Бахшҳо

Ректори Донишгоҳи Хуҷанд: Донишгоҳро ба яслӣ табдил додан ҳам даркор нест! (САДО)

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, давоми ду соли ахир ҳеч донишҷӯи ин муассиса ба гуруҳҳои ифротӣ напайвастааст.

Анвар Мақсудов 18 июл дар нишасти хабарие дар маркази маъмурии вилояти Суғд гуфт, барои ҷилавгирӣ аз пайвастани донишҷӯён ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ бояд ба онҳо супоришҳои зиёд дод, то фурсат пайдо накунанд: "Мо яслӣ нестем. Инро низ баҳо додан даркор аст, ки Донишгоҳро ба яслӣ табдил додан ҳам даркор нест. Нодуруст аст. Лекин мо агар донишро сахт талаб кунем, донишҷӯ вақт намеёбад, ки ба ягон ҷой равад".

Ба қавли ҷаноби Мақсудов, одатан ҷавононе ба чунин гуруҳҳо мепайванданд, кисаводи кофӣ надоранд: "Давоми 20 сол дидем, ки ҳамон бачаҳое, ки донишашон якбора вайрон мешавад, ба гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванд. Сабаби якбора аз хондан мондани донишҷӯёнро омӯхтан лозим аст. Агар таҳсили онҳо хуб бошад, ба чунин гуруҳҳо ҳамроҳ намешаванд".

Ректори Донишгоҳи Хуҷанд дар идома таъкид кард, ҳоло ягон донишҷӯи ин муассиса ба гуруҳҳои ифротӣ напайвастааст: "Худоба шукр дар зарфи 2 соли ахир ягон донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро дар ягон ҳодиса нашунидем".


Мӯҳр
душанбеги
Бисёр дуруст кайд кардед мухтарам устод танхо ва танхо шароит бояд мухайё кард. муассисахои сохаи маорифро сохта шароиташро бехтар карда истодаем, вале кадрхои тахассусии соха ба талаботи замон чавобгу нест. Аз хамин сабаб ба фикри ман яке аз омили чалби чавонон ба гуруххои ифроти хамин аст. Дуюм шароити мухочират моро водор карда истодааст, ки ё дар дохили давлат чои кор мухайёт карда шавад ё сиёсати давлатии танзими оила пеш гирифта шавад, яъне фарзанд кам таваллуд карда шавад. Зеро бузургони мо гуфтаанд, ки фарзанд таваллуд кардан кори осон ва мушкил тарбияи он аст. Падар ба мухочират меравад тарбияи минбаъдаи фарзандон ба души модар меафтад. ..........Ин ва дигар проблемахо .................танхо шароитро аз богчаи кудакона бояд огоз кард.

Ахсан, ин гапро хама медонист, вале аз корандони давлати касе чуъати гуфтани онро надошт. Бахусус, аъзоёни хизби номдору хукмрони ХД. Халли масъала дар сатхи сиёсат аст. ИН чо муссисахои таълими танхо бо натича сару кор доранд....

Акай Максудов бехамурам ДДХ (ХГУ) аз як детсад фарке надорад. Бисери муаллимош нофахманд. Коррупция дар дарачаи олитаринаш. Ягон обруе надорад донишгох. Бо бар замми хамаш холи донишчуен ракс мекунанд ба чои хондан.
Магар ин мактаби раккосагист? Е саньат? Бояд кор кард ва омухт ки чи мехохад донишчу. На ин ки дар дуюм ошенаи раесат нишаст. имруз бисере аз устодон намедонанд чи гуна дарс гуфт ба донишчуен ва чихел методхоро истифода намуд.
чоп кунед бародаро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)