Бахшҳо

Масъулини “ЖКХ”: Нархи обро боло бурдем, аммо ҳанӯз кофӣ нест

Равшан Туйчизода, муовини якуми раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, мегӯяд нархи обро барои аҳолию корхонаҳо 10% боло бурдаанд.

Тӯйчизода, имрӯз, 14-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, соли равон ҳукумат пешниҳодашонро барои боло бурдани нархи об дастгирӣ кард: “Аз моҳи март нархи об барои аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ аз моҳи равон барои ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ боло рафт. Қаблан як метри мукааби об барои аҳолӣ 75 дирам нарх дошт ва ҳоло мардум барои гирифтани як метри мукааби об 83 дирам пардохт мекунанд”.

Равшан Туйчизода далели боло бурдани арзиши хизматрасониҳоро ба буҳрони молӣ ва вазъи мушкили корхона рабт дод, ки аз ташкилотҳои байналмилалии молӣ қарздор мебошад. Ӯ қарзи феълии корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”-ро дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 33 миллион доллар гуфта, илова намуд, ки то охири соли равон бояд 13,5 миллион сомонияшро пардохт кунанд: “Ҳаҷми пардохти қарзҳо солҳои оянда зиёд шуда, то 22 миллион сомонӣ мерасад”.

Марҳабо Султонова, муовини раиси корхонаи мазкур дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло даромадҳояшон наметавонанд хароҷоти корхонаро пӯшонанд: “Аз 800 техникае, ки дар тавозуни корхона аст, 358 ададаш корношоям мебошад”.

Алимурод Тағоймуродов, раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” дар нишасти қаблии худ гуфта буд, ки буҳрони молиявӣ ва болоравии қурби доллар корхонаи тобеашро дар вазъи вазнини молӣ қарор додаст. “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” ба истиснои Душанбе хизматрасонии соҳаи обу комуналиро дар навоҳии дигари кишвар ба уҳда дорад.
Мӯҳр
Ма намефахмам обе ки дар мо хаст дар ягон чои дуне нест Оби тозаи худамон хаст неки дар ин чо долар чи рол мебозад Ман хайрон. Е обам бо долар харида мешава. Дар Россия ин хел нарх вучуд надора э раису муовин шумо чи гуфта истодае.

Рустам
Камтар дузди кунед, ягон карз пайдо намешавад. Хама раисхо сохиби 5-6 дар квартира, 2 хавли, 2 зан, албатта карз пайдо мешавад. Фарзандхояшон дар хорича тахсил мекунад, бо мошинхои 50-60 хазор доллара мегарданд. Барои ин пулро аз ахоли меситонанд. Агентии зидди коррупсия кучо нигох мекунад, хайрон мешави. Мардуми одди ин чизро баръало мебинад, агенти на.

ТОЧИКИСТОНЕ КИ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗИ АГАР ДАР ЧАХОНАМ ГУЕМ ХАТО НАМЕКУНЕМ АЗ ХАМА ОБИ НУШИДАНИ БИСЕР ДОРАД ЛЕКИ БО АЗ ХАМА КИМО ОБ ДАР МО. ЧИХЕЛ??? ОБ НАМАК ВА ЯК ЧАНД ЧИЗИ ДИГАР БОЯД ДАР МО БЕ ПУЛ БОШАД!

Аз ташкилотҳои байналмилалии молӣ қарздор бошед, равшан гуед, чи кадар маблаг гирифтеду ба кадом лоихахо сарф кардед ва он чи самара дод...Тамом, хамаш фахмо мешавад. Шаффофият лозим...

Бобои Файзигул
О рутон дар кавр ки чи хел мешудаст дар ватани сероб инхел нарххо? Мегуфта боши дар швецария зиндаги доран мардум. О медонед ку дар кадом сатх аст ин торикистон.

хуб
Карздорияшонро аз хисоби ахоли хал карданиянд.
Хубтараш фахмонед, ки пули аз бонк гирифтаро кучо сарф ?

Агар боз хам боло баред кофи нест зеро ин зулм аст ба мардум об бояд ройгон бошад дар Точикистон

8965
Кас намефахмад вакти карзгири аз мардум намепурсанду вакти карздихи аз мардум мегиранд ачабо.Хамин нархи бударо базур медиханду агар баланд шавад чи мешава .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)