Маҳкумияти ду тоҷик барои гаравгонгирии тоҷири ҳамватан
Додгоҳи шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои 8 ва 8,5 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии Маскав маҳкумшудагон тобистони соли гузашта як тоҷири ҳамватанашонро, ки ба харидуфурӯши ғизо машғул будааст, гаравгон гирифтаанд: “Тоҷирро ба ҷангали ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав бурда, дар пайи латту кӯб як миллион рубли русӣ талаб кардаанд. Аммо ҷинояткорон натавонистаанд маблағи талабкардаашонро гиранд ва кортҳои бонкии ҷабрдидаро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Додситонии Маскав афзуд, ки муттаҳамон 17 июни соли 2015 боздошт гардида, ахиран ба 8 ва 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |