Бахшҳо
22 июл 2016 11:08Тоҷикистон / Тема дня

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июл дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе сохтмони нахустин эстакада-роҳи сеқабата дар кишварро оғоз бахшид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур эстакадаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбакистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад. Ба иттилои манбаъ, чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад: “Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи ддаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад”.

Манбаъ мегӯяд, дар доира лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки сохтмони эстакада дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, бунёди он ба зимаи Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин ва назорати сифати сохтмон бар души Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон гузошта шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур муҳлати анҷоми ин лоиҳаро ду сол арзёбӣ кард.


АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард

АКС: Президент бунёди нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистонро оғоз кард
Мӯҳр
Амир
Салом масалаи аввал хитой Набояд рох дода мешуд дар ин кор магар худамон наметавонем! Дуюм масала роххои зери хаминияшро хубтар шарх медодед чунки мухимаст ва бо кадом стандарт сохта мешаванд?

2 Руз пеш аз омадани президент роххои ин минтакаро асфальтпуш кардану гулхои шукуфону зебо шинонданд. Имруз баъди омада лентаро буридану баъдан рафтани президент баъди ним соат тамоми гулхои шинондаро канда бурданд. Маълум шуд, ки лаганбардорон барои омадани президент гул шинондаанду, парвои халкро надоранд. Афсус......дируз кудакон аз дидани гулхо хурсанди мекарданду имруз бошад хайрон мешуданд, ки чаро ин зебоиро вайрон карда истодаанд?

Худованд мушкилатонро осон кунанд. Душманони милларо кур кунанд Худованд.Тенчи бошад ободи мешавад иншоаллох.

Саид, Кухистон
Рахмати калон ба Чаноби Оли Эмомали Рахмон барои гамхори ба миллат ва халки точик. Илохо дар амони Худованд бошад. Шахсан барои ман тенчи, амонию сулху субот ва пас аз он бокимонда хамаш мешавад.

Саид, Кухистон,
Таъмини "тенчи, амонию сулху субот" вазифаи чонии дилхох давлат ва рохбари он мебошад. Давлат барои ичрои хамин вазифа дар чомеа таъсис дода мешавад ва аз хисоби мову шумо, мухтарам чаноби кухистони, нигох дошта мешавад, яъне маблаггузори мегардад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)