Бахшҳо

Раиси “Барқи тоҷик”: Нияти муфлиссозию фурӯши ширкатро надорем

Мирзо Исмоилзода, раиси “Барқи тоҷик” иддао, ки ин ширкатро гуруҳҳои алоҳида мехоҳанд ба таври сунъӣ муфлис карда, бо нархи арзон хусусӣ кунанд, беасос хонд.

Исмоилзода имрӯз, 2-юми август дар посух ба суоли “Озодагон” ин андешаро нодуруст хонда, афзуд, ки вазъи молии “Барқи тоҷик” сол то сол беҳбудӣ ёфта истодааст ва хусусигардонии ширкат дар назар нест: “Имсол нисбати соли гузашта вазъи молӣ хубтар аст. Масалан аз ҳисоби музди меҳнат қарзҳо буданд, имсол аз ин ҳисоб қарздор нестем”.

Ӯ гуфт, чорабиниҳо барои беҳбуди вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” идома доранд.

Ин дар ҳолест, ки феълан “Барқи тоҷик” бо миллиардҳо сомонӣ қарз, калонтарин ширкати қарздор дар кишвар мебошад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносон ин ширкат, ки ба фӯрӯши нерӯи барқи обии арзон машғул аст, бояд яке аз сердаромадтарин ниҳодҳо дар кишвар бошад, зеро маҳсулоташ бо хароҷоти кам истеҳсол мешаваду талаботи зиёд дорад.

Аммо дар ҳоли ҳозир “Барқи тоҷик” танҳо дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда -1”-и Русия 627,2 миллион сомонӣ ва дар назди «Сангтӯда-2»-и Эрон 409,9 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Исмоилзода мегӯяд, давоми шаш моҳи гузашта тибқи ҷадвали мувофиқашуда ба “Сангтӯда -1” 103 миллион сомонӣ ва ба “Сангтӯда -2» 32 милион сомонӣ пардохт кардаанд.
Мӯҳр
Як тасаввур кунед,ки ягон ширкати мобилй чанд хазор назоратчй(дар байни ахолй онхоро пулчинак меноманд) дар штат дорад ва онхо рузи дароз хона ба хона гашта музди гуфтугуи телефонро бо пули накд чамъ мекунанд. Барои чй муштарй бояд пули баркро ба назоратчй супорад?Аз ин пули чамъшуда чи кадараш ба Барки Точик ва чи кадараш ба кисаи шахсони алохида меравад??? Дар дехот кариб хар як хонадон "розеткаи махфй" дорад,яъне гайри хисобкунак ва назоратчихо ба ивази маблаги муайян онро "намебинанд".Ана барои чи ба истилох "потеря электроэнергии" дар мо то 45-50% мерасад.

Ха, дуруст, чаноби раис, шумо намехохеду "хдш хаму рахда тугри шидестай" Дар даруни дуруг хамин кадар гутидагиен, ки факат гушотон метобаду халос...

Ха, дуруст, чаноби раис, шумо намехохеду "хдш хаму рахда тугри шидестай" Дар даруни дуруг хамин кадар гутидагиен, ки факат гушотон метобаду халос...

Сорбон
Мо агар як руз пардохти пули баркро дер кунем, ба сарамон меоянд. Дигар ин ки кушиш мекунем сари вакт онро бипардозем. Дар хакикат карзи калон аз хамин ширкат будааст. Аз як миллиард зиёд. Ин пули мардум кучо мерафта бошад? Бесабаб нест, ки рохбарони он зуд-зуд ивваз мешаванд. Коррупсия бояд як бори дигар ин корро баррасй кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)