Бахшҳо

Директори Маркази пайвандсозӣ: Иҷоза диҳед, баъди марг узвҳоятон барои наҷоти дигарон истифода шаванд

Саидмаҳмуд Исмоилзода, директори Маркази пайвандсозии узву бофтаҳо аз мардум даъват дорад, ки розигӣ диҳанд, баъди марг аъзои баданашон барои наҷоти дигарон истифода шавад.

Исмоилзода мегӯяд, шаҳрвандон метавонанд бо имзои як санад иҷозат диҳанд, ки дар сурати марги мағзӣ табибон метавонанд, аъзои баданашонро барои наҷоти дигарон кор баранд: “Дар ин сурат хешовандон низ даъвое нахоҳанд дошт, чун ин нафар қаблан худаш барои пайвандсозии узвҳояш ба дигарон иҷозат додааст. Мо бояд миёни мардум як консепсия таҳия кунему дар мавриди марги мағзӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронем”.

Ба иттилои Исмоилзода табибони Маркази миллии пайвандсозӣ нахустин шуда, розигӣ додаанд, ки дар сурати марги мағзӣ дигар табибони соҳа метавонанд узвҳои лозимии онҳоро гиранд: “Монанди ҳамин мо бояд бо дигарон, аз ҷумла бо кормандони корхонаҳои муайян кор кунем, ки вақте ташхиси марги мағзӣ гузаронидем, узҳои онҳоро бе иҷозати ягон нафари дигар гирем. Ҳуҷҷатгузорӣ дуруст аст ва бояд бо мардум ба воситаи ахбори умум фаҳмондадиҳӣ гузаронем”.

Инчнунин Исмоилзода иброз дошт, ки дар охири моҳи равон маркази мазкур пайвандсозии мағзи устухонҳоро ба роҳ мемонад: “Ҳуҷайраҳои беморони саратони хундоштаро гирифта, ба пуррагӣ маҳв мекунем. Ва аз донор ҳуҷайраҳои солимро ба организми беморони саратони хун мегузаронем. Маблағи ҷарроҳӣ 30 ҳазор доллар мешавад ва ҳашт нафар дар навбат истодаанд”.

Ба гуфтаи директори Марказ ҷарроҳии пайвандсозии узвҳои дохила дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳо арзон аст ва аз ин хотир 16 шаҳрванди Қирғизистон, 4 аз Туркманистон, 3 нафар аз Озарбойҷон, 1 нафар аз Либия ва 1 сокини Маскав дар Тоҷикистон пайвандсозӣ ва иваз кардани гурдаву ҷигарро гузаронданд: “Арзиши иваз кардани гурдаву ҷигар ва пайвандсозии узвҳо дар хориҷи кишвар 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон пайвандсозӣ ба ивази 48 ҳазор сомонӣ анҷом дода мешавад”.
Мӯҳр
Домулло
Хохишмандам ин икдом аввал бо донишмандони ислом ва ё Шурои Уламо мувофика карда шавад.

Боз як манбаи даромад барои ашхоси алохида боз коррупция бе ин хам мушкили дар ин соха кам нест коре кунен Ки камбагалое Ки нон надоранд бе Гурда монанд корвонда хози тилло мехарем гуфта дод мезананд рафта одамотона монен сахар Гурда мехарем гуфта дод зананд . Кор надорен !!!

Одам
Узвхоро ба дигар одамон ба маблаги калон мефурушеду, ба наздикони ин нафар мегуед ки узвхои ин махрум чанд касро начот медихад. Дуруст, агар ин хел бошад масъаларо дигар хел мондан даркор. Узвхоро ба касалихо мефурушеду ба назддикони махрум чи мегуфта бошед?

Нои
Кори неку, бо ин системаи имрӯза канӣ кафолате, ки он узвҳоро хули ҳамон духтурҳо нахоҳанд фурӯхт?
Ҳарчанд тарафдори чунин амал бошам ҳам, лек дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон онро раво намебинам.
Дигар роҳҳои "пулкоркуниро" кобед.

Мусофир
Аз хорича барои он ба МО мебиеанд, ки чаррохиро эронихо мекунанд на директори марказ. Чунине, ман Итилоь дорам чанд нафаре ки дар марказ мутахасисони худам он кардан 75% мурдаанд. Илтимос аз вазорати тандурусти як бор хамон бемороне ки чаррохи шудан акалан бо хешу табори онхо дар тамос шаванд. 48 хазор сомони ба ном аст дар ончо хама табибошон ба дору фуруши машгул аст то 80-85 хазор сомони харч аст барои пайванди Гурда ва хама доруворихо бо рози сиех( контрабанда) ба МО вопид мешван ва ягон шароити нигохдори маводхои дорувори нест. Илтимос аз вазорати тандурусти барои гузаштан барои пайвандсози аз майит сатхи дониши кормандрнро боло бурдан даркор аст сатхи дониши онхо бе нихоят паст мебошад шумо бар сифати кори онхо диккат дихед ба шумора не! Дар давоми мохи июл 4 нафар факат аз хамон марказ вафот кард

Бародарони азиз мутахассисоне, ки дар Маркази миллии пайвандсози фаъолият менамоянд хамаги мутахассисони чавоне хастанд, ки дар даврони истиклолият донишгохи тиббиро хатм намудаанд ва 99% зиёдтар амалиётхои пайвандсозии гузаронидашуда бевосита аз тарафи мутахассисони ватани бечалби хоричиён гузаронида шудааст. Агар нисбати табибони точик ин хел хулосабарори намоем дар Точикистон перафти илми тиб ба амал намеояд. Боки ба хамаи шумо сихату саломати хохонам!

Чаноби Саидмаҳмуд Исмоилзода аз Шумо ибрат гирифта факат пас аз Шумо ин корро мекунем.Агар суханатонба истед)))))))))))))))))))))))))))))))))))

Ғариб
Дуруст ва боз як чизи дигар қайд карда шавад, ки бо ин баҳона куштори одамону хариду фуруши аъзоҳои бадани одамон зиëд нагардад.

Мусофир
Мухтарам табиби ДДТТ ман давоми 6 сол боз мешиносаму медонам хар яко яки ин духтуроне, ки ту васфащон мекуни. Ман хар хафта ду маротиба ба назди онхо барои машварат меравам факат сарашонро мекапанду е ба москав занг мезананд е аз эронихо пурсон мешаванд. Директор бошанд хамавакт корашон бисер вакти сархори надоранд агар Кабулам кунанд гайри рафтори дагалона ва дорухои нархашон дандон шикан хеч- чиз тавсия намедиханд. Муовинашон бошанд дар кабинет вамошинашон хамаи дорухоро ефтан мумкин. Дуруст кайд кардед Даврони истиклолият хастанд , аммо кучоянд он мутахасисоне ки шумо мегуед чавонанд?

Мардуми точик шитоб накунед! бе хулосаи дакик тез карор баровардан мумкин нест. Паси ин кор ки меистад ва ин кор то кучо оянда дораду миллати точик баъдан ба чи ру ба ру мешавад касе намедонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)