Бахшҳо

Раиси нави коммунистҳо: Надидани дастовардҳо таҳти роҳбарии Пешво кӯтоҳбинии сиёсист

Исмоил Талбакови 61-сола, раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, барои ба даст овардани пуштибонии бештари мардум ва бозгашт ба парлумон бо тамоми қишрҳои ҷомеа, аз деҳқон то соҳибкору руҳониён ҳамкориро густурдатар хоҳад кард.

Талбаков, ки 3-юми июл дар пайи як овоздиҳии баҳсбарангез раиси нави Ҳизби коммунист интихоб шуд, дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” далели баҳсбарангез шудани интихоботро ба таъсири мафкураи шахшудаи солҳои шӯравӣ рабт додааст, ки ҳизби коммунист лидери худро то лаҳзаи охир сари мансаб нигоҳ медошт: “Барғалат будани ин мафкураро роҳбарияти ҳизби коммунисти Чин кайҳо дарк кард ва акнун дар ҳар як даъвати навбатии ҳизб роҳбари он иваз карда мешавад”.

Талбаков изҳор доштааст, ки яке аз сабабҳои дар интихоботи парлумонии гузашта муваффақ нашудани ҳизби коммунист бе тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ пеш бурдани барномаи сиёсии ҳизб буд. Ӯ инчунин иддаоро, ки гуруҳе қасди пароканда кардани аъзои ҳизби коммунист аз дохил доштааст, рад кардааст: “Воқеан ҳам дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки раванди демократикунонии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дастовардҳои даҳсолаи охирро ҳаргиз ба чашми нек дидан намехоҳанд ва ба паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ машғуланд. Ин гурӯҳҳои ғаразпеша муборизаи сиёсиро тавре мехоҳанд бубинанд, ки дар ҷомеа доимо ихтилоф, душманӣ ва бадбинии ҳамдигарӣ вуҷуд дошта бошад”.

Ба гуфтаи раиси нав Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал мегузорад, наметавонад, дастовардҳои ҳукуматро дар самти бунёди мактабҳо, беморхонаҳо, муасисаҳои таълимӣ, дигар иншооти иҷтимоӣ-маишӣ нодида гирад: "Соли 2000-ум буҷети мамлакат 200 миллион сомонӣ буд, бо гузашти 16 сол ҳаҷми буҷети Тоҷикистон ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ афзун карда шуд, ки ин дастовардҳо аз ҳаво наомада, дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст. Ин дастовардҳоро нодида гирифта ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудан, кутоҳбинии сиёсӣ мебошад”.

Дар охир Талбаков изҳор доштааст, ки на танҳо бо ҲХДТ ҳамчунин бо дигар азҳоби сиёсии Тоҷикистон мехоҳем ҳамкории бисёрҷонибаро ҷорӣ кунем: “Зарур мешуморам, ки мисли аҳзоби дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони мутамаддин роҳбарияти ҳизбҳои Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро болотар аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ гузоранд ва ба санги осиёби бадхоҳону душманони давлату миллати тоҷик об нарезанд”.
Мӯҳр
шахрванд
акнун бо итминони комил мешавад гуфт,ки хизби комунисти хизби КИСАГИ хаст

Коммунист-Ленинизм
Ман хамин Исмоил Талбакро хамчун Коммунист эьтироф намекунам, чунки мавсуф капитализмро таьриф мекунад!
"Шукронаи истиклол"-гуякай
Инро бинед-а чи мегуяд: "... яке аз сабабҳои дар интихоботи парлумонии гузашта муваффақ нашудани ҳизби коммунист бе тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ пеш бурдани барномаи сиёсии ҳизб буд"
Э ако гуш кунед-да Мино чи мегуяд:"-Хай тата метата,натата наметата"
Э ако ун Ленини коммунисти пуштибони халки одди туф карда буд бар дороиву таьрифу тавсифи капиталистпарастхо....
Шумо ин кадар ин системаро ситоиш накунед!!!
Зинда бод коммунизму сотсиализми пеш аз истиклолият!!!

chijai zarrin
In shakhs diplomasha kharida boshad?
millati tojik dar arsai pastarini tarraqiyot ast, dar baini davlatohoi pasoshuravi. 20 sol meshavad, ki mardum az dasti fasod, belayoqatii korgaroni hukumat dar azob ast. Donishi javonon - pasttarin, hukumat ba gair az talbandagi digar yagon korero namekunad! kahramonhoi khonasheri maydongharib, faqat az boloi mardumi kesh zurovari mekunand! kani ba Uzbakho, bo Afghonho quwaozmoi kunedu kahramoni millat, peshvoi millat khudatonro taroshed? zuraton meoyad? In invonhoi shumo qarbakivu muvaqati hastand!

Соли 2000-ум буҷети мамлакат 200 миллион сомонӣ буд, бо гузашти 16 сол ҳаҷми буҷети Тоҷикистон ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ афзун карда шуд, ки ин дастовардҳо .
Инчо накши мухочирини мехнати бисйор барьало мебошад.
Ва дар ободии иктисоди кишвар ва некуахолии мардум накши асоси дорад.

ф
Талбаков,

Ту чи аъзои ХХДТ хасти? Корат факат таърифу тавсифи раиси ХХДТ аст.

Неоточик
Талбакуф эээ талбакуф медони ки хама трбай?

Муҳаммад
Пеш ин ҳизб доҳиҳои худро таърифу тавсиф мекардак,ҳоло бошад бо ин лидераш фарқаш нест кист,муҳим вазифаш диҳанду ба корҳои тиҷораташ халал нарасонанд!

Мегуянд гови мешидагира аз хушаи думаш маълум аст!!!!
Ин талбакуфф хам аз суханхояш маълум аст,ки чикадар сиёсатмадор аст. Аз ин дида бештар Рамани хамдехаи мо комунистар аст!!!
Салоти чанозаи Хизби Комунистии Точикистон дар расид!!!хама ба ният бошед!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)