Бахшҳо

Суғд ба силшинос, руҳшинос ва сироятшинос ниёз дорад

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, шурӯъ аз аввали соли равон бештар аз 50 табиб дар шимоли кишвар тарки вазифа кардааст.

Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, тайи 6 моҳи соли равон 54 табиб бо сабабҳои мухталиф тарки мақом кардаанд: “23 нафар бо сабаби ба синни нафақа расидан, 13 кас бо далели ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ва 15 нафар бо хоҳиши худ”.

Манбаъ гуфт, дар ин муддат 3 табиб аз дунё даргузаштааст.

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, ҳарчанд имрӯз ба аҳолӣ 4 ҳазору 781 табиб ва 15 ҳазору 114 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонад, “аммо масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ нисбатан дар ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров ташвишовар боқӣ мемонад”.

Бино ба иттилои манбаъ, инчунин дар вилоят норасоии мутахассисони соҳаи беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшиносон, ташхиси шуоӣ, руҳшиносон ва сироятшиносон ба назар мерасад.
Мӯҳр
Сохаи тандуруст ва мащриф яке аз сохахои хассостарити чомеа ба шумор мераванд ва тарки вазифа кардани мутахассисон беасос нест. Ин норасоги на танхо дар Сугд, балки дар дигар манотики кишвар низ ба назар мерасад. Асосан мутахасисини ин ду соха зиёиёни кишварро ташкил медиханд ва талаф додани мутахассисону зиёиён бенихоят адухгин аст. Сабаби асосии тарк кардани соха аз чониби табибон муаллимон ин дар "бекадрии" имрузаи касб аст. Касбро хор карданд, на косибон, балки "осмоннишинон"

Ба Саршиносу, Гургшиносу, Малахшиносу, Таърихшинос ниёз надоранд ???мо олим дар ин сохахо дорем. Гох гох мавзуъхои илмихам менависанд. Яке сари калро ситоиш мекунаду дигаре малахи серро. Савумин муйлаби гургу чахорумин як шахраки таърихии нав кашф мекунад.

Ана! Сар шуд! Норасоихои кадри дар Точикистон! Ин хама гулхояш, мевахояш баъди оне ки бисёрихо аз ин соха ба нафака мебароянд! Ана мардум сарсону саргардон! Боз он шахсоне ки донишгохи тиббиро тамом мекунанд саводи комил надоранд! Ба назди ин гуна табибхо рафтан бисёр тарсовар ва дар баъзе маврид хафнок хам хаст! Мардум хама хуб медонанд бо чи усул ба донишгохи тибби кабул шуда хонданро! То он даме ки ин гуна рафтор давом мегирад аз табиби хондагиву сохиб тачриба умедвор нашавем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)