Бахшҳо
12 июл 2016 11:40Тоҷикистон / Тема дня

Раиси Суғд: Барои ҷарроҳӣ 7-8 ҳазор $ мегиранд, ин ҷо Америка-мӣ ё Япония? (САДО)

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд.

Ў ин нуктаро 11-уми июл зимни нишасти хабарӣ баён дошта, таъкид намуд, ки аз ҳама муҳим муносибати духтур мебошад: "Аммо мебахшед имрўз муносибату муомилаи духтурон дағалтар шудааст. Агар бо ҳамин 50%-и касал муомила хуб бошад, вай сиҳат меёбад".

Ба гуфтаи раиси Суғд пештар дар соҳаи тиб кам-кам пардапўшона гап мезаданд: «Ҳамин варақаи касалиатонро пештар намефаҳмидед, ки шумо чӣ хел беморӣ доред. Ҳозир техникаҳои нав ҳамаашро бо забони тоҷикию русӣ чоп карда медиҳад. Мехонед, ки садто навиштагӣ, то омадан ба хона тамом, дасту пойҳо меларзад».



Ҳамчунин, ў гуфт, ки феълан қарори 600 амал мекунад, ки тибқи он, барои 7 намуди беморӣ бидуни пурсуҷў ёрии таъҷилӣ расонида шавад: «Лекин бисёриҳо ҳаминро ҳам риоя намекунанд ва намедонанд. Ман гуфтам, ки дар ҳамаи даромадгоҳҳои беморхонаҳо мазмуну мўҳтавои қарори 600-ро навишта монед, ки мардум фаҳмад».

Дигар аз масъалае, ки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ин барзиёд ситонидани маблағ барои ҷарроҳӣ буд. Ба гуфтаи ў, дар беморхонаи вилоятӣ барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар талаб намудаанд: «Ман дирўз оҳиста бохабар шудам, ки 7-8 ҳазор доллар барои ҷарроҳӣ дар беморхонаи вилоят пул мегирифтаанд. Ин ҷо Япония не ку. Духтур аз куҷо – Япония-мӣ ё Америка-мӣ? Хайр, духтури худамон-мӣ? Номаъқул кардӣ! Оператсияро ҳамааш бепул мекунӣ, накунӣ аз ҷоят холӣ мекунам. Мардуми бечора аз куҷо 7-8 ҳазор доллар пул меёбад?».

Дар охири суханаш ҷаноби Қодирӣ аз рўзноманигорон хоҳиш кард, ки бояд журналистон низ қалами худро дар ин масъала тез карда, назорат баранд ва барои мардуму ҳукумат кўмак намоянд: «Бо як гуфтаи ман ҳамаи ин кор дуруст намешавад-ку!».

Дар фарҷом раиси вилояти Суғд афзуд, ки то охири соли равон ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят таъмиру тармим гашта, ба системаи гармидиҳии мутамарказ гардонида мешавад: «Мо барои ин наздики 7 миллион сомонӣ маблағ ҳам ҷудо намудаем ва корҳо рафта истодаанд».
Мӯҳр
Ин тарзи муносибати макомот бо мушкилии сохаи тандурусти рохи хали он нест. Чунин муносибат ба он меорад (ба он овардааст), ки бокимонда табибони касби низ аз кишавр баромада мераванду бегонагон омада ана хамин хел маблагхои шахрвандони моро гирифта мераванд. Мушкилот бошад, халношуда мемонад ё боз душвортар мегардад.

DDDDD
Мухтарам Раис. Чаро духтур нашуди? На хама чарохи 7000-8000 доларай. Одам хайвон нест ки аввал калаша бгири бад чарохиш бкни!! Одомон барои раиси чамоат шидан 10000 -15000 доллар масраф мекунанд Инашро нагуфти раис. Довталаб дар донишгохи тиби Точикистон аз 15000 то 25000 доллар масраф мекнад ва омада дар беморхона бо 600 сомон маош кор мекна . Чаро хонданро дар днишгохо бепул намекуни?

сугд
Қандатона занед Раис Шумо бояд Вазири тандурустӣ мешудед!!!

Офарин ба Абдураҳмон Қодирӣ гапи хака гуфтен мо дастгири мекунем гуфтахои шморо

Боракалло Чаноби Раис !

чаноби DDDD маълум мешавад ту худат духтури. охи раис гапи хака задай инсоф кунитон духтурхо наход 7-8 хазор доллар гири 1-2 гир акала камтар инсофу шарм даркор

беҳтарин пешниҳодоти Раис оиди қарори 600.
фикр мекунам, ки дар пушти дари утоқи кории ҳар як духтур бояд ин қарор бошад.

Холо чарохон бойтар аз сохибкоронанд!!!Ташакур Раис

DDDD
ноил,
Бародар ман мухандис лоихакаш хастам на духтур. Лекин на хамаи духтурон чунин хастанд. Дар Точикистон зиндагии Миллеса, Муаллим, Духтуру Дехкон мушкил аст. Духтур 7000-8000 доллар зиёд гуфтааст, лекин ин маънои онро надорад ки набояд хаки духтуро надод. Вобаста аз чарохи хакки духтур дода мешавад. Чигунае ки барои 1 муаллим хамсояи ман 3000 доллар дод ки духтари 4 солааш забони хоричиро омузад. Имруз ин духтарча бо забони англисию руси озодона харф мезанад хол он ки у матаб намеравад. Карори 600 мегуем вохима карда лекин ин карор низ бисёр хатоги дорад ва ин базари мардуму ба фоидаи бучча хаст. Агар карори 600-ро тагир дода яъне Чарох 1000 сомон бошад, 500сомонашро ба духтури чаррох ва 300сомонаш ба буччаи Беморхона 200сомони дигараш ба буча равад, ягон духтури чарох 7000-8000 доллар талаб намекунад. Лекин афсус сад афсус гами бучаро мехурему гами халкро не. Агар раис каме дар фикри халк бошад рохи ин масхаларо ёбад. Ба аз вазифа хорич кардан масъала хал намешавад. ОЛИ ДАР ДАСТИ ПАГОНДОРОШ НАЗАДЕН КИ ДАР АЙНИ ПРОВЕРКА 7000-8000 ДОЛЛАР ХЕЧ АСТ БАРОИ ОНХО.

nabi farhor
DDDDD -Гапи хака гуфтед,ман бо шумо хамфикрам.Мо тарики ТВ-тамошо мекунем,ки баъзе аз мансабдорхоро барои пора гирмфтан то кариби 500 хаз $- 1млн $ дасгир мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)