Бахшҳо
22 июл 2016 10:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазорати фарҳанг: “Арабшо” бо имзои қалбакии вазир консерт додааст

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бархе гуруҳҳои ҳунарӣ бо санади тақаллубӣ аз номи ин ниҳод дар минтақаҳо намоиш ва консертҳо баргузор мекунанд.

Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанг имрӯз, 22 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ахиран ҳолати аз сӯи гуруҳи “Арабшо” истифодаи як санади сохта бо имзои вазирро ошкор кардаанд: “Ин гуруҳ дар бланкаи Вазорати фарҳанг имзои қалбакии вазири фарҳангро гузоштааст. Дар матни санад ҳамин қадар хатои зиёд аст, ки зуд қалбакӣ будани он маълум мешавад. Ҳамин ҳуҷҷатро асос карда, дар минтақаҳо консертҳо ва намоишҳо доир мекунанд”.

Хайрулло Тоҳиров, мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояи Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ҳам ахиран дар нишасти хабарие гуфта буд, гуруҳи “Арабшо” ва чанд ҳунарманди дигар бо санади сохта бахшида ба Иди модарон дар қасри фарҳанги Кӯлоб барномаи ҳунарӣ доир кардаанд.

“Арабшо” як гуруҳи ҳаҷвӣ буда, бештар дар клипҳои овозхонҳо нақшофарӣ мекунанд. Ин гуруҳ чанд филме ҳам таҳия кардааст, ки бо танқиди шореҳони кино рӯбарӯ шуд.

Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанг ҳамчунин аз як гуруҳи дигари ҳаҷвӣ ном бурд, ки аз номи Вазорати фарҳанг намоишҳо доир мекунад: “Лаҳзаҳои гуворо” се дафъа дар як мактаб рафта, ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳоле ки он як гуруҳи худфаъолиятие беш нест ва ба вазорат рабте надорад”.

Ҷаноби Машрабов таъкид кард, бояд сатҳи огоҳии худи мардум баланд шавад ва пеши роҳи ин гуна корҳоро бигиранд. Ӯ ҳамчунин гуфт, нафаронеро, ки ба тақаллуби санадҳо даст мезананд, бояд ба додгоҳ кашид, аммо афзуд, ин кор ба салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

Мӯҳр
Укоби кухи.
Писари профессор,адиб ва адабиетшинос,шодравон Пайванди Гулмуродро танхо барои ним ислохи саннаи шаходатнома ба 2-сол хвбс кардед,Кани бинем ин "артист" хоро бинобар барои тайер кардани хуччатхо ва имзохои калбаки чи интизор бошад,е ин лахзахои гувороро хам ба география мансуб дониста:"бачахои худмон шухи кардиянд,да" гуфта хи хи хи хи ха ха ха ха карда механдед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)