Бахшҳо

Садриддин пешниҳоди Ғизол барои зиндагии доимӣ дар Канадаро рад кард (ВИДЕО)

Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик пешниҳоди Ғизол Иноят, сарояндаи ҷавони афғони муқими Канада, барои иқомати доимӣ дар ин кишвари Амрикои шимолиро рад кардааст.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо аз Тоҷикистон барои беҳбуди зиндагӣ ба хориҷ мераванд, Садриддини Наҷмиддин ба пешниҳоди Ғизол дар мавриди зиндагӣ дар Канада чунин посух дод: “Ростӣ, фикр мекунам, ҳар нафаре, ки имконият дошта бошад дар Ватан зиндагӣ кунад, ӯ ҳамеша дар Ватан зиндагӣ хоҳад кард. Ман ҳам орзу мекунам, ҳамеша ҳар ҷое, ки рафтам боз ба Ватан баргардам”.

Ин суҳбати Ғизолу Садриддин дар як муроҷиатномаи видеоияш ба муносибати консертҳои муштракашон дар Канада сурат гирифт, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт. Овозхони тоҷик ба суоли Ғизол дар мавриди нахустин истилоҳи ёдгирифтааш дар Канада гуфт, нахустин чизе, ки дар Канада ёд гирифтам, “Тime is everything” - вақт ҳамаи чиз аст ва арзиши зиёд дорад.

Овозхонҳо иттилоъ доданд, ки консерташон 9-уми июл дар Торонто, 10 дар Монтереал, 16-уми июл дар Ванкувер ва 17-уми июл дар Калгарӣ дар назар аст. Ғизол Иноят мегӯяд, консертҳояшон дар Канада аз консертҳои қаблӣ, комилан мутафовит хоҳанд буд: “Зеро омодагии сахт дидем ва мухлисонро дар консертҳо “сюрприз” интизор аст”.

Силсиласафарҳои Садриддину Ғизол аз Душанбе шурӯъ гардид. 20,21 ва 22 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доданд. Ҳамкории ин ду сароянда соли сипаришуда баъди суруди муштараки “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбон оғоз шуд. Ин тарона зуд маъруф гардид. Ба дунбол Садриддину Ғизол чанд таронаи дигари муштаракро вориди бозор намуданд.


Мӯҳр
ф
Чи додани шахрвандии Канада магар дар дасти Гизол аст?

Ахмадхуча
Охир ачоиб гапай Гизол призденти Канада набоша вазири хорича набоша охи у киай ки аз Садриддин дават куна вай боз рад кадай. гизол худиш як мухочирай бо ай ира дават кардайу ин рад кардай. Охир и хели гапа русхо междупрочим мегуянд Вай хам хаминтари гуфтай ки дар Канада мемони шумо хам вохима кардед

Бобои Файз
Ай афту андоми хардуш безоран дар Канада. Дар ончо кор кардан даркор, кор...

Chujai zarrin
Ghazoli peshnihod nakardast, savol dodaast, ki khohishi muhojirat ba Canada dorad or na, in Sadriddin. "Ozodagon" in site-I pro-hukumatist, hej joi shoke nest, yak vohimai bepul...

Sadriddin ba Canada muhojirat kunad, ba gair az khurs sado hej chiz digar nadorad, yagon kas suroghash namekunad. injo har yak saroyandavi musiqadoni ilmi hastand ki in kas ba chasm namerasad.

Рамазон бо шумоён дахл надорад ,шумо аз хофизиатон харф занед басанда аст.

Бони Клайд
Ман дар аеропорт будум гуфтан Садриддин Варзоб тока намера эътикодам гашт

Хай аку я не гуфтай Ватанаш бехтарин чой хаст барош ором пул дора намефораш ягончо... баъд Гизол худаш Шарванди Канада хаст хай просто даъват кадай мефорат бести ё не уу негуфтай СУПЕР.. морам шиштем сари я гон рузамона хайф кадем.

Аслан Садриддин овозхон нест, ин хама аз худ реклом кардан танхо ба манзури фиреби афкори умум дар Точикистон аст На садои худодод дораду на зехни дарку фахми шеъру мусики. бо таклид дар фазои холии хунарии Точикистон рох ёфта, то кунун хеч сурадаву ибдоъи хунари надошта ки битавон гуфт овозхон аст. Танхо мукаллиди Кароматуллохи рахмати асту копихони Ахмад Зохиру дигар овозхонони эрони! Ин Гизоле ки чандест дар ин чову ончо "мехиромад", дар фазои хунарии Афгонистон касе нест ва ба унвони овозхон аслан касе уро дар Афгонистон эътироф намекунад! Хунарманди асил Субхони Сайид буд, ки вокеан садои худодод дошт ва бо рафтани бармахалаш фазои хунарии Точикистон комилан дар ихтиёри "ситорахои" точики навбадавронрасида (выскочки) гузошт. Худованд дунёи охираташро ободу рухашро шод бидорад!

Гизол кадом рузе худат депорт мешай миёй пеши Садриддин !!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)