Бахшҳо

Қатл ва резакунии бераҳмонаи ду зани сабукпой дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки куштори бераҳмонаи ду занро дар Душанбе ошкор кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, 21 ва 29-уми июли соли 2016, аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардиданд. Ба иттилои манбаъ қотилон ҷасади занҳоро баъди куштор ба қисмҳо ҷудо кардаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се муттаҳам-марди 25-сола, сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-сола, сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-сола, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд: “Муайян гардид, ки 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд”.

Мақомот афзуд, ки ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, 27-уми июли соли 2016, тахминан соати 03:00 бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-сола, сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд: “Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд алайҳи муттаҳамон дар куштори онҳо бар асоси моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мӯҳр
789
В городе необходимо вести строгий паспортный режим приезжие должны регистрировать себя.

Гунги тутала.
Окибати рафторхои фахшу фосик хамин аст.Конунро сахттар мебаровардед,шумораи фохишахову мардхои танхар хело кам мешуд.Фохишахо аз барои ишкам ин корро намекунанд.Онхо даззати фохищагиро чашидаанд.Чойгахи марду зани бегона,сабукпоену фохишахо ва мардони гуногунсимову шавхатзада хамеша ширину гарм аст.Табиати харромиву шавхати хайвони хамин аст.Чаро махбасхо аз чавонон пур шудаасту аз фохишахо не?Е онхо ба боло " доля" медиханд,то озод амал кунанд?

Озодагон,а у вас по серёзнее новостей нет ?

Тахмина
Мардхое ки бо занхои сабукпой алока доранд хамчунин сабур пой хастанд. Харчи ки набошад бозам хайфи хамон занхо бояд котилонро чазои сахт дод оно низ фрхишаанд

789,
Хе дехкон не будь клоуном а. Паспортный режим пежим чи мушкили мандума хал мекунад ?? Хай ина фарз кардем ту аз ёвон омади Душанбе. Дар кайд гузошти баъд чи ??фикр карди дига чи чинояте,ки карди зуд дастгират мекунанд ?? Э рав сарта мон хора ээ

Пари,
Паридаа охи усуш.

Виркан
789,
да, правильно необходимо ввести паспортный режим, но кто останется в городе. коренных душанбинцев, городских людей так мало, что пальцами можно сосчитать. наш когда-то красивый и приятный город Душанбе превратился в аул, посмотрите как арут и кричат, как ведут себя, даже по внешности не могут себя привести в порядок, а походки поведения - слов у меня больше нет.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)