Бахшҳо

Ҳамлаи Кобул кори дасти Абуалӣ ат-Тоҷикӣ буд?

Аҳмад Воҳид Мужда, журналист ва таърихдони шинохтаи Афғонистон мегӯяд, шояд ҳамлаи хунин ба тазоҳуроти мусолиматомези “Ҷунбиши Рӯшноӣ” дар Кобул бо амри Абуалӣ ат-Тоҷикӣ анҷом шудааст.

Дар ин амалиёт, ки ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваст, беш аз 80 нафар кушта ва наздик ба 250 нафар захм бардоштанд. Масъулияти ин амалро ДИИШ ба дӯш гирифтааст.

Воҳид Мужда дар як матлаб, ки торнамои “Афганистан.ру” нашр кард, навиштааст, раҳбарияти неруҳои амниятии Афғонистон созмондиҳандаи ин ҳамларо кадом як Абуалӣ гуфт, ки гӯиё зодаи маҳаллаи Ачини музофоти Нангархор аст: “Аммо миёни “диишиён”-и Афғонистон ин ном ноошност. Дар ҳамин ҳол ин ном моро ба лидери ДИИШ Абуалӣ ат-Тоҷикӣ, шаҳрванди Тоҷикистон мебарад. Дар гузашта ат-Тоҷикӣ як муддат дар Афғонистон зиндагӣ карда, баъди эълони Абубакр ал-Бағдодӣ ба ҳайси халифа ба Сурия рафт ва ба ҳадде боварии ӯро соҳиб гардид, ки вайро фармондеҳи гуруҳи фидоиён намуданд”.

Ба иддаои муаллифи матлаб, Абуалӣ ат-Тоҷикӣ масъули роҳандозии ҳамлаҳои мушобеҳ дар тамоми ҷаҳон аст ва ҳамла ба тазоҳургарон дар Кобул метавонад бо амри ӯ анҷом шуда бошад: “Агар Абуалие, ки дар гузоришҳои неруҳои амниятии Афғонистон зикр шудааст, ҳамон ат-Тоҷикӣ бошад, пас метавон ба ин натиҷа расид, ки ДИИШ дар пайи шикастҳои ахири худ дар Сурия мехоҳад фаъолияташ дар “Вилояти Хуросон”-ро тақвият бахшад. Аммо ба гумон аст, ки Бағдодӣ дар чунин давраи барои “Давлати исломӣ” ҳасос дар Сурия ва Ироқ чунин нафареро барои созмон додани амалиётҳо бо ширкати маргталабон алайҳи ҳазораҳо фиристад”.

Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ соли 2014 бо тасарруфи як қисмати қаламрави Сурия ва Ироқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)