Сабти 393 никоҳи хешутаборон дар 6 моҳ: 98% дар Суғд
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон тайи нимсолаи аввали соли равон 393 ҳолати никоҳи хешутабориро ошкор намудаанд.
Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз никоҳҳои ошкоршудаи хешутаборон 385 ҳолат ба вилояти Суғд, 3 ҳолат ба Хатлон, 2 ҳолат ба Душанбе ва 3 ҳолат ба навоҳии тобеи кишвар рост меоянд. Ӯ изҳор дошт, ки дар ВМКБ тайи 6 моҳ ягон ҳолати издивоҷи хешутаборон ба қайд гирифта нашудааст. Сабти 385 ҳолати никоҳи хешутаборон тайи 6 моҳ дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки давоми 12 моҳи соли гузашта дар ин вилоят ҳамагӣ 199 никоҳи хешутаборон ба қайд гирифта шуда буд.
Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иттилоъ дод, ки давоми нимсолаи гузашта 18 ҳолати никоҳи хешутаборӣ бекор карда шудааст: “Агар фарзандони зиёд дошта бошанд, зану шавҳар боз арзизаи муштарак менависанд. Ин ҳолатҳо дар мавриди бекор кардани акди никоҳ ба назар гирифта мешаванд. Агар падару модар, ки фарзандони худро бо хешутабор хонадор кардаанд, маълумоти бардурӯғ пешниход намуда бошанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.
Ба гуфтаи Сироҷзода дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввал 30 ҳазору 249 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 524 адад бекор карда шуданд. Дар мавриди никоҳи хешутаборӣ сардори САҲШ гуфт, қонун дар ин бора тоза мавриди амал қарор гирифт ва чораандешӣ барои ҷилавгирӣ аз никоҳи хешутаборон бештар хоҳад шуд.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, ки никоҳи хешутабориро манъ мекунад, 13 январи соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуд ва аз 1 июл мавриди амал қарор гирифт.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи мазкур гуфта буд, тағйирот ба Кодекси оила никоҳи хешутаборон, аз ҷумла издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон - фарзандони тағою амакиҳоро манъ кардааст. Тибқи иттилои вазир, аз 25 ҳазору 328 маъюби то 18-солаи Тоҷикистон 30-35 дарсад ба никоҳҳои хешутаборӣ рост меояд. Вазири тандурустӣ инчунин гуфта буд, дар асоси тағйироти пешниҳодшуда инчунин бе муоинаи тиббӣ бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ҳам манъ мешавад. Навхонадорон муваззафанд, пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Лоиҳаи манъи никоҳи хешутаборӣ нахуст аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон, Саодат Амиршоева, садо дода буд. Ӯ дархост намуд, он аз роҳи қонун манъ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |