Бахшҳо
24 июн 2016 17:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти мусофирон аз ронандае, ки то “Гулистон” 2 сомонӣ талаб кардааст

Мусофирони як нақлиёти хатсайри №2 мегӯянд, ронанда онҳоро барои пардохт накардани ду сомонӣ аз мошинаш берун кард.

Ганҷина, як сокини Душанбе ба “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи духтари аммааш аз назди Хадамоти шиносномавию бақайдгири ноҳияи Шоҳмансур ба мусофиркаши “Старекс” нишаста, ду сомонӣ дароз карданд: “Мо то “Гулистон” мерафтем. Ронанда гуфт, боз ду сомонии дигар бидиҳед. Гуфтем, ки то “Гулистон” роҳкиро як сомонӣ аст, аммо бо мо ҷанҷол бардошт”.

Саврибону, ҳамсафари Ганҷина мегӯяд, вақте то назди меҳмонхонаи “Гранд отел” расиданд, ронанда мошинро нигоҳ дошта, бо доду фарёд онҳоро аз мошин берун кард: “Мегӯяд, ман аз соати 2-и шаб кор мекунам, шумо дар хонатон хобед. Боз як сомонӣ медиҳед”.

Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Хатсайри №2 аз “Шаҳраки низомиён” то Бозори “Пойтахт-90” буда, бар асоси қарори шаҳрдорӣ ба ду қисм ҷудо мешавад ва нуқтаи ҷудокунандаи он маҳаллаи “Гулистон” муқаррар шудааст.

Акси мусофиркашро Ганҷина ба "Озодагон" фиристод
Мӯҳр
Саломи худро бахри Шумо мерасонам.Ман хамон Ганчина хастам,ки имруз маро хамрохи духтари амам аз старекси раками 2 ронанда аз дохили старекс берун кард.дар даруни старекс бисер одам буд ва ронанда Худро нисбати мо бадагалона рафтор кард.Сахт дод зад тарафи мо ...мусофиркашон хама дар хайрат шуданд.
Ин магарам аз руй одоб хаст? Ин магарам шахрдори аст? Ин маколаеро ки навиштанд хохиш мекунам аз Назар гзаронанд. То ба кай ин хел вокеахо шаванд ва мо чашми Худро пушонем.Ташаккури Худро ба рузноманигори Озодагон мерасонам,ки дар як муддати кутох вазияти маро фахмида ва хабаро навишт...

mor
Дар Кодекси Чинои бароии ингуна ронандахо чазо мукарар карда шавад зеро Ронандаро Чавон Муносибати бад доран Баъзеяшон Фарханг надоранд

Шич
Аз руи конун ва инсоф, нохак аст. Пеш аз хама, дод назанед сари мардум, бадан, агар барои ин масофа 1 сомони ба як нафар, аз руи карори хукумат муайан шуда бошад, пас, дар ин масофа 1 сомониро аз як нафар гиред.

Ин вазъият хамин хел давом мекунад, то он вакте, ки
1. одамони тасодуфи ба кор дар наклиёти чамъияти кабул карда мешаванд
2.одамони тасодуфи ба идораи соха машгул мешаванд
3.бо ширкатхои хатсайр тарики инфироди кор бурда нашавад
4.озмуни кушод барои хатсайрхо байни ширкатхо бо иштироки чамъияти истеъмолкунандагон чори нашавад.
Раиси шахр факат ислохи вазъиятро чун хамеша дар иваз кардани рохбарони сохави мебинад, ки ин хеч самара намедихад... Иваз кардани зарбшавандахо ин кор...

Шахбоз
Ганчина,
Салом. Ариза ба СУД нависед барои шаъну шарафтонро назди мардум паст заданд (100000 сомони талаб намоед). Аризаи шикояти ба БДА ва Хадамоти наклиёти шахри Душанбе баъдан ба Раиси Шахр нависед. Ин ронандаро такрибан аз 2000-5000сомони чарима мебанданд ва тули якчанд руз дар хатсайр кор кардан намемонан.

Шер аз Душанбе
дар хакикат ин ронандахои старекс аз худ рафтаанд, лекин барои чи мардуме ки дар хамон старекс мерафтанд ин вокеьаро дида хомуширо афзал медонанд, то кай мо мардум бетарафи мекунем, хайр ба чойи Ганчина худатонро, хохаратонро фарзандатонро фикр кунед, наход ягон мард дар он мошин набуд, агар хама баробар гап мезаданд он ронанда чурьат намекард ки ин нафаронро фарорад ва хаки фаровардан хам надорад, махкул нест он ронанда бояд дар ин рох нагардад, ин шахр аст конуну коидаи худро дорад. Ин ходисахо дар шахр хар руз пур пур чой доранд ва факат ба туфайли Ганчина ин доги рузро мо мухокима дорем. Бояд идорахои дахлдор, асос шахрдори бетараф набошанд ва ба ин рафтори ронандахо чора андешанд то ин ки ин ронандахо каме бошад хам маьрифаташон баланд шавад ва чунин ходисахо такрор нашаванд. Акалан як муносибати одамиро донанд.

Салом ба мардуми шарифи точикистон , озодагон Аз шумо хохиш хамин масаларо чидди пайгири намоед то хукумат ягон чорае андешад , дар хакикат Ин масьала масьалаи доги руз аст инхо хатто аз саховат то гулистон 2 сомони мегиранд хуб мешуд якчандтои инхоро аз хакки хизматрасони махрум мекарданд.

Мушкилоти раками яки имрузи пойтахт хамин аст Мутаасифона мо хамаруза аз чониби ронандахо (хусуан хамин хатсайр №2) мешавем. Барои мисол зимистони хаминсол ронандаи хамин хатсайр ракамаш 16 59 бо сабаби вайрон намудани стандартхо ( ба чои 3 наффар гирифтани чор нафар) шахси чорум будам ва миёни се нафаре ки дар наклиёт алакай нишаста будам нагунчидам. Ронанда бошадбоисрор талаб мекард ки ман бояд шинам, агар не аз наклиёт берун шавам. Ва хамин тавр хам шуд...Баъдан ба телефони боварии ин ниход занг задам вале ман аллакай аз кор дер монда будам...Харчанд мо ин масъаларо борхо гуфтему гуфтем аммо нарасид бар гуши касе, хатто масъулин тарики ТВ Чахоннамо мусофиронро гунакор карданд, ки онхо бояд чор нафар нашинанд ва бакияро азронанда талаб кунанд. Аммо ба фикри банда бояд БДА чашмашро калонтар кушояду гайр аз андешаи чайби худаш фаромуш накунад, ки тибки меъёр ин ронандахо бояд чанд нафар мусофир гиранд!!! Ва ё чаноби Шахрдор дастури дурсте дихад ё кавонин мучозоти сангин барои онхо пешниход намояд. Холатхое ки Ганчина овардааст, як намунаяке аз ин бенизомиву бефархангихост, ки мо хамаруза дучораш мешавем ё гапам нодуруст?

Солимфикр
Салом ба хамаи шумоён.
Оиди казияи мазкур ва дигар холатхо - ин пеш аз хама гунох ва айби хар яки мост. Хамаи мо дар чунин холатхо ба лаб мухри хомуши мезанем ва ё аз тараддудхои беш (мурочиат ба ниходхои лозима, ба хусус суд) канорачуи менамоем. Гуфтан мумкин аст, ки тамоми холатхоро конунгузори ба танзим медарорад. Дар холати мурочиати шахрвандон оид ба поймол гардидани хукукхояш дар сурати далелхои раднашаванда (аз чумла нишондоди шохидон - дар ин холат мусоифрони дигар) овардан, ронандаро ба мучозот кашидан мумкин аст.

nabi farhor
Саломалейкум.Ронандаро низ бояд фахмид.Онхо низ харочоти зиёд доранд,таъмири мошин,сузишвори, патент.Руйи рост муаллимони баъзе донишгоххо аз донишчуён бахои 3-ро 80-100с мефурушанд.Духтурхо барои як назначения 20-30с.мегиранд.Хар руз дар мачалахо мехонем,ки фалон фалон мансабдорро барои ришва гирифтан дастгир карданд.Анна инхо проблемаи аввалин дарача аст.То имруз мо надидаем.еки кадом ронандаи старекс аз пули мусофиркашони сохиби хонаю дар шуда бошанд.Аммо медонем,ки бо маъоши 800с - 1000с мошинхои гаронарзиш мехаранд ё хонахои бохашамат месозанд.Магар ин кадар пулхо аз кучо,боз хамон чайби ману шумо.Ташакур.

Ба чунин вазъият на танхо дар хатсайри 2 балки хатсайрхои 25, 16, 19, 8, 25 ва 33 низ дучор шудагием. аз махаллаи профсоюз то текстил ронандаи старекс хатсайри 25 2-сомониро талаб карда гуфт: "фарк надора чан астанофка, то ссирк 1 у суш 2сум нафора сувор наша"
Вот так вот. Баъди чунин холатхо худро дар пойтахт хис кардан душвор аст, гуё ки дар ягон дараи Кулоб ё пастхамихои Дангараи.
Озоди ду чизи дигар аник кунед.
1.Шумораи чои нишасти старексхо дар як катор чанд нафар аст?
Заводаш барои 3 кас дар як катор мукаррар кардааст. Пас чаро ЧДММддинчонхои дар ин соха хизматрасон меъёрро вайрон мекунанд.
2. 90%-и микроавтобусхои тамгаи Мерседес спринтере ки дар хатсайрхои пойтахт кор карда истодаанд БАРОИ МУСОФИРКАШИ НЕСТАНДУ БАРОИ БОРКАШИ. Салонхоя переделка кардаги, барои мусофирони кадбаланд нишастан хеле мушкил аст. Масофаи байни сиденхояш нихоят кам. и + вчего этого як фарёдзанак мушкапак мегиранд ки гушу майнаи касро мехурад. Базур савор мекунаду боз 2сомони талаб мекунад. Ин ба ягон чахорчубаи одоби шахрдориву дохил намешавад. Ин масъалахоро агар имконят дошта бошед аз маъмурияти ЧДММхои хизматрасон пурсон шаведу ба хонандагон расонед.
Плиз принт май коммент о
Озодагон.

Биёед руйрост бигуйем, вазъи наклиёти мусофиркашонии пойтахт гайриканоатбахш аст. Ронандагон на муомилаи хуб, на сарулибоси дуруст доранд. Дар бораи пули зиёд гирифтани ронандагон хама руз мегуянд, аммо вазъият тагйир намеёбад. Чаро? Чавобаш осон аст. Агар Хукумати шахр хохад дар 3 руз онро ба танзим медарорад. Эмомали Рахмон чангро хомуш кард, сулху суботро овард, пешрафтро таъмин кард, хукумати шахр аз ухдаи танзими наклиёти мусофиркаш намебарояд. Ана парадокс. Наход хаминро хам Президент гуяд, баъд аз паси танзим мешавед. Агар хохиш бошад, дар 2-3 руз хал кардан имкон дорад.

Ронанда аз тарафи рохбари корхона ба Хадамоти зиддиинхисории назди ХЧТ дар шахри Душанбе дастрас карда шуд ва нисбаташ протокол тартиб дода шуда парвандаи хукуквайронкуни огоз карда шуд.
Аз тарафи рохбари чамъият бошад нибаташ чазои маъмури, танбех татбик карда шуд ва огох карда шуд, ки дар холати такрори коидавайронкуни аз чамъият ронда мешавад.

Самандар
Ин ронанда гузарондаст-ку! Чй хак дорад, ки мусофирро берун кунад? Мошин моли падараш бошад хам рох давлатист-ку! Бигзор худаш рох созаду гаштан гирад. Дар хакикат ин маршруткахоро ба тартиб овардан даркор. Аз Тангемаш халос шуда ба Старекс расидем. Вокеан ронандахо фарханг надоранд. Як мусикихо ва амри маъруф мемонанд, ки хайрон мешавй. Гуё дар салон танхо худаш хасту дигар касе нест. Гап зада намешавад. Як-ду нафари онхоро ба суд додан даркор, пас мефахманд. Чарима ва аз хукуки ронандагй махрум бояд кард.

сокини шахр
Дап хакикат ин масъалаи чидди дар шахр хаст. Дар тамои хатсайрхо масъалаи масофаи 80 дирами бо хохиши ронандахо хархел мукаррар аст. Ва ин хамаро барои онхо ичозат "ЧДММ"-хо- сохибмулкони хатсайрхо додаанд ва кафолати хифзи ронандахоро додаанд, гарчанде хилофм мукаррароти шахрдорианд, Холатеро медонам, ки ронандаи хатсайри 1 аз махалаи дарвоз то СИЗО за мичозе ду сомони талаб намуд ва мизоч масофаи 16 гею 11 км-ро асос оварду ба навиштачоти дар дохили мошина, ки барои экспрес 1 с 60 дирам ва бокимонда 80 дирам низ ишора намуда буд ва ронанда бо лахни дурушт ичозати автобазаро доштан ва гайра гапхо талаби худро исрор намуда буд, Ба хукумати шахр аризаи шикояти болои ронанда равона шуда буд ва аз чавоби ноаники идораи назорати наклети мобайни хатсайр мавзеи "южный" нишон дода шуда буд. Ду се руз рейдхо ташкил щуд. Аммо баъди чанде боз хамон Ахмади порина. Бечора мизоч аз принсип дар дигар хатсайрхо 2-3 сомони барои як тараф дода ба кор омаду рафт мекунад ва ба хатсайри 1 дигар намешинад.Ронандахо бошанд галабаро чашн гирифтанду боз хамон фиреби мизочон. Баъди ин хама навиштачотьои рохкиро аз дохили маршруткахои хатсайри 1 нест карда шуданд. Яъне сохибмулкони хатсайрхо зуртар юудаанд. Аризанависи ва шикоят кардан ва бахусус талаби бакия кардан кори бехуда хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)