Бахшҳо

Иштирокдорони “маршировка”: Пулу ғизои ройгонро нагирифтаем

Шурўъ аз 11-уми июли соли ҷорӣ омодагии донишҷўёни макотиби олии вилояти Суғд ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ба гуфтаи масъулони ин чорабинӣ, тамринҳои донишҷўён ҳамарўза аз соати 07:00-и субҳ то 15:00-и нисфирўзӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд идома меёбад. Ба ин тамринҳо тахминан 12 ҳазор нафар ҷалб шудаанд, ки аксари онҳоро донишҷўёни макотиби олии вилояти Суғд ташкил дода, то остонаи ҷашни Истиқлолият омодагӣ мебинанд.

Бархе аз донишҷўён дар сўҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, ки дар сурати иштирок дар ин «маршировка»-ҳо омўзгорон онҳоро дар санҷишу имтиҳонот дастгирӣ менамоянд. Вале чандеи дигар мегўянд, ки онҳоро ҳам аз санҷишу имтиҳонот ва ҳам фосилаҳо озод менамоянд.

Омўзгорони макотиби олии Суғд ба «Озодагон» гуфтанд, он донишҷўёне, ки аз навоҳии дурдаст омадаанд, онҳо бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Аммо ба гуфтаи донишҷўён, онҳо фақат бо хобгоҳ таъмин шудаву хўроки нисфирўзиву роҳкироро аз ҳисоби худашон пардохт менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рўзи 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба рўзноманигорон гуфт, ҷавонону донишҷўёни мо – пайрави Пешвои Миллат, худашон хоҳишманди иштирок дар ҷашни 25-солагии Истиқлолиятанд ва ин иштирокдорон аз ҳисоби махсуси донишгоҳҳо маблағ мегиранд: «Як вақт бо ғизою нўшокӣ ва инчунин, бо нақлиёту хобгоҳҳои ройгон таъмин мешаванд».

Вазир гуфта буд, ки донишҷўён ба «маршировка»-ю раҳпаймоиҳо ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолият бо фармоиши Вазорат ҷалб шудаанд.
Мӯҳр
Ҳамин хел донишҷуҳои лоха нав бинем .Бачаҳои сину солашон калон лекин ба афсона бовар кардаанд. Ин суханони Вазир аз афсона беш нест ЭЭЭЭЙЙЙЙЙ сутудент!!!!!!!!!!!

Гуломони оянда!!! Ин рафтори вазирону вазоратхо тамоман гайри одамгари аст. Охир донишчуйро барои илм омухтан таблиг кунед. Хавасманд кунед. Наход аз субхи бомдод то нисфи руз донишчуй,ки вазифаи у дониш омухтан аст рафта дар майдон барои яклахзаина табъи пешворо шод намудан АРГУШТ равад хушомадгуиву ходарангкунира омузонед. Бахудо,ки ин вазоратхонахоро бо вазиронашон ба додгох кашидан даркор аст. То ба кай аз кувваи донишчуён суистифода мекарда бошанд.

Донишҷуи ДДХ
Дуруғ! Дуруғи маҳз!!! Сарсон мекунанду асабҳоро вайрон. Чӣ мо истироҳат накунем, мо дар хонаи волидайн кор надорем? Мо магар лухтакем, ки ин қадр бозии дасти шумоем. Ҳазорҳо, миллионҳо пушаймонам аз донишҷӯ шуданам! То ин хел ид шудан нашавад беҳтар...

кани бачахакои корупсия часпедааааааашшшшшш

Собир
Вазир як гап мега, донишчу гапи дигар, кадомаша бовар кунем? Дар хакикат пул барои маршировка чудо мешавад, лекин ба кисаи дастандаркорон меравад. Аз хакки студента хурдана захра хуранд. О ин чавонон ояндаи ватананд. Онхо фарзандони хамон вакирону кабиронанд, чй фикр мекарда бошанд? Дар ин гуна чорабинихо хамон коргардонхо фоидаи калон мегиранд. Наход хамон вазир инро контрул карда натавонад?

ДОНИШҶУИ ДДХ
ДУРУГ. ДУРУГИ МАҲЗ!!!!

Хестед ки ховен. И вазир кай дар гапуш истода буд....

Чаро дуруг мегуед?! Додари ман хар руз гирякарда ба маршировка меравад,ва ягонхел дастгири аз кабили хурок ё рохпули аз тарафи донишгох нагиритфтааст! Чаро инсоф надоред ?! Хар руз ба додарам 15 сомон медихем ва пойафзолаш канда ва либосхояш аз зарби офтоб рангканда шудаанд ! Вичдон дошта бошед агар акалан рохпулии донишчуёнро дихед ! Ин кадар пул мо аз кучо меёбем барои маршировка ?! Инсоф кунед! Айб аст !

самак
Агар хамин кадар донишчу дар маркировка иштирок накунад ки ба ино чизе гуфта метонад , айби худатон бародаро , Бо як овоз наре вассалом

Айби худатон , метоне ки иштирок накуне

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)