Бахшҳо
15 июл 2016 11:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Порагирии журналисти сиёсии шабакаи 1 исбот нашудааст”

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Хайрулло Мадисоев, собиқ журналисти сиёсии Шабакаи аввал, ки соли гузашта аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод ба иттиҳоми порагирию қаллобӣ боздошт шуд, тавонистааст, бегуноҳияшро исбот кунад.

Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Мадисоев ҳуҷҷати исботкунандаи бегуноҳияшро ба Раёсати кадрҳои Кумита пешниҳод кардааст: “Вақте ки ҳамон фактҳо тасдиқ нашуданд, мо маҷбур ҳастем, ки барои дастгирии журналистҳо, ки корманди худи мо аст, кӯшиш ба харҷ диҳем. Он чизе, ки аз тарафи худи журналист пешниҳод шуд, тавонист бегуноҳияшро исбот кунад ва дар вақти исбот кардан бо ҳуҷҷат ба Раёсати кадрҳо пешниҳод кард. Мо ин масъаларо боз як соли дигар омухтем, баррасӣ кардем”.

Роҳбарияти Кумитаи телевизион гуфт, қазияи Мадисоев ба фаъолияти касбияш низ дахл надошт: “Худо кунад, ки чунин иштибоҳҳо ё хатоиҳое, ки мегӯянд, барои мою Шумо дарс бошад”.

Аввали моҳи апрели соли гузашта Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Хайрулло Мадисоев, рӯзноманигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон хабар дода, гуфта буд, ки боздошти ӯ ба фаъолияти журналистияш рабт надорад. Оз замон аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки “бар асоси тафтишот Мадисоев дар маслиҳат бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз шиносашон, шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаш ҳазор доллар пора талаб кардаанд. Мадисоев 9-уми апрел дар назди идораи телевизиони Тоҷикистон, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванд “А” боздошт гардида буд”.

Мақомот давоми тафтишоти қазия Мадисоевро аз боздошт раҳо карда буданд.
Мӯҳр
Журналист
Вале боздошташ аз тарики Шабакая якум дар даври раиси шумо намоиш дода шуд! Шумо уро шарманда кардед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)