ЧАРО ХУКУМАТ АЗ ВАЗОРАТИ МУДОФИА НАМЕПУРСАД, КИ ЧАРО ИН ХАЛ МЕШАВАД? Писарони шумо калоншавандахо ба хизмат намераванд, акалан аз хисоби фарзандони камбагалон амниятатонро химоя мекунед ва кайфу сафо карда мегардед, пас гами онхоро хуред. Чаро бо вучуди ин вазири мудофиа брутхояшро бо равгани гусфанд чарм када катаги карда мегардад, уро аз вазифа намегиранд? Ин магар адолат аст, ки фарзандони мардум аз бенизоми мемиранд ва у дар вазифа кор карда мегардад ва гуё, ки чизе нашудааст. Президент кучо нигох мекунад?

chujai zarrin
мухочир,

oshno - sharm az vazorat bolotar ham yagon qatra nest!

Озодагон чаро навиштахои маро чоп накардед? Барои он ки хакикатро навиштаму истефои вазири мудофиаро талаб кардам?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)