ВКД: Таҷовуз ба номуси занон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳолатҳои таҷовуз ба номуси занону духтарон дар кишвар афзоиш ёфтаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тайи шаш моҳи гузашта 19 ҳолати таҷовуз ба номуси занон ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Манбаъ мегӯяд, аз 19 ҳолати таҷовуз 5 ададаш то ҳол ошкор нашудааст.
Дар маҷмуъ ба иттилои Вазорати умури дохилӣ то имрӯз 26 ҳазору 386 ҷинояти солҳои пешин нокушода боқӣ мондаанд: “Тайи 6 моҳи гузашта 10 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳолат зиёд буда, ошкоршавии ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад”.
Манбаъ мегӯяд, тайи 6 моҳи гузашта аз миёни 4052 муттаҳам дар ҷинояткорӣ, ки миёни мардум пинҳон шудаанду хавфи содир кардани ҷиноят аз ҷониби онҳо зиёд аст, 942 нафар муайян ва дастгир гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |