Бахшҳо

Сармоягузорҳои Тоҷикистон дар 2016: Чин аз Русия 4 баробар бештар маблағгузорӣ кардааст

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳ ба иқтисодиёти кишвар аз хориҷ 220 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳаҷми умуми маблағгузории хориҷӣ 142 миллион доллар ба Чин, 35 миллион доллар ба Русия, 12 миллион доллар ба Британияи Кабир рост меояд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар посух ба суоли “Озодагон” афзуд, ки сармоягузории Чин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва аз Русия кам шудаст. Ӯ гуфт, сармоягузории Русия ба Тоҷикистон 28 миллион доллар нисбати соли гузашта кам шудааст ва инро ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар рабт дод.

Қодири Қосим илова намуд, ки сармоягузориҳои Чин бештар ба соҳаи хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омўзиши геологӣ, истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтию газӣ ва кишоварзӣ равона шудаанд.
Мӯҳр
Барои сармоягузориро чалб кардан намуди зохирии хуб ва чехраи гарм лозим.

Диловара,

Холаи Диловара лекин чони гапа гуфтед.

Як бор кумитаи сармоя мерави вазьияту муносибата мебини, агар аз сарат тилло резанд ки дигар намерави!

Кроми распродажи госимущиства и хороший слова что конкретна сделали за шест месяцев?
Почему так дешево 16 тысяч сомон или 2 тысяч доллар продали здани налога в ванче?
Если бы школа слелали не лучше била?
Прошу вас отвечат на мои вопросы

Чанд ширкати нави сармоядорро овардед?
Чанд санади нави хамкории мушаххас ба тасвиб расонидед?
Чанд проблемаи сармоягузоронро рафь кардед?
Хеч кор накардед, хама гапхои такрору пуч.

Ман хам ветеринар бошам дар сохаи сармоягузори хамин кадар мекунам, чи ин кадар саволборон кардед раиса?

раис,
Буродар раис ветеринар рава хайвонора табобат кна, сармоягузорора мон ягон професионали соха биера.
Интересно гап мезани!!!

Агар дар хар соха мутахассиси худаш кор накунад, он ба мисли сармояву сохибкори ва идораи амволи давлати пеш намеравад.
Юрист юристиша кунад духтури хайвон табобати гову гусфанда!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)