Бахшҳо
12 июл 2016 15:46Тоҷикистон / Сиёсат

Тавсифи Давлатов аз зарфияти Озода Раҳмон: Кори якҷояаш бо падар қонунист...

Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон фаъолияти якҷояи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо духтараш Озода Раҳмон, ки мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи Президентро дорад, қонунӣ хонд.

Давлатов имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе меъёри қонунгузориро дар бораи манъи хизмати якҷояи хешутаборҳои наздик дар мақомҳои давлатӣ шарҳ дода, афзуд, ки гап сари мақомҳои ба ҳамдигар тобеъ ва ҳисоботдиҳанда меравад. Давлатов афзуд, ки Озода Раҳмон ба ду тараф-Президент ва ҳукумат тобеъ мебошад ва хидмати якҷояаш бо падарро ҷоиз хонд.

Раиси Агентии хизмати давлатӣ афзуд, фарзанди Президент ҳам ҳуқуқи фаъолият дорад: "Аз рӯи ин мантиқ аз Тоҷикистон баромада раванд. Агар дар хориҷ ҳам ба тиҷорат машғул шаванд, он гоҳ ҳам мавриди танқид қарор мегирад". Ӯ аз Озода Раҳмон тавсиф намуд, ки зарфияти хуб дошта дар кораш низ пешравиҳо вуҷуд доранд. Давлатов дар идома зикр кард, ки то ҳол дар матбуот ва дигар ҷойҳо матолиби интиқодиеро дар мавриди Озода Раҳмон дучор наомадааст: “Зарфиятҳои хуб дорад ва мо бояд аз зарфиятҳояшро дар ин мансаб ва дигар мансабҳо истифода барем”.

Дар маҷмуъ Ҷумъа Давлатов таъкид кард, ки агар меъёри манъи хизмати якҷояи хешовандон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ риоя мешуд, "сулолаҳо аз куҷо пайдо мешаванд. Барои чӣ дар Америка мешудааст, дар Озарбойҷон мешудааст? Барои чӣ Миша Романов аз соли 1603 то 1918 ҳамроҳи хешутабораш роҳбарӣ кард? Чунин ҳолатҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳаст".

Аввали соли равон Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, таъини Озода Раҳмон ба мақоми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент хилофи қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” нест. Ӯ дар посух ба суоли "Озодагон" гуфт, дар таъини Озода Раҳмон меъёри моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, ки хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздикро ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ кардааст, нақз нашудааст. Ба гуфтаи Шоҳназаров, меъёри қонун риоя шудааст, зеро Озода Раҳмон бевосита тобеи сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

27 январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон духтараш -- Озодаи Раҳмонро, ки ноиби аввали вазири умури хориҷӣ буд, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин кард.
Мӯҳр
Қонун барои одамҳои камбағал бароварда мешавад Озода духтари Ҷаноби Оли аст ку бафаҳмҳо ҳозир ҳам савод надоред

Пас конун барои кисти? Чаро конунро риоя намекунед?

Умар ибн Хаттоб (р) хангоме, ки кароре кабул мекарданд ( ба назаратон мерасонам ки дар он вактхо Сарконун набуд парламент набуд аммо конунхо ва карорхо ба хама баробар буд хама риоя мекардан) хешовандонашонро ки мансабе хам надоштан фаред менамуданд ва мегуфтан то онхо пеш аз хама ба конун риоя намоянд то ба дигарон ибрат шавад, ва агар риоя накунад дучанд мучозот хоханд гирифтай. Худо рахматашон кунад дар хакикат марди рохи ислом буданд дар танашон чомаи кухнае бо чандин дарбех доштанд, аммо саре доштанд ки аз илму хикмат пурра, диле пур аз имон ва вичдони соф раиятро дуст медоштанд ва сер намехурданд то аз холи бенавоен бехабаро нашаванд. Ин буд Марде ки халкашро дуст медошт. барояш шабхо омурзиш мехост аз Офардигор.
Е Анушервон ки хатто хайвонот нисбати якдигар бо рахм буданд.
Худованд ба хар яки мо имони кавиву вичдони софро кто кунад.
Ояндаи миллати ва хар мусулмонро бехтар аз имруз гардонад

точик
Барои оилаи Рахмон хама чиз конунист.

Бандаи Худо
Махмуд АкА,
Бародари исломи Махмуд Ака. Худо туро Рахмат кунад барои иктибос оварданат аз хаету фаъолияти кории хазрати Умар Разиъаллоху ъанху. Рахбарони имрузаи чахон хоки пои хазрати Умар намешаванд. Хазрати Умар (Худованд рахмату магфираташ кунад) якин имон доштанд, ки барои хар як амалат дар найди Худованд чавоб хохи гуфт. Барои хамон чи коре, км мекарданд имрузу фардои корро тарафхои мусбию манфии онро хатман аз нукати назари оятхои Куръон ва хадисхои мубораки Расули Акрам Саллаллоху Ъалайхи Васаллам тахлил карда мебаромаданд ва баъдан корро бисмллох гуфта шуруъ мекарданд . Худованд хамки моро имону тавфик дихад то ки да халку ватани худ софдилона Хисмат кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)