Тарҳи “Посбонҳои мусалмон” дар Питер пуштибон наёфт

Игор Решетняк, нозири Раёсати пулиси минтақавӣ ва кор бо ноболиғон дар шаҳри Санк-Петербург гуфтааст, посбонҳо аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла мусалмонон таъсис дода намешавад.
Ба қавли ин мақоми интизомии Русия, “дар кишвари мо ҳар касе, ки ба синни 18 расидааст, метавонад вориди гуруҳи посбонҳои мардумӣ шавад. Дар асоси кадом як авлавияти хоси миллӣ дар шаҳр посбонҳо таъсис нашудааст ва намешавад”.
Тасмими таъсис додани посбонҳои шаҳрӣ аз ҳисоби муҳоҷирони мусалмон дар шаҳри Санк-Петербург соли 2013 гирифта шуд. Он замон Назар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар пойтахти шимолии Русия пешниҳод карда буд, ба ҳайатит посбонҳои мардумӣ “як тоҷик, як узбак ва як озарбойҷонӣ”-ро шомил кунанд: “Новобаста аз номи “мусалмонӣ” ин посбонҳо ба дин ягон робита нахоҳанд дошт. Ҳамаи муноқишаҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи масъалаҳои рӯзмарра рух медиҳанд, на дар заминаи дин”.
Аммо ба навиштаи “Федеральное агентство новостей” сокинони Питер аз эҳтимоли пайдо шудани посбонҳои мусалмон нигарон шуда, дар онҳо хавфи бурузи исломгароӣ пайдо шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |