Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба роҳу усулҳои парвариши чорво ва навгониҳои кори чорводорони Тоҷикистон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28 июл дар намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории кишвар, ки дар ноҳияи Варзоб сурат гирифт, иштирок кардааст.
Дафтари матбуоти Президент ҳадаф аз баргузории ин намоишро “муаррифии бештари дастоварҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва бо ин восита мусоидат ба таъмини сартосарии амнияти озуқаворӣ” унвон кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ чорводорон ва занбури асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ иштирок намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба роҳу усулҳои парвариши чорво ва навгониҳои кори чорводорони мамлакат мароқи зиёд зоҳир кардааст: “Чорводорони шуҳратманди шаҳру ноҳияҳои мазкур дар ин рӯз намуду зотҳои гуногун ва дараҷаи элитаи гӯсфандон ва мешу қутосҳои зотҳои ҳисорию ҷойдорӣ ва зарафшониро ба мараз гузошта баргузории чунин намоиши сатҳи баланди дастовардҳои чорводориро омили муҳими пешрафти ин соҳаи афзалиятнок дар мамлакат арзёбӣ намуданд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар натиҷаи дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат “дар мамлакат нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон ду миллиону дусаду нӯҳ ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 1 млн 132 ҳазор сар, бузу гӯсфанд беш аз панҷ миллиону 279 ҳазор сар, асп 78,3 ҳазор сар зиёд шуда афзоиши саршумори чорвои калон 59 фоиз, аз он модагов 93,2 фоиз, бузу гӯсфанд 57,4 фоиз ва асп 49 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ низ афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 218 ҳазор тонна гӯшт, 889 ҳазор тонна шир ва 7 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардидааст, ки нишондиҳандаҳои истеҳсоли гӯшт 134 ҳазор тонна, шир 713 ҳазор тонна ва пашм 4,4 ҳазор тонна нисбат ба соли 1996 зиёд мебошад”.
Манбаъ меафзояд, қутоспарварӣ низ дар кишвар ривоҷ дода шуда, то имрӯз саршумори ин намуди чорвои калон дар ҷумҳурӣ ба 28 ҳазору 566 сар мерасад.Парвариши қутос бештар дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шуда аз ҳисоби умумии саршумори он 25701 сар дар қаламрави ин вилоят парвариш меёбад: “Дар намоиши чорводорони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо дастовардҳои занбури аслапарварони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ва тартиби дар шароити кӯҳсор истеҳсол намудани асал шинос шуда аз намоиши марғзори Зиддӣ то Хоҷасангхок дидан кард. Намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар партави иҷрои Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016, қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015 баргузор шуда як навъ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи ин барномаҳои давлатӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |