Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик аз фарорасии гармтарин рӯзҳо
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз фарорасии гармтарин рӯзҳо дар соли равон ҳушдор додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар пайи таъсири ҳавои гарму хушки биёбонҳои Ироқу Эрон ва Арабистон аз 24 то 28 июли соли равон дар Тоҷикистон ҳавои гарми бебориш дар назар буда, гармии ҳаво то 10 дараҷа боло меравад: “Ин рӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ гармтарин хоҳанд буд ва ҳарорати ҳаво дар ҷануби кишвар то 48 дараҷа, дар ВМКБ-34 то 37 дараҷа, аз ҷумла дар Дарвоз то 41 дараҷа ва дар Душанбею Суғд то 43 дараҷа гармӣ боло хоҳад рафт”.
Обуҳавошиносони тоҷик таъкид мекунанд, ки 5 рӯзи оянда ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз меъёри муқаррарӣ 5-7 дараҷа аз дар навоҳии куҳӣ 8-10 дараҷа гармтар хоҳад буд. Мақомоти тоҷик аз аҳолӣ даъват кардаанд, ки то ҳадди имкон аз соати 11 то 15 муддати тӯлонӣ зери нури офтоб нагарданд: “Барои ҳифзи саломатии худ ҳар рӯз 1,5 – 2 литр об нӯшанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |