Бахшҳо
04 июл 2016 13:33Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Таъкиди Убайдуллоев барои қатъи фаъолияти соҳибкороне, ки нархҳои тавсиявиро риоя намекунанд

Шаҳрдории Душанбе тамоми соҳибкоронро муваззаф кардааст, 4 ва 5 июл дар тамоми бозорҳои фаъоли коммуналию хусусии пойтахт фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалияро бо риояи нархҳои тавсиявӣ ба роҳ монанд.

Дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки субҳи имрӯз, 4 июл дар “Маркази равобити пойтахт” баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ҷиҳати “пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон” 1 кг картошка - 1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз - 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош - 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир - 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шавад.

“Ҳамзамон, муқаррар гардид, соҳибкороне, ки дар риояи ин иқдомоти дастаҷамъона дар рӯзҳои зикршуда бо хунукназарӣ муносибат менамоянд, фаъолияташон дар бозорҳои ба мушоҳидарасида қатъ карда мешавад”,-изҳор дошт сухангӯи раиси шаҳр.

Ба таъкиди ӯ, аз кулли сокинони шаҳр даъват карда шуд, ки нисбати маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ аз нархҳои тавсияшуда зиёд харидорӣ накунанд.
Мӯҳр
ma
гушкнен и чозо бе хамишам ба гайр аз гушт шакар ки бе гушту шакарам меша руз гзаронда нархшон хамикадаран... ва и чозаи гуфтагии шумора бе иншам пештар вакте ки нарх нахестааст гирифта захира кардан мешавад... дар омадани ид чаноби МЭР нархи ино не нархи МЕВАГИ мехеза, ки мутаасифона онро захира кардан гайриимконаст, не просто мехеза нарх а якчанд маротиба мехеза.... хуб мешуд ки иншам ба инобат мегирифтен, ё ин ки хами мевагира ввообще дар арафаи ид фуруша аз байн мебурден токи хичкас барои ай хамсоям хешу таборм акиб намомн гуфта сарф накна и миени мардума нашкна и беинсофоооооооооооо

Мухрам Раис! О як бор унту рафта худатон аз бозор харид кунед, мефахмед ки нарххо чи тур. О дар кабинет шишта нарха регулировка кардан мумкин мй?! О хеч гох! Хамин себи гуфтегитон дар Зельёный аз 10 сомон киммат раис ако.

Макомоти давлати хукуки дахолат карданро ба нархгузори надоранд. Он бо талаботу таклифот муайян мегардад. Агар шахрдории Душанбе ба ин кори савоб даст задан хохад, пас танхо усулхои иктисоди метавонанд самарабахш бошанд. Дигар хамаи ин роххои маъмури бемаъни аст. Лекин барои усулхои иктисодиро истифода бурдан махорату дониши амик лозим, ки холо "дефитсит" шудааст...

Мувофики конунхои мавчуда дар Точикистон нарх озод аст, моне' шудан ба фа'олияти сохибкори бошад бо чавобгарии чиноятй чазо дода мешавад мухтарам ...

Душанбе
Мухтарам Раис. Ин нархоро мо маруми одди дар шаби хобмон мебинем.

Хамин намозу рузаи савдогарони бозорхои Душанбе кабул мешуда бошад? Инхо хама интизоранд, ки кай ид мешаваду молашонго кимат мефурушанд. Дируз дар бозорчаи махаллаи Зарафшон шохид шудам, ки як тарбузфуруш ба дигараш мегуфт, ки имруз ба ин нарх - 13-20 сомони тарбуз намегиранд, пагох пеш аз ид мурда-мурда киматтар мехаранд. Хамин бозорчаи махаллаи Зарафшон сохиб дорад ё не? Аз назари масъулин дур мондааст. Касе назорат намекунад, касе кадом нархро монаду фурушад, дар бораи холати гайрисанитарии бозор хочати гап нест. Як бор аз он масъулини Хукумати нохияи Сино хабар гиранд, бисёр чизхоро хабардор мешаванд. Аз одоби муошират надоштани хамон занаки калонаш то тарозухои фиребкунашон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)