5 ҳолати ғарқшавӣ дар як рӯз ва даъвати ВКД барои эҳтиёт ҳангоми оббозӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо давоми як рӯз дар кишвар панҷ ҳолати ғарқшавии наврасону ҷавонон ба қайд расидааст.
Ба иттилои ин ниҳод, соати 11:00-и рӯзи якуми июл писарбачаи 4-солаи сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Бохтар ҳангоми дар заҳбури назди хонаашон оббозӣ кардан ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Тахминан соати 12:30 аҳли як оила, марди 35-сола, бо хоҳаронаш, ҷавондухтарони 22 ва 18-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд, ҳангоми дар дарёи “Сир”, дар рӯ ба рӯи Беморхонаи касалиҳои дили шаҳри мазкур оббозӣ кардан аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд: "Дар натиҷа, марди 35-сола бо хоҳари 22-солааш наҷот дода шуда, хоҳари 18-солаашон ба ҳалокат расидааст".
Манбаъ мегӯяд, соати 14:00 як сокини 27-солаи шаҳраки Чиптурраи ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Варзоб-Душанбе” аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Тахминан дар ҳамин соат ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар дарёи “Кофарниҳон” оббозӣ карда, ғарқ мешавад: "Соати 15:00 писарбачаи 10-солаи сокини деҳаи Ёзғанди ноҳияи Сангвор ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи “Хингоб” аз беэҳтиётӣ ғарқ мешавад".
Вазорати умури дохилӣ бо ишора ба маълумоти обуҳавосанҷон гуфтааст, аз 3 то 10 июли соли равон ҳарорати ҳаво баланд шуда, сабаби обшавии пиряхҳо мегардад, ки дар ин ҳолат оби дарёву рӯдхонаҳо афзун гардида, ҳангоми оббозӣ эҳтимоли зиёд шудани хавфу хатарро ба вуҷуд меорад: "Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва марговар аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони худро беназарот нагузоранд ва ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |