Бахшҳо

Ноиби раиси “Сафина”: Суруди А.Шодӣ мушкили сиёсӣ не, этикӣ дошт (ВИДЕО)

Карим Азизов, муовини директори телевизиони “Сафина” далели “қайчӣ” шудани суруди Афзалшоҳ Шодиевро ҳангоми намоиши маҳфили шаби шеъри Озарахш тариқи ин шабака дар моҳи марти соли равон шарҳ дод.

Азизов имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар суруди “Пайкара гиря мекунад”-и Афзалшоҳ Шодиев ягон мушкили сиёсиро надидаанд ва он бо назардошти ҷанбаҳои этикӣ пешниҳоди мухлисон нашудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми хондани суруд Шодиев ба зону мезад ва мегирист ва азбаски он шабурӯз дар кишвар арафаи ид буд, масъулин аз пахши он тариқи телевизион худдорӣ кардаанд.

Матни “Пайкара гиря мекунад” ба Озарахш тааллуқ дошта, дар он даҳшати ҷангу хунрезиҳо тасвир шудааст ва Шодиев ҳангоми иҷрои он дар шаби шеъри Озарахш ашк рехта буд. Шоми 16-уми март“Сафина” маҳфили шеъри шоир Озарахшро намоиш дода буд ва “Пайкара гиря мекунад” дар иҷрои Афзалшоҳ Шодиевро “қайчӣ” кард.


Видеои таронаи “Пайкара гиря мекунад” дар иҷрои Афзалшоҳ Шодиев:

Мӯҳр
Дар шабакахои точикистон мумкин нест охи намоиши мушкилоти мардум. Ходисахои нанговар. Инчо даргохи раксу суруди кизикчагиранда бояд сароид. То рохбаро ба шоди дароянд. Бобои Файза намебини чихел пешвора шод мекунад.

Салому дуруд бар Миллати Шарифи Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Ба диккати Миллати Шарифи Точик расониданиам, ки ду мисра шери Шоири Бузург Озарахш, ки Афзалшох сароидаст Боис шуд ин таронаро коркунони телевизон кайчи кунанд!
Инхам: Ба чашми танги чингизи само хунрез метобад,
Ба пои ланги темури замин ланг аст медонед!?

Мухтарам Афзалшох ва Озарахш. Солхои 92 интараф кучо будед, ки гами халкро мехурдеду мардонавор дар мукобили зархаридон ва душманони миллат меистодед, шумо "лоло"хо ва "хубак"хо дар кадом кунч панох шуда будед. Он вакт ууууу гуфтану гиря кардан барои сохти конститутсиониро баркарор кардан асаре надошт. Мардуми содик ба Ватан дар ин гуна холатхо захми дил ба дил бардошт-фарзанд аз даст дод, аммо бо ин хама бехурмати, ки аз тарафи шумо сохиби ватаншудагихо тахкирхо мешунаванд, дар ососиштаги хатто гиря намекунанд. Имруз, ки зиндагии хуби бедардимиёнро доред ШУМОхои зиёде ба суруд хондан даромадаед-а. Шукрона кунед, на ин ки миллатро бо камфахмии сиёсиатон зери шубха гузоред. Ин аст хиллагари. Агар мисрахоро буриданд, хуб карданд, бояд тамоман рох намедоданд дар эфир. Чанд вакт аст, ки баъзе аз нафарони Хукумати мо имруз ба гуфтахои шумо баринхо гуш дода истодаасту боз кам-кам махаллагарои ва хиллабозихо ба миён омадаанд. Ин чанги хунуки худро аввал дар Точикистон бас кунед, баъд ба сиёсати байналмилали даст занед. Мехнати 25 солаи точикро насузед.

Мирзо
Вай гиряи Афзалшо гиря набуд, дуруг буд. Оби чашмаш набуромада буд, дуруг чашмхояшро сахт пушид, гуё мегирист.

шунаванда
бинанда ва шунаванда,
Тавк кашол карданба усто будаед!
Ба матни шеър сарфахм равед!

Ба " баранда ва шунаванда"
Огои Б ваШ шумо дар кадом ботлок будед ки аз сурудхои Афзалшо ва Озарахш дар солхои 92 хабар надоред, ва эшонро ба бетарафи дар баробари душманони миллат муттахам мекунед?
Магар сурудхои Афзалшо " То кай бувед аз хама дур эй бародарон!" "Ту напурсу ман нагуям "
Чомаи сулх" ва даххои дишарро нашунидааед? ё карред? Албатта ягон махалгарое беш нестед.
Матни Устод Озарахш шеьрест баланду оханги Афзалшо сурудест дар баландтарин сатхи хунар суруда шудааст. Албатта барои касе ки хиси дарду номуси инсони дорад!!

бинанда ва шунаванда, Нафахмидам?
Барои чи шумо сахт норохат шудаед барои едовар шудани чиноятхои Темур ва Чингизи хунхори душманони Миллати Точик?
Агар шумо Точик мешудед чунин норохат намешудед,дар инчо баракс махалгарои не Миллатдусти ташфик шудаистодааст.

Беодоб
О ин мардак беодоб будаст дия

Дилам бар холи ин мардум месузад.
Хама ташнаи шухрат аст аз шоир гирифта то олим. Шумо аз миллатгарои харф назанед, аввал махалгароиро аз байн бибаред. Як бор ба тамошокунандагони ин сахна хуб назар бикунед, хама зарафшонианд, чун шоир хам зарафшони асту сароянда хам. Пагох консерти Бобои Файзро бигзоранд хамаи хамшахрихояш меояд. Хеч кас бахои хакики ва одилонаро на ба шоир медихаду на ба сарояндааш танхо бахоро ба махал медиханд.Магзи сари шуморо на Чингиз тавонист иваз бикунад на Темуру Искандар ва на араб. Ба холи дигар миллатхо на ба холи худатон гиря бикунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)