Мақоми 15-уми форсӣ-тоҷикӣ дар раддабандии забонҳои илми муосир

Муҳаммад Ҷавоб Деҳқонӣ, сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони Ислом гуфтааст забони форсӣ ба унвони забони илмии дунё дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ду зина боло рафта ба ҷойгоҳи 15 расидааст.
Деҳқонӣ дар такя ба пойгоҳи истинодии “Scopus” гуфтааст, дар соли 2009 рутбаи забони форсӣ ба унвони забони нашри илм дар сатҳи байналмилалӣ 30 буд. Ин рутба дар соли 2010 ба 28, соли 2011 ба 24, соли 2012 ба 22 расида буд.
Дар соли 2013 ва 2014 рутбаи забони форсӣ ба 17 расида ва дар соли 2015 ҷойгоҳи забони форсӣ ба 15 расидааст. Ба гуфтаи Деҳқонӣ саҳми забони форсӣ дар тавлиди илми дунё мураттабан афзоиш ёфтааст.
Дар солҳои 2005 то 2009 саҳми забони форсӣ аз кулли тавлиди илми дунё ҳудуди 0,01 дарсад буд. Дар фосилаи солҳои 2010 то 2012 саҳми забони форсӣ ба тартиб ба 0,02 дарсад, 0,03% ва 0,04% расид. Дар соли 2013 ин рақам дубора афзоиш ёфт ва ба 0,06 дарсад расид. Дар соли 2015 низ ҳамин рақам ҳифз шуд. Иттилооти соли 2016 комил нашудааст ва бино бар ин наметавонад мавриди истинод қарор гирад. Бо ин ҳол саҳми забони форсӣ дар ҳоли ҳозир 0,07 дарсад аст.
Деҳқонӣ бо такя ба пойгоҳи истинодии “Scopus” гуфтааст, ки дар соли 2015 ҳудуди 92 дарсади илми дунё ба забони инглисӣ мунташир шудааст. Баъд аз забони инглисӣ забони чинӣ қарор дорад, ки ҳудуди 4 дарсад аз маводи нашршударо ба худ ихтисос додааст. Забонҳои испониёӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ ҳар кадом як дарсад аз нашри илми дунёро ба худ ихтисос додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |