Бахшҳо

"Данғара" мавқеи “Газпром”-ро тангу сӯзишвориро арзон мекунад? (АКС)

Нахустин марҳилаи корхонаи коркарди нафти ноҳияи Данғара моҳи сентябри соли ҷорӣ фаъол хоҳад шуд.

Сафаралӣ Тайфуров, муовини раиси Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” имрӯз, 27-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, корхонаи мазкур калонтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва барои поин рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки қисми зиёди бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро “Газпром” ба ихтиёри худ гирифтааст, Тайфуров мегӯяд, бо фаъол шудани корхонаи нафти Данғара дар бозори сӯзишворӣ рақобати солим бештар мешавад: “Албатта рақобати бештар боиси поин рафтани нархи сӯзишворӣ дар кишвар мегардад”.

Ба гуфтаи Тайфуров корхонаи нафти Данғара бензини навъи Евро 3, Евро 4, сӯзишвории дизелӣ, битуми сохтмонию роҳсозӣ, парафин ва гази моеъро истеҳсол мекунад. Ба иттилои манбаъ, корхона дар марҳилаи аввал 500 ҳазор тонна нафти хомро коркард хоҳад кард: “Дар марҳилаи дуюм иқтидори коркарди нафти хом то 1 миллиону 200 ҳазор тонна ва дар марҳилаи сеюм то 1,5 миллион тонна расонда хоҳад шуд”.

Сафаралӣ Тайфуров иттилоъ дод, ки корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо сармоягузории ширкати “Хелли”-и чинӣ аз ҷониби ҶДММ “Тека Ойл” бунёд гардида, нафти хом барои он аз кони Шибирғони Афғонистон ва Қазоқистону Русия ворид мегардад.


"Данғара" мавқеи “Газпром”-ро тангу сӯзишвориро арзон мекунад? (АКС)

"Данғара" мавқеи “Газпром”-ро тангу сӯзишвориро арзон мекунад? (АКС)

"Данғара" мавқеи “Газпром”-ро тангу сӯзишвориро арзон мекунад? (АКС)
Мӯҳр
Бо яке киммат нашавад.

Иншоаллох.Нафти хомаш хам аз худамон шавад Нур Ало Нур мешавад.

ук
Хеч бовари нест ки махсулоти хушсифат истехсол кунад. Мисли хамон бензини Балчувон боз набошад.

"Сафаралӣ Тайфуров, муовини раиси Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” имрӯз, 27-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, корхонаи мазкур калонтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд"

Сухани комилан дуруг аст: Казокистон ва Туркманистону Узбакистон хар кадом чандин полоишгохи нафти доранд, ки то 5 млн. тон иктидор доранд.

Ин корхона боз нархи газу нафтро, яъне бензину газу битумро ба осмони хафтум хохад баровард. Чуноне ки дар чумхур нархи цемент то бунёди корхонахои цементбарории дохили баланд набуд, сипас баъди истехсоли цементи дохили, нархи цемент баланд шуду дар хама чо як нарх истодааст. Бинобарин гуфтаниам, ки агар ин завод низ ба кор дарояд ва нархи махсулоташ аз нархи махсулоти дохилшаванда баланд хохад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)