Бахшҳо
16 июл 2016 09:54Тоҷикистон / Сиёсат

ВКХ: Тоҷикон дар задухӯрдҳои Туркия зарар надидаанд

Дар пайи задухӯрд ва қасди табаддулоти низомӣ дар Туркия Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба намояндагиҳои худ дастур додааст, дар таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар он кишварзиндагӣ доранд, чораандешӣ кунанд.

Ин ниҳод имрӯз, 16 июл бо нашри як иттилоия гуфтааст, "бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Туркия, хусусан пойтахти он - шаҳри Анқара ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Истанбул супориш дода шуд, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад".

Манбаъ мегӯяд, бар асоси иттилои расида, дар задухӯрди шаби гузашта дар Туркия ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст. ВКХ аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, даъват кардааст, аз эҳтиёт кор гирифта, "аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд".

Вазорати умури хориҷии кишвар бо нашри суроға ва телефони намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, дар ҳолати зарурӣ ба онҳо тамос бигиранд:

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
Суроға: Кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия
Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08
Факс: +(90-312) 491 16 03
E-mail: tajemb_turkey@yahoo.com
Сомона: www.tajikembassytr.org

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Стамбул
Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul
Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54
Факс: +90 2124265056
E-mail: tajcons.ist@gmail.com
Сомона: www.tajconsist.org
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)