Президент худдории Абдуллозодаро аз сафар ба Рио дастгирӣ кард: Пул сарфа мешавад
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, барои сарфаи маблағи буҷаи давлат ба олимпиадаи тобистонаи Рио де Жанейро намеравад.
Абдуллозода имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин тасмими ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дастгирӣ кардааст.
Ӯ афзуд, маблағҳое, ки барои сафари ӯ ва дигар масъулини Кумита пешбинӣ шуда буданд, ба рушди варзиши касбӣ аллакай сарф шудаанд ва қисмати боқимонда низ ба ин мақсад равона хоҳад шуд: “Кӯшиш мекунем, одамоне сафарбар карда шаванд, мураббӣ ва наздики варзишгар астанд”.
Абдуллозода ваъда дод, афроде, ки аз варзишу варзишгарон дуранд, ба сафари Рио де Жанейро пешниҳод нахоҳанд шуд.
Ин қарори Абдуллозода дар ҳолест, ки соли 2012 ҳайате, ки раиси қаблии Кумитаи ҷавонону варзиш бо худ ба олимпиадаи Лондон бурд, баҳсбарангез шуд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Маликшоҳ Неъматов, раиси қаблии Кумита ва сафири феълии Тоҷикистон дар Олмон бо худ ба Лондон афродеро бурд, ки умуман ба варзишу варзишгарон рабт надоштанд.
Олимпиадаи тобистонаи Рио де Жанейро соли равон дар назар буда, аз Тоҷикистон дар он 7 варзишгар иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |