Бахшҳо
22 июл 2016 09:43Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Пономарёв: Ҳақиқат дар Тоҷикистон маъқул нашуд

Сергей Пономарёв, журналисти рус матлаби баҳсбарангезаш дар бораи Тоҷикистонро оинае хондааст, ки дар он ҳақиқат инъикос шудааст ва ин тасвир ба мақомоти тоҷик писанд наафтод.

Пономарёв дар шарҳи матлабаш зери унвони “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее”, ки эътирози ҷониби Тоҷикистонро ба вуҷуд овард, изҳор доштааст, ки мақомоти тоҷик расонаҳои ба ном мустақилу давлатиро таҳти назорати пурзӯр қарор додаанд: “Ман расонаҳои тоҷикиро дидаму маҷаллаи “Корея” ба ёдам расид, ки замоне аз Кореяи шимолӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ оварда мешуд”.

Ба гуфтаи Пономарёв расонаҳо, радиою телевизионҳо аз дастовардҳои беназир таҳти роҳбарии хирадмандонаи ҳукумати феълӣ менависанд, аммо вазъи аслӣ дар Тоҷикистон дигар аст: “Саноат тахриб шудааст, хоҷагии қишлоқ дар ҳоли рукуд қарор дорад. 93%-и Тоҷикистон куҳсор аст ва тақрибан тамоми 7 фоизи боқимонда низ ба чиниҳо ба иҷора дода шудааст. Мардум ҷои кору даромад надорад. Ҳудуди 1,5 миллион нафар дар муҳоҷирати меҳнатиянд. Аллакай 220 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва 300 ҳазори дигар дар ҳоли баррасист. Вақте диданд, ки онҳоро таъриф накардаанду ҳақиқатро навиштаанд, ин ҳақиқат барояшон писанд нашуд. Бинобар ин чунин вокуниш нишон додаанд”.

Ин журналисти рус изҳор доштааст, ки бо бастани “Комсомольская правда” ҳақиқатро пинҳон кардан намешавад: “Барои ин бояд интернет пурра баста шавад ва зимни сафари муҳоҷирон ба Русия бояд аз онҳо забонхат гирифта шавад, ҳақиқати Тоҷикистонро ба касе нақл нахоҳанд кард”.

Аз ин пештар Владимир Сунгоркин, сардабири нашрияи Комсомольская правда” вокунишҳои ҷониби Тоҷикистонро ба матлаби Сергей Пономарёв “воҳима” хонда, изҳор доштааст, ки мақомоти тоҷик қаблан аз ин матлаб изҳори норозигӣ карда буданд.

Сунгоркин дар суҳбат бо “Риа новости” гуфтааст, “муболиғаи бузург аст, ки гӯиё 10 матлаби Пономарёв дар бораи Тоҷикистон масхараю таҳқири ин кишвар аст. Ба фикри ман он ҷо ягон чизи таҳқиромез нест, ки метавонад дӯстии Тоҷикистону Русияро халалдор кунад. Ин баёнгари вазъи ахлоқу арзишҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст”.

Сунгоркин илова намудааст, ки баъди нашри нахустин матлаби Пономарёв мақомоти Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ изҳор доштанд, ки нотаи расмии эътирозиро таҳия мекунанд ва ишора намуданд, ки агар матлаб аз сомона гирифта шавад, нашри ҳафтанома дар Тоҷикистон метавонад идома ёбад: “Аммо мутаассифона ман ҳамчун муҳаррир наметавонам шартҳояшонро қабул кунам, зеро таҳқиру тавҳин ё ноадолатие дар ҳаққи Тоҷикистонро дар ин матлаб надидам”.

Ба гуфтаи сардабири “КП” матлаби Пономарёв гузориши оддӣ аз ҳаёти рӯзмарра аст ва илова намудааст, ки нисбати халқи тоҷик муҳаббати хосе доранд. Ӯ зикр кардааст, ки чунин матолиб дар мавриди Гурҷистон ва кишварҳои назди Балтик низ нашр шуда буданд, аммо ин давлатҳо вокунише нишон надоданд.

Ин дар ҳолест, ки Шариф Ҳамдампур, медиамагнати тоҷик мегӯяд, журналисти рус Сергей Пономарёв дар матлабаш -“Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” (Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон) миллати тоҷик ва Пешвои онро таҳқир кардааст. Ҳамдампур 21-уми июл бо баргузории як нишасти матбуотии эътирозӣ дар Душанбе гуфт, барои нашри ин матлаб дар сомонаи «kp.ru», ӯ чопи минбаъдаи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистонро бозмедорад. Пономарёв дар матлабаш, ки 18-уми июл чоп шуд, тоҷиконро Равшану Ҷамшут хонда, изҳор доштааст, ки намуди зоҳирии онҳо бо пӯшидани ҷинсҳои чинию пойафзолҳои пастсифат тағйир ёфтааст. Журналисти рус инчунин ба роҳбарияти Русия барои тағйири раҳбарони Тоҷикистон дастур додааст.
Мӯҳр
Muhojir
"Jumshudu Ravshan" guftan tahkir nest? Jo ba libospushi erod giriftanu past zadan tahkir nest? Kremlro ba ivaz kardani prezidenti yak kishvari digar tashvik kardan,tahkir nameshavad?
Ohir mo shumoro alkashho naguftem, bomzhho naguftem, sabukpoyho naguftem, hukmijozon naguftem,pas mushkilii shumo dar chist? Ba nazaram mushkilii shumo fakat dar on ast,ki shumo madaniyatu farhang nadored! Hushbahtona holo har guna,ki ba sobik shuraviho lagad mezaned hamun guna az Avrupoyu Amriko lagad hurda istodet.Bravo Hamdampur!Hudo kunad,ki digar tokatu homushii tojik digar tamom shuda boshad.

Аз ин гуфтахои Сунгоркин маълум мешавад, ки Хамдампур худ мустакилона барои бастани "Комсомолская правда" тасмим нагирифтааст. Уро аз боло мачбур кардаанд:
«После первой же публикации власти Таджикистана высказали очень большое недовольство в неофициальном порядке, сказали, что будут готовить официальную ноту протеста и дали понять, что если мы эти репортажи снимем и с сайта, и публикацию, тогда можно будет продолжать издание газеты. Но, к сожалению, я как главный редактор не могу принять их условия, потому что ничего обидного, оскорбительного, унижающего или несправедливого в адрес Таджикистана я в этих репортажах не увидел», — пояснил главный редактор издания.

саид
охир чаро инкадар мухочиронро тахкир ва пули мехнати онхоро наметан ягонбор давлати тч нота ё конфронси мат буоти накарданду хукуматро ва хатохояшро чоп кардан зуд меранчад хайф баршумо вой бархоли мардуми бечора

Хонанда
Ман метарсам, ки худи хамин Хамдампур боз хамон Понамаревро дар сафараш рохбалади накарда бошад.

Деваштич
Да, читать такие статьи больно и обидно, но к моему большому сожалению не оскорбительно. мы докатились до такого дна и наверное дальше некуда. Действительно все стало так недостойно, так пошло и так бесцельно, некоторых вижу, что в них кроме животнических и хищнических потребностей ничего больше нет, ни культуры, ни морали, ничего святого. Разве это не правда, разве это не истина. Опомнитесь, оо люди, кем были наши предки, и теперь кем мы становимся, некоторым слоям это очень выгодно, управлять тупых и безмозглых, которые только могут поклоняться, которые только хвалят. Это очень противно и дурно. У меня от этих поклонов уже аллергия, терпеть не могу. Друкс приедет нас обеспечит светом, Сергей приедет и нас учит как говорить и писать правду.
Это все боль, это вопль и беда,
Но мы такие, от себя бежать некуда.
Спасет с этого позора теперь нас только гроб,
Недостойно, стали только кроликами для проб.
Все стало гнусно и чревато пошло,
Когда какой-то недоумок управляет тобою и командует, тебе указывает и еще считает себя осом небес, уже тошнит, и вот-вот рванет.

мехмон
Рост навиштааст ё не ин маълум нест. Аммо бояд харчи зудтар вобастаги ва нигаронии Точикистонро аз Россия катъ кард. Агар хукумати имруза инро натавонад чояшро ба коммунистон дихад. Коммунистхо метавонанд русхоро ба чояшон гузоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)