Бахшҳо

Узбакистон боз аз сохтмони Роғун шикоят кард

Нахуствазири Узбакистон дар як номаи расмӣ унвонии ҳамтои тоҷикаш аз қарордод барои бунёди неругоҳи Роғун бо ширкати “Салини Импреҷило”-и Италия нигаронӣ кардааст.

Дар номаи Шавкат Мирзиёев, ки онро торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Узбакистон имрӯз, 19 июл нашр кард, гуфта мешавад, “бори дигар таваҷҷуҳи шуморо ба як қатор таҳқиқотҳо, аз ҷумла экспертизаи байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ ҷалб кунем, ки таҳдиди бузурги сохтмони Роғун барои минтақаи Осиёи Марказиро тасдиқ кард. Маҳз бо дарки хатарҳои инсонӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Бонки ҷаҳонӣ аз маблағгузории сохтмони неругоҳи Роғун даст кашид”.

Ӯ дар идома таъкид кардааст, неругоҳи Роғун дар солҳои 70-ум дар солҳои ба қавли вай “гигантомания”-и Шӯравӣ тарроҳӣ шуда, ҳоло бо дарназардошти талабот ва таҷрибаҳои муосир ба бозрасӣ ниёз дорад. "Мо тамоми асосҳоро дорем, ки раҳбарияти Тоҷикистон метавонад бо истифода аз рӯдҳо ва захираҳо обии Тоҷикистон мушкилоти таъмини барқро аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои хурду миёна рафъ кунад",-навиштааст Мирзиёев.

Рӯзи якуми июли соли равон, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ширкати “Салини Импреҷило” зери Созишнома барои лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” имзо гузоштанд.

Тибқи иттилои Комиссияи тендерӣ, маблағи умумии созишномаи имзошуда 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 милларду 950 миллион доллараш барои сохтмони садди асосии нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Узбакистон аз мухолифони сарсахти бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дониста мешавад. Дар гузашта низ мақомҳои ин кишвар борҳо зидди сохтмони ин нерӯгоҳ садо баланд кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон иддаои Тошкандро дар бораи зарари ин неругоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беасос хонда, мегӯяд, баръакс бо бунёди он мушкили дастрасӣ ба барқ дар минтақа ҳал мешавад.
Мӯҳр
ali
ин узбакхо барои насохтани ин иншоот ба чи коро кодиран

Ин хамсоя кай ба худ меомада бошад, дар берун асри XXI одамон бе об намемонанд наход мо хамсояро хафа кунем. Агар, ки хамсоя як нихоле шинонад мевааш ба хамсояи дигарам мерасад.

Сохтумони Рогунро хаминхел давом додан гиред.Мо халки точик бо Шумоем инхо хама вакт бадии холи моро мехоханд мехоханд мо аз онхо муттахам бошем

точикистони нав
узбакхо рогун барои мо хаёту мамот аст шумо кай аз бахиливу душмани даст мебардоред

Мо низ кодирем ба хама гуна кор барои сохтани ин иншоот дар кишварамон..........

Узбеклар! хохед нахохед мо Рогун - ро месозем. Ба корхои давлатии мо дахолат накунед!

Солех
Руйрост дуруг гуфтааст ин Мирзиёев. Бонки чахонй Рогунро безарар гуфта буд-ку? Агар зиён медошт хамон ширкати итолёвй хеч вакт шартномаи сохтмонро намебаст.

Рогун барои ояндаи фарзандонамон як давлату ифтихор аст.
Рогун ояндаи точикон аст.
Рогун нури эмони точикон аст.
Рогун нури хаёти точикон аст.
Рогун ободии Точикистон аст.
Рогун ифтихори халки точик.
Рогун мушкилкушои халки точик.
Рогун равшангарои халки точик.

Иншоаллох мо Рогунро сохтанием месозем ва хохем сохт.

Мачнун
ВАТАНДОР,
Кай охи месозен? Девона карден мардума бо хамин гапхои пучу холи. То охирон тангаи мардумро бо тарзи зуровари кашида гирифтеду боз забонхояшон дароз. Мардум аку маймун шудияну Шумо бошед маймунбоз

точик
товба товба товба ин узбакхо намехоханд дар ватани худамон иншооти мухимамонро созем

Ин узбако боз дуруг гуфта истодаанд. Дар даврони Шурави тархи сохтумони НБО "Рогун"-ро худи Президентхои собки Узбакистону Туркманистон пешниход карда буданд. Инро худашон нагз медонанд. Лекин намехоханд Точикистони азизи мо ободу зебо шавад.

Чаро хамин Узбакхо номхояшона Точики мегузоранд? Номхои фарзандонашонро хам Точики мегузоранд Чаро намегуед Озодагон? Ё як барнома ташкил мекунедми? Манзурам номхои Точики Форсист на Араби.

Обе ки Асрхо аз точикистон гирифта истифода мебаред кай пулашро медихед Узбаклар??? Мактабхои Точикиро кай мекушоед барои Точикони сохиби Самарканду Бухоро? Забони Точикиро кай давлати мекунед барои Точикони ватандори Самарканду Бухоро?

Узбаки делайте все что хотите хахаха мы построим Рогун.

Бародархо мутахид шавед иншааллох Бухорову Самарканро аз ино мегирем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)