Бахшҳо

Ҳимояти Убайдуллоев аз ташаббуси раиси “Султони Кабир” ва норозигияш аз раисони андозу молия

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо ворид намудани тағйирот ба буҷаи шаҳр дар соли 2016 аз фаъолияти раисони раёсати андоз ва молияи пойтахт изҳори норозигӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Убайдуллоев зимни ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки ҳангоми ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳа мутобиқати раисони андозу молияи пойтахтро ба мақомҳои ишғолнамудаашон ба миён хоҳад гузошт.

Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои шаҳриро нокифоя хонда, барои таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ба масъулин муҳлат додааст. Ӯ аз ҷумла 302 раиси шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагиро муваззаф кардааст, ки бетаъхир ва бечунучаро коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил намоянд, ки дар ҳар яки онҳо на камтар аз 10 нафар бо ҷои кор таъмин гарданд: «Вакилон муваззаф шудаанд, ки иҷрои ин қарорро санҷанд ва дар ҷаласаи навбатӣ гузориш диҳанд».

Зимни ҷаласа раиси шаҳри Душанбе Авазхон Кабиров, раиси бозори «Султони Кабир»-ро мисол овардааст, ки барои бунёди бинои истеҳсолӣ, маҷмааи иншоотҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, аквапарк ва марказҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Соҳилии шаҳраки 61 ташаббус нишон додааст. Убайдуллоев изҳор доштааст, ки танҳо баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолӣ дар як баст 1200 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва таъкид намудааст, ки ташаббусҳои созандаи ҳар соҳибкорро дастгирӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
шахрванди 63-мкр
Вобаста ба пешравии корхои сохтумонии Аваз Кабир боиси дастгирист. Аммо! Магар чойхои холи кам буд дар лаби сохили 61,46 ва 63 ки зиеда аз 4-5 тавокуфгоххоро вайрон карданд,ки тамоми мошинхо дар сахни хавлихои хонахои баландошиена рехтанд. Бо ин сабаб хол бинеду ахвол пурсед...

Чанобони мухтарами мо факат мегуянд, ки сохибкоронро дастгири мекунанд вале пусти сохибкорро зинда ба зинда канда истодаанд. Убайдулоев коркунони андозро мухокима карда чазо таин кардани мешавад ва онхоро бади чаласа муру малах барин ба сари сохибкорон равона мекунад. Ин боз як дастгирии сохибкорон меномад. Безор шудем то рузе чунин аст кор карда намешавад. Аз тафтишхои такрор ба такрор безор шудем. Барои кисахои макомотчиён факат кор мекунему халос. Пеш агар як бор тафтиш мешудем холо як холат хам аз тарафи корупция, палатаи хисоби, прокуратура, андози шахри, андози республикави ва гайра. Бо ин тарз бучетро фикр мекунед пур мекунед. Хайр бади горати мардум, ки хама чизашро кашида гирифтед пас чи мекунед? Озодагоооннн!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)