Генерал Назарзода: 22 духтари ноболиғи суғдиро ба Сурия бурдаанд
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, феълан 394 сокини вилоят дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд.
Назарзода имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз миёни ҷангиён 24 нафарашон ҳамроҳи ҳамсар ва 44 фарзанди ноболиғи худ дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи “ДИИШ” ширкат доранд.
Ӯ афзуд, аз миёни 44 фарзанди ноболиғ, ки сокинони Суғд бо худ ба Сурия бурдаанд, 22 писар ва 22 духтар мебошанд: «Барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия алайҳи 321 нафар сокинони муқимии шаҳру навоҳии вилоят бо моддаи 401, иловаи 1-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва 10 парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдорӣ ба додгоҳ ирсол ва алайҳи 192 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз карда шудаанд. 36 тани ҷангиён ба ҳалокат расидаанд».
Генерали тоҷик инчунин ба журналистон гуфт, ки дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва тафтишотӣ ҳамагӣ 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстримистӣ муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Бино ба иттилои ў, то имрўз барои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстримистӣ 349 нафар сокинони вилояти Суғд дар пайгарди расмӣ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |