Вазир: 4 талоши "ДИИШ" барои таркиш дар Душанбею Суғд ошкор шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 6 моҳи гузашта 4 кӯшиши созмони “Давлати исломӣ”-ро барои роҳандозии ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, террористон мехостанд, бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе ва Суғдро мавриди таркишу ҳамла қарор диҳанд, вале боздошт гардиданд. Ӯ афзуд, боздоштшудаҳо ҷонибдори “ДИИШ” буда, аз Сурия баргаштаанд. Ба гуфтаи вазир фармоишгари ҳамлаҳои террористӣ, ки ҷилавгирӣ шуданд, “ДИИШ” буд.
Ба суоли “Озодагон”, ки ошӯби Туркия ва ҳамлаҳои террористии Қазоқистон бисёриҳоро дар Тоҷикистон нигарон кардааст ва оё эҳтимоли рух додани чунин ҳодисаҳо дар кишвари мо низ ҷой дорад, вазири умури дохилӣ гуфт, мо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дорем, то аз чунин зуҳурот ҷилавгирӣ кунем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |